logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ВЛАДИМИР ПУТИН БА ТОҶИКИСТОН

28 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путинро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. 
Ба хотири пазироии сатҳи баланди меҳмони олиқадр, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар оро ёфта буд.
28 июн дар Қасри миллат музокироти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид. Зимни мулоқот сарварони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои тамоми маҷмуи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои  ҳампаймонии Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ тамоюли мусбати рушди муносибатҳои ду кишварро дар тули 30 соли  пас аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ сипаришуда қайд намуданд. Ҳамзамон, аҳамияти нигоҳ доштани муколамаи сиёсии мунтазаму  эътимодбахш, ҳамчунин, робитаҳо дар сатҳҳои олӣ ва баланд таъкид гардид.
Суръати баланди рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, робитаҳои байниминтақавӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳо, ҳамчунин, ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ бо қаноатмандӣ зикр карда шуд.
Дар ин зимн, президентҳо қайд намуданд, ки ҳаҷми тиҷорати байни ҷонибҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,2 дарсад афзудааст.
Федератсияи Россия дар сохтори савдои хориҷии   Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол мекунад, чунончи, соли гузашта афзоиши гардиши мол миёни ду кишвар 39 дарсадро ташкил дод.
Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи кори муштарак барои боз ҳам густариш додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар заминаи судманд ба мувофиқа расиданд. Дар робита ба ин, ба масъалаҳои омодагӣ ба Форуми сармоягузорӣ, ки қарор аст моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Сарварони давлатҳо ба сатҳи ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, бахусус дар бахшҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ баҳои баланд доданд.
Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон барои нигоҳдорӣ ва рушди забону фарҳанги русӣ, инчунин, фазои таълимии русӣ корҳои зиёде анҷом дода мешаванд.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон сохтмони панҷ мактаб бо таълими забони русӣ аз ҷониби Россия бомуваффақият анҷом дода мешавад. Дар назар аст, ки онҳо то якуми сентябр мавриди истифода қарор гиранд.
Роҳбарони Тоҷикистон ва Россия, бо назардошти ниёзҳои воқеии имрӯза, вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои амалии минбаъдаро дар бахшҳои фарҳангӣ ва гуманитарии ду кишвар зарур донистанд. Зимни мулоқот ба рушди вазъият дар Афғонистон ва вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Дар ин замина муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин масоили густариши ҳамкорӣ дар заминаи амният, аз ҷумла дар бахшҳои ҳамкориҳои низомӣ, низомиву фаннӣ ва мудофиавӣ, бахусус дар қисмати таҷдиди иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳифзи сарҳадоти байни Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ карданд.
Дар мулоқот оид ба дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт. Дар бораи идомаи ҳамкориҳои мунтазам аз рӯи масъалаҳои дар боло зикршуда дар сатҳҳои гуногун ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд.
* * *
29 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путинро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт, бо эҳтироми хосса ва самимона гусел карданд.
Ёдовар мешавем, ки меҳмони олиқадр, Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин 28 июн бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат мулоқоту суҳбати созанда анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардида, ҷонибҳо оид ба рушду густариш ва тавсеаи ҳамкориҳо дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули андеша карданд.
Бояд гуфт, ки натиҷаҳои ин сафар ва мулоқоти сатҳи олӣ барои идомаи бобарори шарикии стратегии Тоҷикистону Россия бар нафъи мардумони ду давлат хизмат менамояд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2022    №: 123    Мутолиа карданд: 3126
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед