сиёсат
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА АҲАМИЯТИ МИЛЛИВУ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲИ ТОҶИКОН
СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЗАМИНАИ БУНЁДИИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
Имсол мардуми шарафманди тоҷик 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил ва бо шукргузорӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу манзалати хос таҷлил менамояд. Зеро маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ, яъне 27 июни соли 1997, бо талошҳои фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар кишвар ба даст омад.
Сулҳу ваҳдати миллӣ барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон неъмати бебаҳое мебошанд, ки бо саъю талошҳои мардуми тоҷик ба даст омадааст ва дар меҳвари бунёдии ин дастоварди бузурги таърихӣ заҳматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидиро доро мебошанд.
Аслан, вожаҳои "сулҳу ваҳдат" барои ҳар як миллат мафҳуми муқаддасу гаронарзиш маҳсуб меёбанд. Дар тамоми давраҳои таърихӣ мардуми тамаддунофари тоҷик маҳз бо ваҳдату фарҳанги воло бақои худро таъмин кардааст. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар ин вожаҳо муҳимияти хоссаро касб намуда, ифодагари ваҳдату ягонагии кулли мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Сулҳу ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик дар баробари Истиқлоли давлатӣ неъмати бебаҳо ва муқаддасу арзишманд ҳастанд. Ҳар як фарди тоҷик бояд фаромӯш насозад ва ифтихорманд аз он бошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошад. Таърих ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар исбот намуданд, ки халқи тоҷикро дар масири айём ҳамчун миллати куҳанбунёд, бонангу номус, бохираду адолатхоҳ, бунёдкору заҳматкаш ва дорои хиради азалӣ эҳтирому эътироф менамоянд.
Вобаста ба ин, сулҳу ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти осоиштаи инсон, орзуву ормон, таҳкими давлатдорӣ, наҷотбахши миллат ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон мебошанд.
Маҳз ба шарофати пойдорӣ ва танинандозии сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷомеа ҳувияти миллӣ, асолати миллӣ, андешаи миллӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ побарҷо гардида, ифтихори миллии ҳар як фарди ҷомеа беш аз пеш эҳсос мешавад. Устувории сулҳу суботи миллӣ, эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, муттаҳидии неруи созандаву бунёдкорона, иқдомҳои неку навоварона ба хотири эъмори ҷомеаи, воқеан, мутамаддин, демокративу ҳуқуқбунёд равона гардида, дар ин росто, пойдории арзишҳои болозикр вазифаи аввалиндараҷаи ҳар соҳибватан маҳсуб меёбад.
Ҳамин тариқ, бояд иброз намуд, ки сулҳу ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик ба сифати неъмати бебаҳои наслҳои имрӯз ва оянда пазируфта шуда, дар ин бобат асолати таърихиро нисбат ба заҳмату талошҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш сохт. Зеро пос доштани марҳилаҳои муҳим ва тақдирсози миллату давлати тоҷик ва шахсиятҳои таърихиву ватанпарвари он худ посдории гузашта, имрӯз ва фардои давлатро ифода менамояд.
АҲАМИЯТИ МИЛЛӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲИ ТОҶИКОН
Қобили зикр аст, ки консепсияи сулҳофарӣ ва ба даст овардани ваҳдати миллии тоҷикон бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати намунаи нобиғавии сулҳпарварӣ ва давлатсолорӣ пазироӣ гардидааст. Албатта, ба ин натиҷаҳо расидани халқи тоҷик бо заҳмату меҳнати шабонрӯзии Пешвои муаззами миллат ва дастгирии ҳамаҷонибаи ин сиёсати хирадмандона рӯйи кор омадаанд.
Таҷрибаи ба даст овардани сулҳ миёни тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки байналмилалӣ дорад. Зеро чунин раванд ба сифати мисоли беназир барои ҳаллу фасли мушкилоти сулҳу ваҳдати миллии мамолики минтақаҳои гуногун мусоидат карда метавонад.
Марҳилаҳои муҳими таҷрибаи сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар мавриди ба Ватан ва макони зисти доимӣ баргардондани шумораи зиёди гурезаҳо, инчунин, ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ воқеъбинона арзёбӣ шуда, ҳамчун намунаи нодири сулҳофарӣ эътироф гардидааст. Пажӯҳиши ҳамаҷониба ва гуногунҷабҳаи ин таҷриба имконият медиҳад, ки ҳарчи зудтар пеши роҳи сар задани ҳама гуна равандҳои манфии дохилидавлатӣ ва минтақавӣ роҳи ҳалли худро пайдо намояд.
БУНЁДИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР МЕҲВАРИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҷиҳати расидан ба соҳибистиқлолии комил барои ҳар як давлат равандҳои гуногуни сиёсӣ ва ҳуқуқӣ нақши калидӣ мебозанд. Дар давлатдории навини Тоҷикистон барои поягузорӣ намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва якдиливу заминагузории ормонҳои наслҳои минбаъдаи халқу миллати тоҷик нақши меҳвариро маҳз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро кардааст.
Баргузории ин Иҷлосияи таърихӣ ва қарорҳои тақдирсози он маҳз дар амалӣ гардидани бунёди сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар заминаи воқеӣ гузоштанд. Иҷлосия ҳадафҳо ва самтҳои стратегии рушди минбаъдаи давлати Тоҷикистонро эълон кард. Эъмори давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, ки роҳи асосии инкишофи ҷомеа интихоб гардид, яке аз муҳимтарин арзишҳои сулҳофарии Пешвои миллат маҳсуб мешавад. Дар ҳамин Иҷлосия, ҳамчунин, арзишҳои сулҳофарӣ, ба мисли риояи ҳуқуқҳои инсон, волоияти қонун, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ваҳдати иҷтимоӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ғайра, аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ муайян гардиданд.
