Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
АИР «Новости». Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Эрон Саид Хатибзода изҳор дошт, ки Эрон барои узвият дар БРИКС дархост пешниҳод намуд. Ӯ изҳори умед кард, ки Эрон метавонад дар рушди ин иттиҳодия саҳм бигузорад.
ТАСС. Россия ҳама корро анҷом медиҳад, то вазъ дар Афғонистон ба эътидол ояд ва, ҳамчунин, талош дорад, бо неруҳои сиёсие, ки Афғонистон таҳти назорати онҳост, равобит барқарор намояд, - изҳор дошт Президенти Россия Владимир Путин.
CentralAsia (UZ). Дар иҷлосияи Созмони ҳамкории исло-мӣ - шаҳри Хива, воқеъ дар Ӯзбекистон, пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом дар соли 2024 эълон гардид.
Синхуа. Тибқи иттилои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин, то охири соли 2021 беш аз 25 миллион шаҳрвандони хориҷӣ забони чиниро омӯхтаанд. Забони чинӣ ба системаи миллии таълимии 76 кишвари ҷаҳон дохил шудааст. Шумораи умумии одамоне, ки ба забони чинӣ таълим мегиранд, қариб ба 200 миллион нафар расид.
EurAsiaDaily. Олаф Шолс, Канслери Олмон, гуфт, ки идома додани музокирот бо Президенти Россия Владимир Путин зарур аст. Ӯ тавзеҳ дод, ки дар ҳоли ҳозир нақшаи гуфтугӯҳои телефонӣ бо Путин вуҷуд надорад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5837