Хабарҳо
Медали биринҷии Моҳрӯ аз ЧО
Моҳру Ҳалимова, таэквондочибонуи тоҷик, (-67кг) дар Чемпионати Осиё (24 – 27 июн, Чунчеон, Корея) сазовори ҷойи сеюм гашт.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, ӯ муҳорибаро аз чорякфинал оғоз карда, бар Марам Фетнасси (Қатар) ғолиб омада, дар нимфинал аз Ҷулиана Ас-Содиқ (Урдун) мағлуб гардид.
Бояд гуфт, ки Моҳрӯ қаблан дар Чемпионати Осиё медали нуқра (2016) ва нишонҳои биринҷӣ (2018, 2021) ба даст оварда буд.
5 нишони гӯштигирони наврасу ҷавон
Паҳлавонони то 17 ва 23-солаи кишвар дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштӣ 5 медал (3 нуқра, 2 биринҷӣ) гирифтанд.
Нишонҳои нуқраро Суннат Абдуллоев (юнонӣ-римӣ, -65кг), Муҳаммадамин Абдуллоев (тарзи озод, -80кг, миёни наврасон) ва Асламҷон Азизов (юнонӣ-римӣ, -55кг, миёни ҷавонон) сазовор шуданд. Ҳусейн Ҳасанов (юнонӣ-римӣ, -60кг, миёни наврасон) ва Мустафо Ахмедов (тарзи озод, -70кг, миёни ҷавонон) ҷойи сеюм шуданд.
Алишер Тӯхтаев Левченкоро иваз намуд
Бо қарори роҳбарияти дастаи «Истиқлол» мутахассиси тоҷик Алишер Тӯхтаев муваққатан сармураббии тими шаҳри Душанбе таъин шуда, бошгоҳро ба бозиҳои дарпешистодаи Лигаи олӣ ва Ҷоми кишвар омода мекунад.
Виталий Левченко баъд аз анҷоми муҳлати шартнома бо розигии тарафайн онро тамдид накарданд ва тарки «Истиқлол» намуданд.
Муваффақияти навбатии Баҳодур
Баҳодур Усмонов, боксчии номвари тоҷик, дар Суперфинали Ҷоми байниқитъавӣ муштзани рус Александр Девятовро шикаст дода, мақоми аввалро касб кард.
КМВА аз роҳхати даври навбатии Ҷоми КФО бенасиб монд
Тими КМВА (Тоҷикистон) дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО – 2022 (гурӯҳи «Е») аз «Суғдиёна» (Ӯзбекистон) шикаст хӯрд (2:3).
Дар вохӯрии дигар «Олтин Асир» (Туркманистон) ба дарвозаи «Нефтчӣ» (Қирғизистон) як голи беҷавоб зад.
Пас аз ду давр «Суғдиёна» бо шаш ва «Олтин Асир» чор хол дар ҷойҳои якуму дуюманд. Барои роҳхат ба даври навбатӣ дастаҳо 30 июн бо ҳам неру месанҷанд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5811