logo

иҷтимоиёт

ВАҲДАТ СИРИШТИ МОСТ

 
Аз  кулли муқаддасоти миллие, ки мо дорему бо онҳо барҳақ  ифтихор мекунему арҷ мегузорем, ба пиндорам, муқаддастаринаш ваҳдати миллист, зеро танҳо ҳамин ваҳдату ягонагии миллат аст, ки кафолати имрӯзу ояндаи халқ ва давлати моро метавонанд бидиҳад ва танҳо дар зербуни қавӣ ва пойдори ваҳдати миллӣ мо метавонем кохи бузурги ояндаи баэътимод ва бегазанди фардои ватанамонро ба вуҷуд оварем.
Ваҳдати миллӣ танҳо ҳамон вақт баэътимод аст, ки дар вуҷуд, дар сиришти ҳар яки мо ҷо шуда бошад, дигар хел бигӯем, набояд ҷудо аз ҳастии мо, ҷисму ҷони мо бошад. Ҳеҷ ваҳдате ҷудо аз армонҳои миллӣ, ҷудо аз фарҳанг,  маърифат илму адаб ва муҳаббати беғаразонаи инсонӣ пойдор буда наметавонад. Агар мо худамон, ҳар якемон намуна ва рамзи ягонагӣ набошем, ин ваҳдат наметавонад пойдор бошад. Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ, чунон ки дар қомусҳо шарҳ дода шудааст, иштироки ҳама афроди миллат дар амал ва мақсад барои пайгирии ғояҳои бузург мебошад. 
Бинобар ҳамин, муносибати мо нисбат ба ваҳдати миллӣ хеле фаротару фузунтар аз як шиор ва даъват бояд бошад. Агар ваҳдати миллӣ, воқеан, шиори миллист, пас, ҳар нафари мо бояд бо тамоми пайкару руҳамон  ҳарфҳо ва рангубори ноҷудои ин шиор бошем! Дар ин асос, гумон мекунам, ватандорӣ, пеш аз ҳама, доштани ваҳдати миллист ва ваҳдати  миллӣ худ ватандорист. 
Омилҳо ва сабабҳое ҳастанд, ки  қимату аҳамияти ваҳдати миллиро барои халқи мо ногузир ва шарти асосии кафолати имрӯзу фардо ва пешрафту инкишоф  мегардонанд ва  пирӯзиҳои миллату Меҳанро бидуни он наметавон тасаввур кард.
Аввалини ин омилҳо таҷрибаи таърихии халқи мост, ки аз дарсҳои таърихи чандҳазорсолааш бардоштҳои амиқи худро дорад. Аз ҷумла, мо хуб медонем,  рахнае, ки ба пайкари  сарзамини бузурги Ориёно  ворид гардидаву онро ба пораҳо ҷудо намудааст, пеш аз ҳама, аз  нотифоқиву парешониҳо будааст. Имрӯз дар замони навини таърих, ки масъалаи будану набудан саволи аввалини рӯз аст, танҳо ваҳдати миллӣ ва ягонагии халқи куҳанбунёдамон метавонад кафолати ҳастии мо бошад, албатта, бо иловаи хираду фазилату дониши худододи миллати соҳибтамаддунамон.  
Ҳанӯз дар оғози даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз худи зиндагӣ ва тақдир моро ҳушдор дод ва бароямон дарси ибрат гузошт, ки  бунёди Истиқлолияти давлатии мо бе ваҳдати миллӣ ва ҳадафҳои волои он наметавонад комёб бошаду ба мақсад бирасад. Ҷанги шаҳрвандӣ дарси аввалине буд, ки моро гӯшзад дод: бе ваҳдати миллӣ мо наметавонем ояндаи дурахшон дошта бошем.
Вақте ки он рӯзҳоро ба ёд меорем, бори дигар шукри тақдир мекунем, ки Сарвари он вақтҳо ҷавони кишвари тоҷикон бо дарки амиқи масъулияту эҳсоси баланди миллӣ ва ватандӯстӣ аввалин иқдоме пеш гирифтаву роҳандозӣ намуданд, таъсиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон буд. Бамаврид ва муассир будани ин иқдомро зиндагӣ собит  сохт. 
Таърих моро борҳо сабақ додааст, ки миллати хирадпеша ва куҳанбунёди тоҷикро танҳо ваҳдату ягонагияш дар ҳолаи сиришти неку хайрхоҳона метавонад нигоҳ дорад. Зеро ин миллат на миллати ҷангу набардҳову зӯроварӣ бар дигарҳост; силоҳи ӯ, неруи ӯ дар хирад аст, ки онро наметавон бе ваҳдату ягонагӣ ба даст оварду  поянда дошт.
Сипас, омили дигари ногузири ваҳдату ягонагӣ  мавқеи ҷуғрофии кишвари мо, дурӣ ва парокандагии миллати мо дар минтақаҳои парешони кӯҳистон аст. Аз ин рӯ, он иқдомҳо ва амалҳои  шоистае, ки дурбинонаву ҳадафнок дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ  ба нақша гирифта шуда буданд, амалӣ гардиданд. Хусусан, бунёди роҳҳои байналмилалӣ, сохтмони нақбҳое, ки дар  гузашта  тасаввур намешуданд, ҳама асос ва бунёди ягонагиву ваҳдати мо маҳсуб мешаванд, ки  тавонистанд гӯшаҳои аз ҳам ҷудо ва парокандаи ин сарзаминро ба ҳам оранд ва дар баробари бунёди маънавӣ бунёди ҷисмониву ҷуғрофии ин ваҳдату ягонагиро таъмин намоянд. 
Омили дигаре, ки моро ба ваҳдату ягонагӣ мехонаду вомедорад, муттакои боэътимоди ҳамдигарӣ аст. Бешубҳа, вазъи хатарзои  вақту замон, таҳдиди  беамони ҷангҳои шадиди байниҳамдигарии кишварҳо дар рӯи Замин, таҳдиди ҳамарӯза авҷгирандаи фоҷиаҳои байналмилалӣ, таҳдиди бемориҳо ва хатарҳои бузурги экологӣ мебошад. Дар чунин вазъият, ки  ҳама дар талвосаи ҷони худ хоҳад буд, гумон аст, касе ба наҷоти мо биёяд, балки кишваре хурд мисоли Тоҷикистони биҳиштосои мо метавонад помоли набардҳои абаркишварҳои дигар шавад. Аз ин рӯ, боз ҳам умед танҳо ба ягонагӣ ва ҳамсириштии худи мо буда, кафили ягона ваҳдати миллист. 
Чӣ асос ва заминаҳое бояд дошта бошем, ки тавонем ваҳдати қавӣ ва бегазанди миллиамонро бунёд намоем?
Асоси аввалин зуҳури ваҳдат дар шахси ҳар яки мост. Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, чунон ки гуфтем, дар хирад, фазилат, дар фарҳангу маърифат, дар амали ҳамарӯзаи мо бояд ҳузур дошта бошад. Яъне, ваҳдати миллӣ на фақат мавзуи гуфтор, балки ногуфта мавзуи одобу амали мо бояд бошад. Хусусан, ки заминаҳои бунёди он дар фарҳанги куҳанбунёдамон, осори бузургони илму адаб ва маърифати халқи хирадпешаамон гузошта шудааст. 
Дуюм ин аст, миллате, ки ҳадафҳои бузургу тақдирсоз надошта бошад, ғояҳо ва ормонҳои баланди миллиро пайгирӣ накунад, гумон аст ба ваҳдати миллӣ бирасад. Танҳо ягонагиву эътимоди як халқ, талоши он барои идеалҳои олӣ ва ғояҳои баланд метавонанд ин халқро  шоиставу сазовори  пирӯзиҳо гардонад.
Аммо барои расидан ба ин мақсадҳои бузург боз омилҳои дигаре ҳастанд, ки бояд ҷиддӣ пайгирӣ шаванд ва,  хушбахтона, халқи фарҳангсолори тоҷик Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон ин рисолатро дарк намудаанд. Яке аз ин омилҳо дарк ва шинохти ҳувияти миллӣ, худшиносии миллист, ки пайваста дар даврони Истиқлолияти давлатӣ таҳти назари роҳбарияти кишвар ва эҷодкорон, аҳли илму адаби тоҷик будааст.
Барои пиёда шудани ин ғояҳо дар навбати худ боз бояд асос ва шароитҳои мувофиқ бунёд намуд. Яке аз онҳо, ки асоситарин аст, фароҳам овардани адолати иҷтимоӣ ва дигаре, таҳкими қонуният ва волоии он барои ҳамагон мебошад. Ин ҳадафҳои баланд аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистони озод ва Пешвои муаззами он пайваста пайгирӣ мешаванд, зеро танҳо ин заминаҳо метавонанд барои бунёди кохи бегазанди ваҳдати миллӣ ва зиндагии шоистаи халқи куҳанбунёдамон асос гузоранду шароит фароҳам оранд.
Ва оқибат, барои комил шудани ҳамаи омилҳо мо бояд аз ташаккули шуури миллӣ низ ёдовар шавем, зеро танҳо ҷомеае метавонад ба ҳадафҳои волои номбурда бирасад, ки сокинонашро  шуури баланди миллӣ раҳнамо бошад. Мо аминем, ки дар сиришти миллати инсонпарвару некбину хайрхоҳи тоҷик ин заминаҳоро фарҳангу маърифати зотии ҳазоронсолаи ӯ гузоштаанд. 
Боиси сарфарозии мост, ки ваҳдати миллии тоҷикон дар тули ин ҳама солҳо саддҳои гаронеро пушти сар намудаву аз монеаҳои рӯзгорон  сарбаландона гузаштааст.   Имрӯзҳо Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон 25 - сола мешавад ва  бо дили пур метавон гуфт, ки дар ин муддати барои таърих  на чандон бузург  ваҳдати миллии халқи тоҷик аз имтиҳонҳои зиёде гузаштаву ба пирӯзиҳои зиёде ноил гардидааст. Гувоҳи ин зиндагии боамн, осоиштагиву амонии кишвар ва ободиву  созандагиҳоест, ки новобаста ба ин замони мураккабу хатарзо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ, саросари мамлакатро фаро гирифтааст. Албатта, дар зери парчами ваҳдату ягонагӣ халқи куҳанбунёд ва миллати нексириштамон ба ҳадафу ормонҳои баланди пешгузоштаи худ хоҳад расид. 
 
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2022    №: 121    Мутолиа карданд: 757
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед