иқтисод
ЗАХИРАИ ДУСОЛА. СУҲБАТИ ИХТИСОСӢ АТРОФИ НИГОҲУБИНИ МАВОДИ ОЗУҚА
Тавре аз маъхазҳои таърихӣ бармеояд, аз давраҳои қадим инсоният барои захираи тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва маҳсулоти озуқаворӣ аз усулҳои гуногуни нигоҳдорӣ дар шароити хона истифода мебурд. Яке аз ин усулҳо бунёди таҳхонаҳои махсус буд, ки тухмӣ ва маҳсулоти зироатҳо дар онҳо ба муҳлатҳои муайян нигоҳдорӣ мешуд. Аз таҷрибаи аҷдодони худ дар ин рӯзҳо бамаврид истифода намудан ба манфиати кор мебошад.
Шарофиддин Кароматов, директори Маркази миллии захираҳои генетикии АИКТ, дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки риояи меъёри кишти тухмии зироатҳои кишоварзӣ ба нигоҳдории тулонӣ ва фаровонии ҳосил оварда мерасонад. Бо ҳамин мақсад, кишоварзонро зарур аст, ки пас аз пурра пухта расидани дони зироатҳои кишоварзӣ ҳосилро ҷамъоварӣ намуда, дар ҳуҷраҳои махсус (алоҳида), ки дар он воридоти одамон кам мебошад, нигоҳ доранд. Бояд тухмиҳо, асосан, дар таҳхонаҳо, ки нисбатан салқин ва аз рӯшноии офтоб эмин аст, ҷойгир шуда, халтаҳои тухмӣ дар баландӣ, яъне ба таври овезон нигоҳ дошта шаванд. Чунки дар пастӣ намнокии замин барои бедоршавии ҷанини тухмӣ имкон дода, ҳангоми кишт тухмӣ сабзиши кам медиҳад. Инчунин, маҳсулоти кишоварзӣ (зироатҳои ғалладонагӣ, лӯбиёиҳо, равғандиҳанда, сабзавотӣ, картошка ва ғ.) барои захира кардан ба муҳлати ду ё се сол дар қуттиҳои тахтагӣ, пластикӣ, шишагин (дар банкаҳо) хумдонҳо ва халтаҳои гуногунҳаҷм бояд нигоҳдорӣ шаванд. Пеш аз захира намудани тухмиҳо бояд амборҳо пурра тоза ва бо моддаҳои кимиёвӣ коркард карда шаванд. Чунки дар ҳолати пайдо гаштани ҳашароти зараррасон мумкин аст, тухмиҳо қисман ё пурра осеб бинанд. Дар ҳолати риояи дурусти истифодаи таҳхонаҳо (гармӣ, намӣ, рӯшноӣ) маҳсулоти кишоварзӣ ба муҳлати муайян нигоҳдорӣ шуда, тухмӣ ва маҳсулоти зироатҳои кишоварзӣ аз талафот эмин мемонанд.
Ба гуфтаи Хуршед Давлатов, директори Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ, номзади илмҳои кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми соҳаи чорводорӣ назаррас буда, маҳсулоти аз чорво истеҳсолшуда барои таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши муҳим мебозад. Тавре дар тадқиқоти гузарондашудаи “Даҳумин намояндаи (индекси) глобалии амнияти озуқаворӣ” зикр гардидааст, агар соли 2020 дар Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ ҳамагӣ 5 кг гӯшт истеҳсол шуда бошад, пас то охири соли 2021 ин рақам ба 19 кг расидааст. Инчунин, истеҳсоли шир низ боло рафта, аз 51 литр ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 2020 то ба 114 литр дар соли 2021 афзудааст.
- Бо назардошти ин, сокинони кишвар имкон доранд, ки маҳсулоти чорворо истеҳсол ва захира намоянд. Олимони Институти чорводорӣ ва чарогоҳ барои таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишвар тарзи захира намудани маҳсулоти чорворо тавсия медиҳанд. Аз ҷумла, аз маҳсулоти ширӣ мо метавонем равғани маска, чакка, қурут, аз маҳсулоти гӯштӣ - чарбуи гӯсфанд (думба), гӯшти коркардшуда, аз маҳсулоти моҳӣ – консерва захира намоем, - гуфт Хуршед Давлатов.