Иҷлосия ҳамчун нуқтаи гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсии мамлакат ҷиҳати пайдоиш ва ташаккули ин арзишҳо нақши ҳалкунанда гузошта, ҳамзамон, дар таъмину таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, эъмори давлати соҳибистиқлолу дунявии Тоҷикистон мақоми бунёдӣ дорад.
Чунин тадбирҳо тавонистанд заминаи таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳаёти осудаҳолонаи одамон, ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фаъолияти босамари мақомоти давлат, гузарондани ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва рушди минбаъдаи ҷомеа гарданд.
Дар Иҷлосия санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳо дар бораи авфи умум, гурезагон, имтиёзҳо барои маъюбони ҷанги шаҳрвандӣ ва оилаҳое, ки саробони хешро аз даст додаанд, қабул карда шуданд.
Ба шарофати Иҷлосия минбаъд дар ҷумҳурӣ парламенти касбӣ ба вуҷуд омад. Фаъолияти пурсамари Иҷлосияи таърихӣ бо қабули қонунҳо ва қарорҳои воқеъбинона ба фаъолияти минбаъдаи мақомоти қонунгузории мамлакат дар солҳои таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ҷиҳати таҳкими асоси иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат заминаи боэътимод гузоштанд.
Ҳамин тавр, дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як тараф мустаҳкам намудани асосҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ва давлат, таъмини волоияти қонун, эъмори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, аз тарафи дигар, риояи принсипҳо ва талаботи пазируфтаи ҳуқуқи байналмилалӣ чун ҳадафҳои стратегӣ ва самти муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон мешаванд.
Дар ин Иҷлосияи таърихӣ давлати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон намуд, ки ҷонибдори роҳи қонунии инкишофи минбаъдаи ҷомеа, арзишҳои волои ҳуқуқӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои тарафайн бо ҳамаи кишварҳои олам дар асоси принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Ин иқдоми неки роҳбарияти давлати Тоҷикистон, пеш аз ҳама, Сарвари тозаинтихобшудаи он Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ, парламентҳо, мақомоти дигари давлатҳои олам ва созмонҳои байналмилалӣ мақбул дониста шуд.
САҲМИ БУНЁДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ МИНБАЪДАИ ДАВЛАТ
Эҳёи сулҳ ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ дар мамлакати мо нақш ва мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр бузург арзёбӣ мешавад, ки ҳолати мазкурро мо аз дастовардҳои муҳими сатҳи давлатии дар партави Истиқлоли давлатӣ бавуҷудомада дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ баръало мушоҳида менамоем.
Дар баробари ин, бо саъю кӯшишҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат тамоми робитаҳои минтақавӣ ва байналмилалии кишвари соҳибистиқлоли мо таъмин гардид ва ин гувоҳи он буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистааст бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдати миллӣ, соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии давлатии худро комилан ба даст оварад.
Қобили зикри хос аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлати муосири Тоҷикистон нақши бунёдиро дорад, ки хизматҳои наҷотдиҳанда ва созандаи ӯ дар соҳаҳои сиёсати давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат ва дигар ҷанбаҳо баръало мушоҳида мегарданд.
Лозим ба таъкид аст, ки то ноил шудан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ – 27 июни соли 1997 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат 80 маротиба муроҷиатнома, хитоба, суханрониҳои расмӣ, мусоҳибаҳову табрикот карда, дар ҳамаи онҳо бевосита аз дӯстӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, муноқишаю ҷангро маҳкум сохта, кӯшиши муттаҳид кардани миллатро пайваста думболагирӣ намудаанд.
Нахустин қонунҳои қабулнамудаи Иҷлосия маҳз ба масъалаи сулҳи ҳамагонӣ ва ваҳдати миллӣ овардани мардуми Тоҷикистон ихтисос ёфта буданд. Қонунҳо «Дар бораи гурезагон», «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992» бо вуҷуди он, ки баъдан ба мушкилӣ мувоҷеҳ шуданд, дар асл баёнгари сиёсати роҳбарияти нави Шурои Олӣ мебошанд, ки ба сулҳ ва ваҳдати мардуми кишвар бахшида шуда буданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи интихоб шудани худ дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буданд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат, қадам ба қадам, ҳар лаҳза ва ҳар замон ба умеди сулҳу ваҳдати миллӣ, бо нияти субот амал мекарданд ва танҳо чунин шахс, чунин роҳбар қудрате дошт, ки сулҳу оромии мардумро дар як муддати кӯтоҳ таъмин созад. Танҳо ҳамин дастовард қодир аст, ки ба ӯ ҳамчун як қаҳрамон ва наҷотбахши миллату давлати тоҷик арзи эҳтиром намоем!
Ҳамин тавр, роҳи тайкардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқи тоҷик ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихии миллат дар он зоҳир мегардад, ки ӯ дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда дошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо сохта, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст. Воқеан:
Номус парчамат шуд, бас ёди
нанг кардӣ,
Дар роҳи сулҳи миллат бо ҷанг
ҷанг кардӣ.
Садҳо гиреҳ кушодӣ пайваста
қалбҳоро,
Бо меҳр сад бағалро холӣ зи санг кардӣ.
Номи туро нависем, эй қаҳрамони
Ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи
Қасри миллат.
Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.06.2022 №: 121 Мутолиа карданд: 1404