logo

иҷтимоиёт

ЗАБОН ДОНӢ - ҶАҲОН ДОНӢ. ФУРСАТИ МУСОИД БАРОИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ ЧИНӢ

Дар кишварамон даври 15-уми Озмуни байналмилалии «Пули забони чинӣ» миёни толибилмон бомуваффақият анҷом ёфт. Озмуни мазкур аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Дар он  толибилмони тоҷике, ки ба омӯзиши забони чинӣ майл доранд, ширкат варзиданд. Чорабинии ҷамъбастӣ ва маросими супурдани мукофот ба ғолибон дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, директори гимназияи «Кафолат» дар шаҳри Душанбе Шариф Шарифзода, мудири бахши фарҳанги Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Зен Сиенфа, директори Донишкадаи Конфутсий аз тарафи Тоҷикистон Фаррух Қосимов, директори ҳамин Донишкада аз ҷониби Чин Лю Ҷиенвей дар Озмун ширкат варзиданд. 
Ҳайати ҳакамони он аз ҳисоби мутахассисони варзида интихоб гардид. Ба он менеҷери ҶДММ «Хуавей Технологияҳои Тоҷикистон» Тахмина Муратова, омӯзгорони забони чинӣ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳина Имомзода, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия - Ли Мин, Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - Ян Ютао шомил буданд. Рафти Озмунро зиёда аз 200 тамошогар ба таври онлайн ва офлайн диданд.
Дар оғози Озмун сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин суханронӣ намуд. Ӯ изҳор дошт: «Шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Чин ва Тоҷикистон ба таври солим ва устувор рушд карда, шавқу рағбати ҷавонони тоҷик ба омӯзиши забони чинӣ афзоиш меёбад. Забони чинӣ ин пулест, ки ба равобити миёни мардуми Чин ва Тоҷикистон мусоидат мекунад. Ин раванд ба таҳкими равобити фарҳангӣ миёни Чину Тоҷикистон равона шудааст. Бо амиқтар васеъ шудани ҳамкориҳо миёни Чину Тоҷикистон ва бунёди ҳамоиши муштараки “Як роҳ - як камарбанд” ниёз ба омӯзиши забони чинӣ бештар гардид ва бо ин роҳ толибилмони тоҷик  дар касби худ бартариятҳои бештари рақобатӣ ба даст меоранду имконияти пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ зиёд мегардад. Сафорати Чин дар Тоҷикистон ҳамеша ба донишҷӯёни тоҷик ҷиҳати омӯхтани забони чинӣ дастгирӣ ва кумаки хешро дареғ намедорад».  Дар охир, сафир ғолибони даври ниҳоиро табрику таҳният гуфта, ба ҳама дар ин Озмун ба даст овардани натиҷаи шоистаро орзу намуд.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни суханронии худ чунин иброз намуд: «Чин яке аз ҳамсояҳои неки Тоҷикистон буда, бо омӯхтани забони чинӣ аксари донишҷӯён метавонанд таърих ва фарҳанги Чинро дарк кунанд. Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар густариши равобити дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин саҳми бузург дорад ва барои мардуми Тоҷикистон ҷиҳати донистани забони чиниву фарҳанги мардуми он саҳми худро мегузорад. Дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷаҳонӣ ташкил шуданд. Озмуни байналмилалии “Пули забони чинӣ” яке аз муҳимтарин барномаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар заминаи равобити илмиву фарҳангӣ маҳсуб мешавад. Дар охири суханронии хеш ректори ДМТ ба Сафорати ҶМЧ дар Тоҷикистон ва Маркази табодули забонҳои хориҷӣ барои кумак ва дастгирӣ дар таълими забони чинӣ изҳори сипос намуд. 
Директори гимназияи хусусии «Кафолат» дар Душанбе зимни суханронии худ гуфт, ки Озмуни «Пули забони чинӣ» ҳамасола аз ҷониби Сафорати ҶМЧ дар Тоҷикистон ва Донишкадаи Конфутсий барои донишҷӯён ва толибилмон баргузор мешавад. Ин Озмуни бонуфуз ва фаромӯшношуданӣ, забон ва фарҳанги чиниро миёни насли навраси Тоҷикистон паҳн карда, ба рушди онҳо таъсири амиқ хоҳад гузошт. 
Пеш аз баргузории Озмун оркестри дӯстии «Роҳи абрешими Чину Тоҷикистон» ба гирдомадагон намоиши аҷиби асбобҳои мусиқии Чину Тоҷикистонро пешкаш намуд. 
Баъдан, ҳашт иштирокчии ба даври ниҳоӣ роҳёфта Озмунро оғоз намуданд. Бахши аввал, ки "Истеъдод" ном дошт, асосан, маъруза ва истеъдоди суханварии иштирокчиёни онро баррасӣ кард. Дар натиҷаи ин қисмат шаш нафар иштирокчӣ ба бахши дуюм гузашт. Дар кисмати қироати маъруза онҳо бо фасоҳат, аз таҳти дил, бо ҳиссиёти равони чинӣ ва самимӣ маърузаҳои худро қироат намуданд. Дар бахши истеъдод метавон гуфт, ки ҳар кадоми онҳо қудрати худро нишон дода, ба ҳамагон як сабқати шавқоварро пешкаш карданд. Як порчаи садои гуҷин (асбоби мусиқии чинӣ) ва як порчаи овози най (хулуси), ки ҳар ду бо садои зебову хушовоз, шаклаш мисли оби равон, нарм ва устувор навохта шуд. Шуанҷиегун иҷрои қавӣ ва тавоно, бо шеърҳо бо овози равшану дақиқ, дилнишин, таъсирбахш қироат шуд. Меҳмонон, доварон ва тамошогаронро он ба ҳаяҷон овард ва боиси кафкӯбиҳои зиёд гардид. 
Қисмати дуюм, ки «Ҳозирҷавобӣ» унвон дошт, асосан, маҳорати иштирокчиёнро аз забони чинӣ ва донистани таъриху фарҳанги миллии Чин меозмояд. Ҳозирҷавобӣ дар як дақиқа, ин қобилияти зудҷавобии иштирокчиёнро месанҷад. Тавассути ин қисм, се иштирокчӣ ба қисмати сеюм мегузарад. Чи тавре мегӯянд, вақти намоиш дар саҳна як дақиқа кӯтоҳ аст, аммо барои иҷрои ин даҳ сол кӯшиш кардан лозим аст. Иштирокчиён бо камоли бовар ва қатъӣ ҷавоб доданд. Намоиши аҷоиби як дақиқаина муваффақиятҳои пурсамари онҳоро дар омӯхтани забони чинӣ ва муҳаббати самимиашонро бо маданияти васеъ ва амиқ нишон дод.
Қисмати сеюм «Саволҳои хатарнок» - мубориза байни ҷойи якуму дуюм ва сеюм мебошад. Ба иштирокчиён барои тайёр шудан як дақиқа вақт дода шуда, онҳо бояд дар ин як дақиқа оид ба як тасвир нақл мекунанд. Он, асосан, барои санҷидани қобилияти мушоҳида ва баёни нутқ аст. Вақте ки Озмун амиқтар мешавад, фазои саҳна торафт шиддаттар мегардад ва шавқу рағбати тамошогарон низ баландтар мешавад. Се иштирокчӣ яке аз расмҳоро интихоб карда, ба он нигариста, оромона фикр меронанду мазмуни онро нақл мекунанд. Ин услуб ва зиндадилии толибилмони Тоҷикистон ва қобилияти баёни ҳамаҷонибаи онҳоро комилан нишон дод.
Дар бахши шарҳу эзоҳ доварон ва омӯзгорон ба ҳамаи иштирокчиёни Озмун баҳои баланд дода, баромадҳои аҷиб, забони равон ва захираи дониши ғании онҳоро пурра зикр намуданд. Дар Озмун ҳар иштирокчӣ сатҳу услуби худро нишон дод. Зикр гардид, ки онҳо дар оянда низ бо ғайрати дучанд меҳнат карда, ба натиҷаҳои беҳтар ноил мегарданд.
Пас аз се қисми Озмун Абӯалӣ Синозод аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21 - и шаҳри Душанбе сазовори ҷоизаи «Беҳтарин иқтидор» ва Муродалӣ Ҳикматов, аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 89, сазовори ҷоизаи «Беҳтарин қобилият», Мавлуда Алимардонова аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 - и шаҳри Душанбе сазовори ҷоизаи «Беҳтарин услуб», Муҳаммадҷон Қаюмов аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 103 - и шаҳри Душанбе сазовори ҷоизаи «Беҳтарин маъруфият», Мафтуна Тағоймуродова аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19 - и шаҳри Душанбе сазовори ҷоизаи «Беҳтарин суханвар» гардиданд. Саодат Шарифзода аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55 - и шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи сеюм, Маҳина Абдуллоева аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 78 - и шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи дуюм, Бадриддин Рустамов аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55 - и шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум гардиданд.
Қобили зикр аст, ки аз 16 нафар иштирокчиё-ни беҳтарин тавассути овоздиҳӣ дар сайт, аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ се нафар - Муҳаммадҷон Қаюмов, Саодат Шарифзода ва Муродалӣ Ҳикматов бо ҷоизаи "Маъруфияти беҳтарин дар сайт" мукофотонида шуданд.
Пас аз супоридани ҷоизаҳо директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз тарафи Чин Лю Ҷиенвей сухани ҷамъбастӣ кард. Вай нахуст ба Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллӣ барои дастгириашон изҳори сипос карда, ба ҳамаи меҳмонон ва  доварону иштирокчиёни Озмун барои омодагии хубу намоиши аъло изҳори миннатдорӣ баён кард. «Ман умедворам, ки донишҷӯён метавонанд забони чиниро хуб омӯзанд ва дар оянда дар рушд ва табодули фарҳанги Чину Тоҷикистон саҳми худро гузоранд», - гуфт Лю Ҷиенвей.
Озмуни ҷаҳонии "Пули забони чинӣ" миёни толибилмонро ҳадафи асосии фароҳам овардани саҳна барои наврасони тамоми ҷаҳон, ки забони чиниро меомӯзанд, нишон додани сатҳи забондонӣ, ташкили платформаи иловагӣ барои омӯзиш ва муоширати мутақобила мебошад. Озмунро ҳамчун василаи хубе барои сохтани як пул: пули фарҳанг, пули дӯстӣ ва пули пайванди равонӣ миёни Чин ва Тоҷикистон истифода мебарад, шавқу рағбати омӯзандагони забони чиниро ҳавасманд ва ташвиқ мекунад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки маҳорати худро нишон диҳанд. Инчунин, табодули фарҳанги Чину Тоҷикистонро афзуда, ба табодули фарҳангӣ ва омӯзиши мутақобилаи тамаддунҳои Чину Тоҷикистон шукуфоӣ зам менамояд.
 
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2022    №: 120    Мутолиа карданд: 701
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед