logo

иҷтимоиёт

САДОҚАТИ ЗАН

 
Нуҳуми май барои мардуми мо санаи ёдоварӣ аз муборизаи фидокоронаи фарзандони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҷанг мебошад. 
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Дар қомусномаҳо ва бисёр асарҳои таърихӣ омадааст, ки аз яку ним миллион аҳолии Тоҷикистон дар солҳои 1941-1945 зиёда аз 300 ҳазор нафар мардони аз 18 то 45-сола ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва корхонаҳои навташкили Иттиҳоди Шуравӣ дар Сибир сафарбар гаштанд. Зиёда аз 100 ҳазор тоҷик қурбони ҷанги зидди фашизм шуд. Ҳазорҳо нафар маъюб баргаштанд. Имрӯз аз он ҷавонмардони майдони шуҷоат 57 нафар зинда монда. 
Нависандаи шуҳратманди тоҷик, яке аз адибони ватандӯсту сермаҳсул Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода), ки вобаста ба таърихи тоҷикон, корнамоиҳои Исмоили Сомонӣ, Деваштич ва оид ба ҳаёти пурпечутоби саромадони адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ, Раҳим Ҳошим, Сотим Улуғзода ва дигарон асарҳои мондагор эҷод намудаву ба нашр расондааст, дар бораи фоҷиаҳои ин ҷанги хонумонсӯз, ки танҳо аз ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҷони 27 миллион нафарро рабуд, ба ифтихори 77-умин солгарди Ғалаба асаре бо номи «Зане, ки шавҳарашро пуштора карда мегашт» навишта, пешкаши хонандагон намудааст. Китоб бо сифати аъло дар матбааи ҶДММ «Ашуриён» соли ҷорӣ нашр шуд.  Адиб шарҳ медиҳад, ки баъди ҷангҳои азим мардони бе дасту пой ва, ҳамчунин, занҳое, ки барои шавҳарони беилоҷмонда садоқату фидокорӣ нишон медоданд ва онҳоро гоҳо пуштора карда мегаштанд, зиёд вомехӯрданд. Яке аз чунин ҷуфтҳоро муаллифи китоб бо чашми худ дида, ба мушоҳида кашида, онро дар шакли ҳикоя овардааст. 
Оғози ёддошт хеле муассиру ҷолиб, ҳаяҷонангез, шигифтовар буда, зуд тамоми вуҷуди хонандаро ба худ ҷалб месозад ва дар ботини кас ҳисси дилсӯзӣ ба фидокориҳои зан-модар ва нафрат ба ҳар гуна ҷангро бармеафрӯзад. Дар ҳикоя омада, ки марде аз ҷанг бармегардад, дурусташ ӯро кормандони комиссариати ҳарбии зодгоҳаш бардошта оварданд, зеро ду пояш аз бех бурида буду ба онҳо пои сунъӣ ҳам пайваст карда намешуд.  Хешу ақрабо моҳе парасторӣ карданд, дигар ба ҳолаш гузоштанд. Мегуфтанд, ки варо хонадор бояд намуд, вале ку зане, ки маъюбро бо ин аҳволи зор ба шавҳарӣ бигирад. 
Адиб менигорад: «Дар деҳа бонуе буд сафедор барин борику қадбаланд ва лаклак барин гардани дароз дошт ва аз ин боис мардум ба ӯ «Лаклак» лақаб дода. Вале воқеаи ғайричашмдошт ба миён биомад, яъне зане, ки «Лаклак»-у «Сафедор» лақаб дошт ва борики дароз буд ва қариб пеши бари занона надошт, эълон карда:
- Ин маслуқро ман ба шавҳарӣ қабул мекунам, охир бе пой ҳам бошад, мард аст!».  
Ҳамин тавр, онҳоро никоҳ мекунанд ва зан ин маъюбро парастор мешавад. Барои он ки дилаш ба зиндагӣ гарм шавад ва одаму олам бинад, ҳар рӯзи истироҳат ӯро ба пушт бардошта ба бозори калони маркази ноҳия меовард, барояш хӯрданӣ мехарид. Тамошо медод ва боз пуштора меовард ба хона. Ҳар ҳафта, моҳҳо ҳол чунин буд. Ва рӯзе мардум пай бурд, ки пеши бари зан дамида, яъне ҳомила шуда зан. Акнун ӯ ҳам аз пеш ва ҳам аз пушт бор мебардошт. Яке ба ҳолаш механдид, дигаре афсус мехӯрд, сеюмӣ бепарво буд, аммо аксар ба ғайрати зан, ба тавоноию сабурии ӯ қоил буданд. Баъди гузашти фосилаи муайян акнун се нафар ба бозор меомад: зан-модар, дар пеши бағал тифл ва дар пуштора мард. 
Ба нақли муаллиф, марди маъюбро мардум Ҷангӣ ном дода буданду касе ному насабашро ба забон намегирифт, писарашро низ Ҷангибача мегуфтанд. Бо гузашти солҳо Ҷангӣ аз таъсири оқибатҳои фалокатбори ҷанг дунёи ҳастиро падруд мегӯяд. Ҷангиписар ба хизмати ҳарбӣ меравад, баъди чанде модарро низ бо худ мебарад. Мардум оҳиста-оҳиста онҳоро ба боди фаромӯшӣ месупоранд. 
«Вале… Вале баногаҳ худи Ҷангии писари Ҷангӣ омада рӯзе аз рӯзҳо. Ва модарашро низ оварда. Ва ё ин модар оварда буд писарашро. Зане, ки боиси наҷоти шавҳар ва боиси тавлиди қаҳрамонписаре гардида. Зане, ки ширин карда буд ҳаёти талхи басо талхи беоқибату мудҳиши мардеро, ки пойҳояш аз бехашон буридагӣ буда ва барои ӯ писар ҳам оварда ва боиси ҳангома гардида». Мардум бо ҳайрат ба модару писар, ки акнун афсари баландрутба бо ордену медалҳо буд, менигаристанду ба худ меандешиданд: «Ҳаёт идома дорад. Фидоиёни роҳи озодӣ аз фашизм дар симои фарзандону наберагон зиндаву ҷовиданд».  
 
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2022    №: 122    Мутолиа карданд: 688
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед