Хабарҳо
СУҒД. СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА РУШДИ ВИЛОЯТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД
Дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкорони вилояти Липетски Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар вохӯрӣ соҳибкорони вилояти Липетск бо роҳбарии президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов ва масъулони идораҳои давлативу соҳибкорони вилояти Суғд иштирок доштанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода аз густариши робитаҳои иқтисодӣ миёни вилояти Суғд ва вилояти Липетск изҳори қаноатмандӣ карда, ба соҳибкорони рус доир ба имкониятҳои мавҷуда маълумот дод. Гуфта шуд, ки дар вилояти Суғд барои ташкили корхонаҳои муштарак ва коркарди пахтаву меваҳои гуногун, истеҳсоли консерва захираҳо вуҷуд дошта, ҷонибҳо метавонанд дар ин самт ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.
Пас аз мулоқоти ҷонибҳо миёни идораҳои давлатӣ ва соҳибкорони ду тараф 11 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, миёни Палатаи савдо ва саноати Липетск ва ҶДММ «Субҳи Ватан», Палатаи савдо ва саноати Липетск ва ҶДММ «Маҳмудов», ҶДММ «Амбилайф» ва раёсати тандурусти вилояти Суғд, ҶДММ «Руслан» ва Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», ҶДММ «Амбилайф» ва ҶДММ «Само», ҶДММ «Авикс групп», ҶДММ «Равшан», ҶДММ «Форсаж - ойл», ҶДММ «Стройнет» ва идораи сохтмони асосии вилояти Суғд, ҶДММ «Руслан» ва шуъбаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ҶДММ «Форвард» ва идораи сохтмони асосии вилоят созишномаҳои ҳамкорӣ имзо гардиданд.
Бояд хотиррасон кард, ки чанде пеш дар доираи Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» миёни мақомоти давлатӣ ва ширкату корхонаҳои истеҳсолии вилояти Суғд ва кишварҳои иштироккунанда: Россия, Чин, Туркия, Эрон, Ӯзбекистон, Беларус, Қазоқистон 60 созишномаи нави ҳамкорӣ имзо шуд.
Дар он 400 соҳибкору тоҷир аз минтақаҳои гуногуни Россия, Чин, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, вилоятҳои Тошкент, Фарғона, Самарқанд, Ҷиззах, Намангон, Хоразм, Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вилоятҳои Минску Могилёви Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон иштирок карда, бо маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда, зарфияту имкониятҳои соҳаи саноату кишоварзӣ ошно гардиданд. Дар доираи ярмарка ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ гуфтушунидҳо анҷом дода, барои роҳандозии ҳамкориҳо як қатор созишномаҳоро ба имзо расонданд.
Минбаъд дар асоси санадҳои имзошуда тарафҳо барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амалисозии тарҳҳои муштарак фаъолият менамоянд.
Нигина РАҲМОН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5230