порлумон
ИДОРАИ ВОСИТАИ НАҚЛИЁТ. ҚОНУНГУЗОРӢ МЕЪЁРҲОИ НАВ ҶОРӢ МЕКУНАД
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, мустаҳкам намудани интизоми нақлиётӣ ва мувофиқ ба дараҷаи вазнинии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар кардани ҷавобгарӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид.
Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Маҷлиси намояндагон муовини вазири корҳои дохилӣ Саиднахш Раҳмонзода гуфт, ки лоиҳаи мазкур мутобиқ ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, № 108 «Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 546» барои идораи воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлуӣ ва яклухти ақиб, шишаҳои ойинагӣ, шишаҳои сиёҳу хира, инчунин, бе категорияи дахлдори мувофиқ идораи воситаи нақлиёт ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст, манзур гардидааст.
Мувофиқи тағйироти воридгардида ба қарори Ҳукумати кишвар, варақаи иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира вобаста ба қисмати шишаҳои сиёҳу хиракардашуда, ба гурӯҳҳои «А» (иҷозат барои истифодаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуӣ ва шишаи қафо), «В» (иҷозат барои истифодаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуии қафо ва шишаи қафо) ва «С» (иҷозат барои истифодаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи қафо) ҷудо шуданд.
Ба иттилои муовини вазир, тайи солҳои 2019 – 2021 ва се моҳи соли ҷорӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлуӣ ва яклухти ақиб, ки дар сохтори воситаи нақлиёт аз тарафи заводи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд, бо шишаҳои ойинагӣ, инчунин, бидуни иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ идораи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунад, 3537 далел ошкор гаштааст.
Иловаҳои воридшуда ба моддаи 330 Кодекс (идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлуӣ ва яклухти ақиб, шишаҳои ойинагӣ, шишаҳои сиёҳу хира ё маҷмуи идоракуниашон аз тарафи рост) имкон медиҳад, ки назорати истифодаи воситаҳои нақлиётро вобаста ба қисматҳои шишаҳои сиёҳу хиракардашуда аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар роҳ осон гардонда, баҳсҳои ҷойдоштаро аз байн барад.
- Қисми 2 лоиҳаи мазкур ба моддаи 336 (аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад, идора кардани воситаи нақлиёт ва ё ба шахси ҳуқуқи ронандагӣ надошта барои идоракунӣ додани воситаи нақлиёт) илова намудани қисмҳои 4, 5 ва 6-ро пешбинӣ менамояд. Он дар ҳолатҳои татбиқи ҷазоҳои қисмҳои 1 – 3 моддаи 336-ро нисбат ба шахсе, ки воситаи нақлиётро бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудааст, ҳангоми надоштани танҳо категорияи мувофиқ аз байн бурда, вобаста ба дараҷаи вазнинии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо муқаррар менамояд, - гуфт муовини вазир.
Тибқи моддаи 336, ҷавобгарӣ нисбат ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад, муқаррар шудааст ва дар ҳолати аз тарафи шахси дигар идора кардани воситаи нақлиёт ҳангоми надоштани танҳо категорияи мувофиқ татбиқ намудани ҷавобгарии маъмурии қисмҳои 1 – 3 моддаи 336 баҳсу нофаҳмиҳоро ба миён оварда, татбиқи амалии моддаи мазкурро душвор гардондааст. Зеро дар ин ҳолат ронанда ба шахси ҳуқуқи ронандагӣ надошта баробар карда шудааст. Гузашта аз ин, дараҷаи хавфнокии идоракунии воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад, нисбат ба шахсе, ки воситаи нақлиётро бе категорияи дахлдори мувофиқ идора кардааст, бе ягон шакку шубҳа вазнинтар мебошад.
Ин дар ҳолест, ки давоми солҳои 2018 – 2021 ва семоҳаи аввали соли равон барои идораи воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва шахсе, ки категорияи дахлдори мувофиқ надорад, 4023 ҳолат ошкор гардидааст.
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.06.2022 №: 122 Мутолиа карданд: 2956