Хабарҳо
МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкори Ӯзбекистон Шоҳрух Холназаров ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт. Зимни дидор зикр шуд, ки ба шарофати сиёсати пешгирифтаи роҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни ду давлат тавсеа ёфта, доираҳои соҳибкории ҳар ду тараф тарҳҳои муштаракро амалӣ намуда истодаанд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки густариши ҳамкориҳои дуҷониба натиҷаи тадбирандешиҳои сарварони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев буда, мо ҷонибдори онем, ки соҳибкорони тоҷику ӯзбек аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд. Зеро ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёданд.
Соҳибкорони ӯзбек аз нақшаву ниятҳои худ ёдовар шуда, омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо изҳор доштанд.
Лашкар ШАРИФЗОДА, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4285