Хабарҳо
«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». МУҲАББАТНОМАИ АДИБОНИ ДУНЁ БА ТОҶИКОН РӮИ ЧОП ОМАД
Аввалин антологияи «Садои адибони дунё дар васфи Тоҷикистон» бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва мураттибии узви фаъоли ҲХДТ, ҳамраиси Шурои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё Абдуқаҳҳор Қосим бо теъдоди 200 нусха дар ҶДММ «Бебок» нашр шуд.
Дар китобхонаҳои ҷаҳон маҷмуа, энсиклопедияҳо ва китобҳои нодиреро дар васфи бузургони миллати тоҷик, табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва урфу одати миллати куҳанбунёди тоҷик вохӯрдан мумкин аст. Ба ин рӯйхат адабиёти дигаре бо дастгирии ҲҲДТ, мураттибии Абдуқаҳҳор Қосим аввалин антологияи ҷаҳон зери унвони «Садои адибони дунё дар васфи Тоҷикистон» ворид гашт.
«Садои адибони дунё дар васфи Тоҷикистон» аввалин маҷмуаи муҳаббати адибони ҷаҳон дар васфи як кишвари Шарқ мебошад, ки то имрӯз чунин маҷмуа дар ягон нашриёти дунё ба нашр нарасидааст. Дар китоби мазкур 66 адиби ҷаҳон дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Истиқлоли давлатӣ, халқи меҳмондӯст ва табиати нотакрори Тоҷикистон тавассути шеъру достон ва мақолаҳо муҳаббат ва ҳамбастагии худро баён намудаанд.
Масалан, шоир ва нависандаи Россия Ксения Петрова шеър дар васфи табиати нотакрор ва таассуроти худро аз аввалин сафараш ба Тоҷикистон ва шоҳдухтари Нигерия, ноиби Президент оид ба маъбади глобалии адабиёт Лавлин П. Эйо аз Африқо меҳрномаеро дар васфи Тоҷикистон ба қалам додаанд, ки дар маҷмуа ҷо гирифтаанд. Қисми зиёди муаллифон адибон ва донишмандони кишварҳои Россия, ИМА, Колумбия, Бразилия, Канада, Олмон, Мексика, Туркия, Ҳиндустон, Чин, Африқо, кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва дигар давлатҳои Шарқ мебошанд. Антологияи мазкур дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон нақши бориз дорад.
Нусхаи электронии он ба муаллифон ва китобхонаҳои мухталифи дунё ирсол мегардад. Дар анҷумани навбатии китобхонаи Анҷумани халқҳои Авруосиё рӯнамоии китоби мазкур баргузор хоҳад шуд.
Шаҳзода АШУРАЛИЕВА,
таҷрибаомӯзи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5940