Хабарҳо
КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ ПУЛ МУШКИЛИ СОКИНОНРО ҲАЛ КАРД
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба омодагиҳо ба Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пули дарозиаш 85 метр, паҳноияш 4 метр, бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва сокинони шаҳрак бо тантана ба истифода дода шуд.
Пули мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Вазорати нақлиёт бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ бунёд гардид. Иншоот дар асоси дархости сокинони якчанд деҳаҳои шаҳрак, ки мушкилоти роҳ доштанд, бунёд ёфт.
Зокир ҲАСАН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4856