logo

фарҳанг

УБАЙДУЛЛО РАҶАБОВ. МАҚОМИ ҲУНАРМАНДИ АСИЛ ДАР РУШДИ САНЪАТИ ТОҶИК

Аз фавти устоди беҳамтои санъати ҳаҷв Убайдулло Раҷабов як сол сипарӣ шуд. Тирамоҳи соли 2021 аҳли санъат 80 - солагии зодрӯзашро ба нақша гирифта, ботантана қайд карданӣ буданд, вале қалами тақдир ба ин нияти нек хатти батлон кашиду аз паси устоди ҳунар ҳаҷвнигори нотакрори тоҷик Аловуддин Абдуллозодаро низ ба коми худ бурд. Ин ҳолат ба санъати тоҷик зарбаи мудҳиш расонд, зеро ин ҳар ду устодони саҳна дар таърихи санъати ҳаҷв мақоми намоён ва шуҳрати хосе пайдо карда буданд. 
Алҳол дар бораи устод Убайдулло Раҷабов гуфтанием.  Ҳаҷвнигори барҷаста, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов дар ду давр - даврони шуравӣ ва Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҷод карда. Авҷи аълои маҳорату истеъдод ва  шуҳрати ҳунараш ба давраи аввал рост меояд. Маҳз дар ҳамин давра ӯ дар таърихи санъати тоҷик театри худ, равияи хеш ва мактаби ҳунариашро бо номи Театри миниатюраи «Оина» бунёд намуд. Дар давраи дуюм бо гузориши саҳнаҳои оммавӣ соҳиби мақоми баландтар гардид. Нуктаи бебаҳс ин аст, ки дар ҳар ду давра яке аз мубалиғони тавонои ҳунари тоҷик буданашро баёнгар буд.
Ҳаҷв дар санъати тоҷик аз даврҳои қадим маншаъ мегирад. Базлагӯён, ҳазлгарон, мардуми шӯху танзгарон, шаънабозону масхарабозон аз замонҳои пеш бо ҳаҷву ҳазл дар тӯю маъракаҳо, нишасту ҷамъомадҳо хотири мардумро шод мегардонданд. Ҳаҷв ва таърихи он дар ҳаёти ҷамъиятии мо то ҳол ба таври мушаххас омӯхта нашудааст ва итминони комил дорем, ки  мутасаддиёни ин соҳа дар оянда ба ин масъалаи мубрами рӯз эътибор хоҳанд дод. 
Бо тамоми масъулият зикр менамоем, ки Убайдулло Раҷабов дар байни ҳаҷвнигорон мақоми шоиставу намоёнро ишғол менамояд. Ҳаҷв ва ҳазлро баъзе ашхос фақат воситаи ханда ва хушҳолӣ дониста, дар ҳаёт аҳамияти бузург доштани онро нодида мегиранд. Бесабаб нест, ки Убайдулло Раҷабов дар мақола, суҳбату гузоришҳо, муколамаю вохӯриҳояш ба омӯзиши амиқи ин жанри санъат даъват менамуд. Аламовараш он аст, ки ба ин паҳлуи фаъ-олияти ҳаҷвнигор баҳои ҳаққонӣ дода нашудааст. Маҳорати ин  санъаткори бузург дар ривоҷи ҳаҷв ҳамто надорад. Ӯ бо услуби хоси худ, бо киноя ва тамасхури нишонрас тамошогарро ба завқ меовард ва пеши назари онҳо ҳаёти пурпечутоби замонаро ҷилвагар менамуд. 
Нависандаи машҳури рус М. Е. Салтиков - Шедрин, ки яке аз ҳаҷвнависони оламшумул ба ҳисоб меравад, дар бораи ҳаҷв мегӯяд: «Барои он ки ҳаҷв ҳамчун ҳаҷви ҳақиқӣ бошад ва ба мақсад ноил гардад, аввалан бояд ҳамон орзу ва мақсадеро диҳад, ки аз он эҷодкори вай фиристода шудааст, дуюм ин ки вай тамоман равшан ба муқобили он айёше, ки неши ҳаҷв равона карда шудааст, дарк намояд». Ҳаҷви Убайдулло Раҷабов низ ба як мақсади муайян ва амиқ - ба муқобили бадахлоқӣ ва пасттинатии баъзе ашхоси замонаш равона шуда буд.
Убайдулло Раҷабов аз зиндагӣ худро канор гирифта наметавонист, ӯ ба муқобили носозиҳои замонаш эътироз баён мекард. Устоди ҳунар барои мубориза бурдан саҳнаро ҳамчун яроқи ҳаҷв истифода бурда, беибо ва рӯйирост тамоми ноҷӯриҳои ҷамъиятро дар ҳунараш инъикос мекард.
Ҳар як падида бо таъсири ҳаёт, тарзи зиндагии халқ ба вуҷуд меояд, худи замон ва ҳаёти ҷамъиятии давр имкон фароҳам меорад, ки чунин ҳаҷвнигори бомаҳорат рӯйи саҳна барояд ва ба решаи тамоми камбудиҳои замона зарба занад, ногувории зиндагии инсонро рӯйирост ва ҷойе бо киноя нишон бидиҳад.
