logo

иҷтимоиёт

“ГИРЯИ ЛОЛАҲО”

Ҳама фаслҳои сол дар ҷавҳари худ зебоии хосе доранд, аммо  фасли баҳор зиндашавии табиат, тавлиди нави ҳаёт аст, ки ин эҳсосро дар қалби инсон бедор месозад. Муҳимтар аз ҳама. дар дили инсонҳое, ки хоҳиши эҷод намуданро доранд, қадамҳои навро ба вуҷуд меорад. Ин фасл - фасли тавлиди лолаҳо, эҳсосу умед, орзуҳову ишқ аст, ки бо ҳама шебу фарози зиндагӣ барои мубориз буданат неруи хосе мебахшад. Ин айём барои эҷодкорон мисли накҳати гули бомдодист, ки пайваста фаро расиданашро интизорӣ мекашанд, то тавонанд нақши дар умқи қалббударо рӯи авроқи сафед биоваранд. Мехостам чанд сатре аз хотираҳои неки устодони зиндаёди санъати тоҷик гуфта бошам. Маҳз нақши боризи ҳамин муаллимон баҳори эҷоди маро парвариш ва тарбия кардаанд.
Устод Исуф Сангов яке аз рассомоне буданд, ки бесаброна ин фасли нозанинро дар асарҳояшон ҳамчун умеде бар зиндагӣ бо гулҳои рангоранг таҷассум мекарданд. Ҳарчанд дар жанрҳои мухталиф эҷод менамуданд, аммо жанри ашё (натюрморт) офариданро хеле дӯст медоштанд. Бахусус, гули ёс мавзуи дӯстдоштаи эшон буд ва касе миёни мусаввирон то ҳол ёсро бо ин ҳама назокат ва сеҳри рангаш наофаридааст. Оромиши қалбашро дар қолаби гулҳои баҳорӣ нарм-нарм баён мекард. Дар асарҳояш метавон меҳру садоқаташро бар ин сарзамин мушоҳида кард ва хазинаи тиллоиеро барои ҳаводорони санъати тасвирӣ дар Тоҷикистон фароҳам овардааст. Аввалин роҳнамо ва ҳамсафарам дар намоишҳои байналмилалӣ буданд ва мисли кӯдаки навзод болҳои парвозамро навозиш мекарданд. Талқин менамуданд, ки сафарҳои ҳунарӣ чи бартариҳое барои рушди маънавии рассом доранд. Хотираҳои  зиёду рангин бароям аз шумо боқӣ монда... Рӯзе дар намоиши “Хатти сурх” бо нигоҳи орифонааш ба асаре ишора карда ба теғи гӯшам гуфта буд; “Писарам, бо ин шева бирақс”.
Солҳои охири ҳаёти устоди зиндаёд Зиёратшоҳ Довудов дар зеҳнам сахт нақш бастааст, ки мудом вақти ба устохонаи рассомиям омаданаш як қабза гулу гиёҳҳои баҳориро меовард. Тавсияҳо медод, ин гул барои кадом узв ва ин гиёҳ чи фоидае дорад. Бо ҳам сари мавзуъҳои таърихӣ суҳбатҳои гарму баҳсҳои тулонӣ мекардем. Доим сарзанишам менамуд, ки мутолиаатро бештар бинмо ва асарҳоятро бо таърих сахт бипайванд. Асарҳои таърихиро бо вижагиҳои хосе менавишт ва қаҳрамонони онҳоро низ дар зовияҳои диққатҷалбкунанда корбар мекард, ки шеваи нигоришаш ба куллӣ аз дигар рассомон фарқ дошт. Ростӣ, ӯ равонпизишки ман буд ва барои пеш рафтан руҳбаланд будану мубориза бурданро талқин мекард. Бо ранг ҳамоҳанг буданро биёмӯз, то рангҳоят бо ҳам наҷанганд. Заминаи ранг чи ҷаҳони маъние дорад. Як сухани самимие дошт, ки аз пок будани қалбаш далолат мекард ва мегуфт: “Ба ибодат, ки рафтӣ ба Худоям саломи маро расон”.
Ёддоштҳоям бо шумо муаллими донишмандам Фаррух Хоҷаев хеле  зиёданд. Ёд дорам аввалин бор аз деҳа маро пайвандонам ба хотири шумо оварданд. Шумо будед аввалин муаллиме, ки дар устохонаатон барои санҷиши истеъдод кӯзаеро гузошта бикаш гуфта, маро бо мӯйқалам дар даст муддате танҳо гузоштед. Ин аввалин фурсате буд, ки ин ҳама зебогии парешонро дар устохона мисле, ки дар дунёи дигар маро ворид карда будед, дар зеҳнам таҷзия мекардам. Нигоҳи ҳайратзадаам ҳар лаҳза ба ҳар кунҷи хона алвонҷ мехӯрд. Ин ҳолат дар чорчӯбаи ақлам намеғунҷид. Хонае, ки дар зеҳнам доим парвариш ва орзу мекардам чунин буд, гумон кардам дар олами хобам. Оҳиста-оҳиста дар ин муҳити бароям созгор қалбам ором мегирифт. Чун дар деҳа ман низ дар як кунҷи хона ҳама ашёи ба дилам мақбулро ҷамъоварӣ мекардам, лек ба ҷуз ман ба каси дигаре ин тафаккур хуш намеомад. Ин муболиға нест, ин ҳамон ҳолатест, ки бо гуфтан ва навиштан ба пуррагӣ баён карда наметавонам, аммо ин аввалин пардаи ба хостаҳо расидан дар ман кушода мешуд ва маро ба ин рассоми бузург мепайваст. Зина ба зина дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ дарси ҳунар гирифта дар каноратон калон шудам ва ҳар замон бо шумо гуфтугӯ ва баҳсҳои зиёд мекардам. Ин суҳбатҳои дарсӣ маро дар касбам қавитару ғанитар мегардонд. Чун шумо гӯше барои шунидан ва дарсҳое барои гуфтан доштед. Асарҳои шумо имрӯз мактабест барои санъати миллати тоҷик. Рассомони ҷавон ин равандро хеле моҳирона дар асарҳояшон истифода мебаранд. Фикр намекардам, ки дар ҷавонӣ моро тарк мегӯед ва акнун посухи саволҳоямро дар асарҳоятон  меҷӯям.
Муаллими ороишгар шодравон Карими Наҷмиддин ҳамчун инсони ҳалим, донишманд ва ҳунарманди нотакрор дар қалбҳо боқӣ мондаанд. Рисолати таълимие, ки дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ дар самти ороишгарӣ ба уҳда дорам маҳз яке аз заминаҳои тадрисро аз эшон гирифтаам. Чеҳраи кушода ва садои пасти нармаш аз табиати оромаш далолат мекард. Ҳамеша бо табассум сухан мегуфту сари суҳбат фақат дар бораи пешравӣ ва хубиҳо мегуфт. Дар зиндагӣ ва дарс ҳамеша инсонро ба сабру шикебоӣ даъват карда, қадру қимати одамро баландтарин тарбия ва ахлоқи инсонӣ медонист. Дар  рангҳои асарҳояш бошад, ҳолати  ҳаяҷон ва изтиробро ба хубӣ метавон мушоҳида кард, аммо дар зиндагӣ не. Асарҳо ва амалҳояш инсони ҳақиқӣ буданашро бозгӯ мекарданд. Ин сифати беҳтарини эшон буд. 
Баъд аз гузашти ин мардони ҳунар саҳнаи тасвирро дигар бо тарс менигарам. Имрӯз, ки бори масъулият бар дӯш дорам ҳамоно ба қадратон бештар мерасаму шуморо беҳтару хубтар мешиносам. Ҳангоми буданатон бепарвоёна қалам мезадам ва бо дилхоҳ рангҳо бозӣ карда, лонаи худро пардозгарӣ менамудам.  Инҷо сояи бузурги шумо будааст, ки дар ин олами рангҳо парвози озоде доштам. 
Ин пораи хотироте буд, ки ба таври фишурда навиштам ва намоиши наверо таҳти унвони ”Гиряи лолаҳо” ба хотири гиромидошти рассомони Тоҷикистон  ва хотираи неке аз бузургонам ёдоварӣ кардам. 
 
Далер МИҲТОҶОВ 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2022    №: 120    Мутолиа карданд: 570
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед