Хабарҳо
Путин дар саммити Хазар дар Ашқобод ширкат хоҳад кард
INTERFAX.RU. Президенти Россия Владимир Путин имрӯз аз Ашқобод дидан карда, дар шашумин нишасти ҳавзаи Хазар ширкат меварзад.
Москва интизор дорад, ки раҳбарони ширкаткунанда дар ин ҳамоиш моҳияти стратегии ҳамкориҳои бисёрҷониба дар ҳавзаи Хазар ва риояи принсипҳои дар конвенсия дар бораи мақоми ҳуқуқии баҳри Хазарро таъйид кунанд.
Ёрдамчии Президенти Россия Юрий Ушаков дар остонаи сафари Путин ба Ашқобод гуфт, ки ба шарофати талошҳои дастаҷамъии кишварҳои соҳилӣ, минтақаи Хазар, дар маҷмуъ, босубот ва бидуни низоъ аст. Миёни ҳамсояҳои ҳавзаи Хазар оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ сатҳи баланди эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ нигоҳ дошта мешавад. «Умуман, дар Хазар муҳити дӯстӣ ва ҳамкорӣ ҳукмфармост», - гуфт ӯ.
Чин аз консепсияи нави стратегии НАТО нигарон аст
RT. Намояндаи доимии Чин дар СММ Чжан Сзюн гуфт, ки кишвараш аз пайомадҳои эҳтимолии қабули консепсияи нави стратегии НАТО ниҳоят нигарон аст.
«Чин ислоҳоти стратегии НАТО-ро бодиққат назорат карда, аз оқибатҳои ба ном консепсияи стратегӣ хеле дар ташвиш аст. Роҳбарони НАТО вақтҳои охир дигар давлатҳоро ба унвони таҳдид муаррифӣ мекунанд. Аммо чуноне ки фактҳо шаҳодат медиҳанд, маҳз НАТО аст, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба проблемаҳо оварда мерасонад», - гуфт Чжан Сзюн дар маҷлиси Шурои амният.
Намояндаи Чин аз Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ даъват кард, ки вазъ дар Украинаро барои ташдиди зиддият байни кишварҳо ва сар задани ҷанги нави сард истифода набарад.
СММ ният дорад ба Афғонистон 110 миллион доллар ҷудо намояд
EurAsiaDaily. Муассисаҳои системаҳои СММ аз донорҳо дархост кардаанд, ки ба таври фаврӣ ба сокинони аз заминларза осебдидаи Афғонистон 110 миллион доллар ҷудо намоянд, - хабар медиҳад сомонаи СММ.
Маблағи дархостшуда барои расондани ёрии фаврӣ ба 362 ҳазор нафар дар вилоятҳои аз ҳама осебдидаи Пактико ва Хуст дар се моҳи оянда пешбинӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи заминларза дар Афғонистон биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои тиббӣ ва мактабҳо хароб шудаанд. Ғайр аз ин, системаи обу барқ осеб дидааст.
«Муроҷиати нав як қисми афзалиятноки нақшаи вокуниши башардӯстонаи Афғонистон мебошад, ки соли ҷорӣ 4,4 миллиард доллари амрикоиро дар бар мегирад. Мутаассифона, нақша ҳамагӣ 34 дарсад маблағгузорӣ шудааст.
Байден ва Эрдоган дар ҳошияи нишасти НАТО мулоқот хоҳанд кард
Росбалт. Кохи Сафед хабар дод, ки роҳбарони Амрико ва Туркия Ҷо Байден ва Реҷеп Тайип Эрдоган дар ҳошияи нишасти НАТО дар Мадрид мулоқоти дуҷониба баргузор менамоянд.
Зимни вохӯрии Байден бо Эрдоган масоили муштараки дифоъ ва амнияти НАТО ва, ҳамчунин, як қатор масъалаҳои муҳими равобити дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Анкара эътирози худро ба пайвастани Финляндия ва Шветсия ба НАТО бозпас гирифтааст. Интизор меравад, ки ҳар ду кишвари Скандинавия дар саммити ин Эътилоф даъватнома барои пайвастан ба НАТО дарёфт намоянд. Байден гуфт, ки аз созиши ҳосилшуда миёни кишварҳо истиқбол мекунад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7147