Консервакунонӣ яке аз усулҳои маъмулест, ки барои ба муддати дуру дароз захиракунонӣ ва таъмин намудани сифат, бехатарӣ ва маводи фаъоли биологии маҳсулоти ғизоӣ равона гардидааст. Сокинон метавонанд аз ин усул дар шароити хона ба таври васеъ истифода намоянд.
Ҷаҳон Азонов, доктори илмҳои тиб, профессор, роҷеъ ба ин масъала изҳор дошт, ки консервакунонӣ дар раванди таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ сарфи назар аз фасли сол нақши муҳим мебозад. Вобаста ба ин, усулҳои физикӣ, физикию кимиёӣ, биокимиёӣ ва кимиёии консервакунониро истифода мебаранд. Консервакунонӣ тавассути истифодаи намак, шакар ва хушккунии маҳсулоти ғизоӣ барои захира васеъ истифода мешавад, аммо бояд дар хотир дошт, ки истеъмоли барзиёди маҳсулоти намакин ба буняи инсон таъсири хатаровар дорад. Аз ҷумла, бо ин усул, асосан, карам, бодиринг ва помидорро дар зарфҳои чӯбин ва шишагин захира мекунанд. Моҳиро низ бо ин усул барои захира омода месозанд. Хатари дигари ин захираҳо, асосан, бодиринг дар он аст, ки ҳангоми ба меъёрҳои санитарию гигиенӣ риоя накардан инсон метавонад мубталои бемории марговари ботулизм гардад.
Номгӯи консерваҳо, ки бо шакар омода мешаванд, барои захира намудан хеле боманфиат мебошанд. Аз ҷумла, мураббо, қиём ва афшураи меваҳоро, ки шириниҳои хеле хуштаъм, болаззат ва барои саломатӣ манфиатноканд, дар муддати дуру дароз нигоҳ доштан мумкин аст. Ҳангоми консервакунонӣ бо шакар, аз ҷумла вақти тайёр намудани мураббоҳо, ҳамаи витаминҳои таркибаш нобуд мешаванд ва танҳо унсурҳо ва карбогидратҳо боқӣ мемонанд. Аз ин рӯ, ҳангоми консервакунӣ бо шакар, албатта, аз усулҳои пастеризатсия ва стерилизатсия истифода бурдан ва маҳсулоти консервашударо дар зарфҳои сарпӯшашон мустаҳкам нигоҳ доштан зарур аст.
Усули дигаре, ки барои захиракунии меваю сабзавот маъмул аст, ин хушккунӣ мебошад. Яке аз усулҳои васеи истифодашаванда хушккунӣ дар ҳавои кушод ба ҳисоб меравад. Агар ин усули одиро дар ҳамаи гӯшаю канори кишвар самаранок истифода намоянд, пас миқдори мева ва сабзавоти хушк дучанд хоҳад афзуд. Ба номгӯи маҳсулоти хушкшаванда ангур, себ, нок, олу, олуболу, олуча, боимҷон, пиёзи сабз, кабудӣ, помидор ва ғайра дохил мешаванд. Ин амал ҳам ба захираи маҳсулоти ғизоӣ мусоидат менамояд ва ҳам аз талафёбӣ нигоҳ медорад, зеро ҳамасола садҳо тонна меваҷот то вақти пухта расидан мерезанд ва қисми зиёди онҳо пӯсида нобуд мешаванд.
Тавассути чунин усул нонро низ хушк кардан мумкин аст. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеоянд, дар аксар хонаводаҳо, хусусан дар шаҳрҳо, нони пасмонда ва хушкшударо, ҳатто, дар партовгоҳҳо мегузоранд, ки боиси исрофи маҳсулоти ғизоӣ мегардад. Агар онро майда намуда, дар тафдон хушконанд ва дар халтаҳои коғазин дар ҷойи хушку гарм нигоҳ доранд, он ҳам ғизои хуб мешавад ва ҳам кори савоб.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.06.2022 №: 120 Мутолиа карданд: 1164