Ҳаҷви Убайдулло Раҷабов аз ҳаҷви пешиниён ба куллӣ фарқ мекунад. Агар ҳаҷвнигорони пешин як тарафи ҳаёт ва шахсони алоҳидаро масхара намоянд, доираи ҳаҷви Убайдулло Раҷабов васеъ буда, дар саҳнаҳояш тамоми носозгориҳои ҷамъияти ҳамон давраро ҳаҷв менамуд. Аз назари тезбинии ӯ ягон рӯйдод берун наафтидааст. Тарзи гузориши мавзуъ ва алоқаи зичи ӯ ба ҳаёт ба Убайдулло Раҷабов имкон дод, ки саҳнаҳои ҳаҷвии воқеӣ офарад. Ҳаҷви ӯ хислати мушаххас дошта, кинояҳои тезутунду нишонрасаш барои ба мардум нишон додани камбудиҳои замона нақши калон бозидааст.
Қувваи ҳаҷви ҳунарманди беҳамто боз дар он буд, ки дар саҳнаҳояш кулли норасоиҳои ҷамъиятро нишон дода, намояндагони  қафомондаи ҷамъиятиро зери тозиёнаи танқид мегирифт. Ин хусусиятҳо ҳаҷви устоди саҳнаро ҷаззоб ва воқеӣ мегардонд. 
Симоҳое, ки Убайдулло Раҷабов дар саҳнаҳои худ офаридааст, воқеан, мушаххас буда, бо тасвир намудани ин симоҳо тамошогар ба кӣ ва ё ба кадом шахси воқеӣ равона карда шудани онро дарҳол пайхас мекунад. Масалан, дар саҳнаи «Тарбуз» симои ихтироъкори беҳунари нодон ва кӯтоҳандеш тасвир шудааст, ки ин олими беамал солҳои зиёд ба ихтирои нодаркор даст задааст. Ҳаҷви санъаткори варзида тезутунд буда, ӯ ҷасурона ноадолатии замонаро ба намоиш гузошта буд. Ҳаҷви тезутунд, киноя ва тамасхурҳои ӯ бештар ба дастандаркороне, ки бояд аз рӯи адолат, инсоф ба халқ хизмат кунанд, вале баръакс фоидаи шахсии худро аз манфиати омма боло медонистанд, равона шуда буд.
Убайдулло Раҷабов ҳаҷви тезутунду ифшогар ва нишонраси худро ба аҳволи замона равона карда, кирдори ношоистаи табақаи гуногуни ҷамъияти худро чунон устокорона истифода бурда буд, ки агар дар аввал дар намоишномаҳои «Чойхонаи дилкушо» ба назари тамошогар равон ва сода намояд, дар асл ин саҳнаҳо тасвири ҳаёти реалӣ ва нишон додани номутаносибии ҷамъияти ҳамонвақта ба шумор мерафт. Барои мисол дар саҳнаи ҳаҷвии «Санъатшинос» устоди ҳаҷв  бесаводии мутасаддии соҳаи санъатро бо тамоми ҳунар ба намоиш гузоштааст.
Аслан, хандаву ҳазл барои хушҳолӣ ва хушнудии инсон офарида шуда бошад ҳам, хандаҳое низ ҳастанд, ки аз гиря низ  талхтар ва ҳалокатовар мебошанд. Санъаткори моҳир, ҳассос ва тезбин маҳз чунин хандаро ба кор бурда буд, хусусан барномаи дар Кохи Борбад банамоишгузоштааш, аз он далолат медиҳад.
Сабаби ҳаҷвро аслиҳаи худ қарор додани ҳунарманд дар он буд, ки ӯ ба муқобили ноадолатиҳо баромада, гунаҳкорони асосии онҳо ва рафтори ношоистаашонро ошкоро масхара мекард. Ҳаҷви Убайдулло Раҷабов, ки ба муқобили бадахлоқон ва одамони пастфитрати замонааш равона шуда буд, моҳияти асосиаш тарғиби ахлоқи неку ҳамидаи инсонист. Ӯ бо саҳнаҳои ҳаҷвии худ инсон ва қадру қимати ӯро баланд мебардошт. Танзи устоди беҳамтои ҳаҷв гуногунмазмун буда, дар он хулосаи умумии ҳаёти иҷтимоӣ тасвир ёфта буд. Он ба муқобили  ноҷӯриҳое, ки дар замонаш ривоҷу равнақ ёфта, боиси нафрати мардум гардида буданд, аслиҳаи тезу тунду буррое ба шумор мерафт. Саҳнаҳои Убайдулло Раҷабов, махсусан ҳаҷви нишонрас ва боқуввати ӯ, дар ҳаёти ҷамъиятии мо ҳамто надоранд. Ин сатрҳоро рӯи саҳфа оварда, итминони комил дорам, ки дастандаркорони Вазорати фарҳанг ба мақом ва манзалати устоди ҳаҷв, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, дорандаи ордени «Ситораи Президент» Убайдулло Раҷабов баҳои сазовору арзанда дода, ҷиҳати абадӣ гардондани хотирааш чораҳои мушаххас меандешанд. 
 
Зариф ҒУЛОМ,  адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2022    №: 123    Мутолиа карданд: 1741
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед