logo

иҷтимоиёт

НОРАСОИИ ОБИ НӮШОӢ ҲАНӮЗ АЗ МАСЪАЛАИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД. ЧАРО?

Дар доираи баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки масоили муҳими ҳифзи захираҳои об мавриди баррасии кишварҳои ҷаҳон қарор гирифт, дар пайи он инъикоси самаранок ва оқилона истифода бурдани манбаъҳои обӣ, ҳамчунин, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшоӣ дар кишвар аз мавзуи актуалӣ ва рӯзмарра боқӣ мемонад.
Дар ҷумҳурӣ барои таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ фаъолияти системаи обтаъминкунӣ аҳамияти калон дорад. Дар ин самт бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону таҷдид ва барқарорсозии иншоотҳои соҳа, хусусан барқарор кардани системаи  обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партов дар шаҳру ноҳияҳо бо татбиқи се лоиҳаи сармоягузорӣ - лоиҳаҳои “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои вилояти Хатлон”, “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол” ва «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол-2» амалӣ гардонда мешаванд. Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол» дар шаҳрҳои Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон 15,5 километр лӯлаҳои полиэтиленӣ, сохтмони 4 ҳавзи обтаъминкунӣ, сохтмони пойгоҳи насосӣ ва деворбандии атрофи обанбор ба анҷом расонда шуданд.
Мувофиқи маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», дар давраи моҳҳои январ-марти соли 2022 аз ҷониби корхонаҳои тобеи соҳаи обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партов ба аҳолӣ ба маблағи 25,6 миллион сомонӣ хизматрасонӣ  шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,4 дарсад зиёд мебошад. Дар ин давра ба истифодабарандагону муштариён 12,4 миллион метри мукааб оби нӯшоӣ дастрас гардида, ба миқдори 5,2 миллион метри мукааб обҳои партов бароварда шуд.
Амалишавии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 2019 - 2021, инчунин, иҷрои нақшаи чорабиниҳои бахшида ба таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вазъи таъминоти аҳолӣ бо об беҳбудӣ бахшида, хоҷагиҳои деҳоти мамлакат ба об дастрасӣ пайдо карданд. Ба мисоли шаҳраки Шӯроб ва деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бо барқарорсозии иншооти обкашӣ 3000 хоҷагии онҳо аз об баҳравар гардиданд. Таъминоти 170 хоҷагии деҳаи Истиқлол, деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, 102 хоҷагии деҳаи Имоми Аъзам, деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич, ҳамчунин, дигар деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Истаравшан, Рӯдакӣ, Спитамен, Вахш ва Темурмалик далели ин гуфтаҳост.
Аммо бо вуҷуди таъмиру азнавсозии системаи обкашӣ дар ҷумҳурӣ дастрасии аҳолӣ ба оби тоза ҳанӯз аз мушкили асосӣ боқӣ мондааст. Тибқи маълумоти расмӣ, дастрасии аҳолӣ ба об дар соли 2011-ум 48,6 дарсадро ташкил дода, шумораи аҳолӣ 7 миллион нафар буд. Ҳоло таъминоти аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ бо оби нӯшоӣ  67,1 дарсад мебошад, ки  шумораи аҳолӣ қариб ба 10 миллион нафар баробар шудааст. Сабаби асосӣ фарсуда гаштани иншоотҳои обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ мебошад, ки ҳанӯз замони шуравӣ сохта ба истифода дода шудаанд ва ба азнавбарқароркунӣ ниёз доранд.
Айни замон барои беҳтар кардани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшоӣ 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор  дошта, дар маҷмуъ, 272 лоиҳа ба маблағи 1222,6 миллион доллари ИМА пешбинӣ гардидааст, ки баҳри ҳалли ҳарчи зудтари мушкилот мусоидат менамояд. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2022    №: 122    Мутолиа карданд: 831
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед