Хабарҳо
ТОҶИКИСТОН. ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БА МАРДУМИ ОЛМОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД
Синамогарони олмонӣ дар бораи зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон ду филми кӯтоҳмуддати 20-дақиқагӣ таҳия менамоянд. Ду синамогари олмонӣ Ҳаралд фон Виковски ва Маттиас Майер бо мақсади муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон тавассути филмҳои кӯтоҳмуддат ба мардуми Олмон ба Тоҷикистон омаданд. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд.
Сафари филмсозони олмонӣ ба Тоҷикистон бо даъвати Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ҷараён гирифта, аз 10 то 25 июн идома дошт. Зимни сафар ҳайати эҷодӣ аз имкониятҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе дидан намуда, бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ аз наздик шинос шуданд.
Аз ҷониби ҳайати эҷодӣ ду филми кӯтоҳмуддати 20-дақиқагӣ таҳия мегардад, ки дар онҳо Тоҷикистон ба мардуми Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо ҳамчун сарзамини сайёҳӣ ва дорои зарфиятҳои кофӣ барои сармоягузорӣ муаррифӣ хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар замони муосир воситаҳои ахбори омма муаррифгари асосии захираҳои сайёҳӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ин замина, пахши барномаҳои тарғиботӣ аз ҷониби шабакаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҷиҳати муаррифии соҳаи сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва баланд гардидани эътимоди сайёҳон барои сафар ба Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4476