мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҶЕРЕМИ ВЕЙР
22 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати “Трафигура Групп”-и Швейтсария Ҷереми Вейрро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону ширкати мазкур баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯриро имкони хуби муҳокимаи масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи истеҳсолот, тиҷорати мол ва логистикаи марбут ба он арзёбӣ карданд.
Ҳамзамон, мусоҳибон истифодаи имкониятҳои васеъ дар соҳаи саноат, аз ҷумла иштироки ширкати “Трафигура Групп” дар лоиҳаҳои татбиқшаванда дар кишвар, зиёд намудани истеҳсоли алюминий дар ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик”, хариди минбаъдаи алюминийи аввалиндараҷа ва таъмини гилхок, густариши ҳамкорӣ бо Корхонаи муштараки “Зарафшон”, ҶСП “Талко Голд”, ҳамкорӣ дар коркарди маъданҳои кӯҳӣ, таъмини таҳвили навъҳои гуногуни маҳсулоти нафтӣ ва иштирок дар рушди манбаъҳои алтернативии энергия дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои неруи барқ ва манбаъҳои таҷдидшавандаи неру, интиқоли бор, хизматрасонии логистикӣ ва бахши коркарди металлҳову маъданҳо ва содироти маҳсулот табодули андеша намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.06.2022 №: 120 Мутолиа карданд: 2991