logo

иҷтимоиёт

ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД

Ваҳдат - сарҷамъию якдилӣ, иттиҳоду ягонагӣ, дӯстию ҳамбастагист, ки оромию осудагии халқ аз он вобаста аст. Воқеан, ваҳдат неъмат аст. Истиқлолу озодӣ ва ваҳдату ягонагист, ки пояҳои давлати миллӣ устувор мешаванд ва миллат ба пешравию тараққиёт ноил мегардад. 
Ваҳдати миллӣ аз мавзуъҳоест, ки ҳамеша зери назари ҷомеашиносон қарор гирифтааст. Ин падидаи гаронарзиши инсонӣ аз асоситарин унсури ҳамбастагию иттифоқи ҷомеаҳост, ки дар баъзе кишварҳои олам ҳанӯз чун ормони таърихӣ боқист. Аз кашмакашию ноадолатиҳо, воқеаҳои дигари мудҳише, ки  дар саҳифаҳои таърих сабт шудаанд, аён мегардад, ки халқи тоҷик давраҳои пурҳассостарин ва бераҳмтарини таърихиро паси сар карда, баъд аз гузашти қарнҳо озодию мустақилӣ, иттиҳоду ягонагиро ба даст овардааст. Агар ба саҳифаҳои таърих нигарем, баъд аз шикасту рехти ҳазорсолаҳо ба мо - тоҷикон муяссар гашт, ки давлати миллӣ ва ормонии худро бунёд кунем. Ба ҳамагон маълум аст, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ диёри тоҷикро фаро гирифта, миллат марҳилаи хонумонсӯз ва ниҳоят даҳшатборро паси сар кард. Ин марҳилаи пурҳассоси таърихӣ як миллати решабатаърихро ба гурӯҳу дастаҳо ҷудо кард, ки боиси кашмакашиҳо, хунрезиҳо, нобаробариҳо, ноадолатиҳои бисёр гашт. Аз  нифоқу ваҳшату даҳшат раҳо кардану ба сулҳу ваҳдати миллӣ ноил шудан кори басо душвор ва азиме буд. Хушбахтона, мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш карда, дар кишвар фазои сулҳу оромӣ ва ободкориву созандагиро барқарор созад. Авроқи сабткардаи таърих худ далели заҳмату талошҳо ва ҷоннисориҳои дастаҷамъонаи ин халқи куҳанбунёд аст. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бисёр хуб ба қалам додаанд:
Паркандагӣ аз нифоқ хезад,
Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад.
Воқеан, таърихи тамаддуни башарӣ исбот кардааст, ки ба ҳамагуна зулму ноадолатӣ, маҳз парокандагию бегонапарастӣ даст додааст. Албатта, барои пароканда кардану нобуд сохтани як қавм, як миллат кофист дар байни он тухми нифоқу душманӣ кошта шавад, вале барои иттифоқу иттиҳод, ҳамбастагию сарҷамъӣ солҳо мекӯшӣ, то дар диле тухми гуле корида бошӣ. Яқин аст, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи арзишманди инсонӣ дар қалбҳо ҷо гирифта, дар амалҳо рӯи кор омадааст. Бояд гуфт, ваҳдат аст, ки давлат аст, ваҳдат аст, ки миллат аст. 
 
Ш. ОДИНАЕВА, 
корманди Маркази исломшиносӣ дар назди 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2022    №: 123    Мутолиа карданд: 650
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед