logo

иҷтимоиёт

РАШТ. НОҲИЯЕ ДАР МАСИРИ РУШД

 
Дар ноҳияи Рашт 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ таҷлил карданд. Зеро сулҳу субот ва оромию амонӣ барои касоне, ки даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дидаанд, боарзиштарин неъмат маҳсуб мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки ба ояндаи давлату миллати мо таҳдид мекард,  ноҳия ва, умуман минтақаи Рашт, яке аз маҳалҳои ҷангзада ба шумор мерафт. Ба сари мардум рӯзҳои сахту сангин омаданд.
Баъди дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми заҳматкаши ноҳия ба ҷонибдории сиёсати хирадмандонаи ӯ камар баста, баҳри ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, эҳё намудан ва рушд додани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ тамоми саъю талоши худро равона намуданд.
Натиҷаи чунин ҳамдигарфаҳмиҳо буд, ки дар ин минтақа насими сулҳ оҳиста-оҳиста вазидан гирифта, моҳи сентябри соли 1996 байни гурӯҳҳои даргири водии Рашт ва кормандони мақомоти давлатӣ Созишнома ба имзо расид. Созишномаи мазкур оташи низоъро то андозае хомӯш кард, мардум ба пуррагӣ ҷонибдори сохти конститутсионии мамлакат ва сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат гардиданд.
Хушбахтона, бо саъю талошҳои Пешвои миллат чанде баъд, яъне 27 июни соли 1997, орзую омоли тамоми мардуми кишвар ҷомаи амал пӯшид ва Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Москва ба имзо расид.
Ваҳдати миллӣ ба рӯи халқи мо дарвозаҳои бахту саодатро кушод. Мардум ба марҳалаи нави созандагӣ даст ёфтанд ва дар асоси ҳидоятҳои Роҳбари давлат маҳали зисти худро, ки хисороти зиёде дида буд, ба макони созандагиву бунёдкорӣ, адлу адолат, тантанаҳои бузург ва диёри афсонавӣ табдил доданд.
Таҷлили ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ду маротиба дар ноҳияи Рашт, солҳои 2006 ва 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, бори дигар собит сохт, ки сокинони водии Рашт аз сиёсати Пешвои муаззами миллат сидқан ҷонибдорӣ мекунанд ва ӯро чун наҷотбахши давлату миллат ва бузургтарин шахсияти ваҳдатофар дӯст медоранду эътироф мекунанд. Пешвои миллат низ бо дарки воқеият ба мардуми минтақа ҳамвора таваҷҷуҳи махсус зоҳир месозанд.
Беҳуда  нест, ки соли сипаришуда  Роҳбари давлат зимни сафари кориашон ба ноҳияҳои водӣ рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоиро дар ноҳияи Рашт  назаррас арзёбӣ намуда, ба соҳибкорони маҳаллӣ ва тамоми мардуми заҳматкаш, ки ба хотири истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  ҷодаи  ободу зебо гардондани  ин  гӯшаи кӯҳистонии  кишвар  саҳми  арзанда  гузоштанд,  изҳори сипосу қаноатмандӣ карданд. Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт моҳи сентябри соли 2021 сохта ба истифода додани бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35 аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Файзиддин Зиёвуддинов гувоҳи он аст, ки соҳибкорони ноҳия сазовори боварии Сарвари давлат гаштаанд.  
Албатта, бо дастовардҳои бузург истиқбол намудани ҷашни фархундаи миллӣ аз меҳнати содиқонаю софдилона ва ватандӯстию ватанпарастии сокинони ноҳия, бахусус соҳибкорони бонангу ор шаҳодат медиҳад. Маҳз дар доираи ин ҷашни миллӣ беш аз 370 иншоот бунёд ва навсозӣ гардида, оғӯши кӯҳҳои сарбарфалаккашидаро дар маҳалҳои аҳолиниши дурдаст ҳусни дигар бахшиданд.
Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рашт, ки дар се марҳала таҳия гардида, мавриди амал қарор гирифт, дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми арзишманд гузоштааст. Ҳоло омодагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бомаром идома дорад. Бо мақсади истиқболи шоистаи он  дар назар дошта шудааст, ки дар ноҳия боз 203 иншоот бунёд ёбад. Қисми зиёди онҳо ба соҳаи саноат тааллуқ доранд. Умуман, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия беш аз 700 иншооти муҳими хоҷагии халқ дар доираи нақшаи тадбирҳои Ҳукумат сохта ба истифода дода шудааст.
 Бунёди иншооте, ба монанди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва маҷмааи варзишии он, Коллеҷи тиббӣ бо хобгоҳаш, биноҳои прокуратура, нозироти андоз, суғурта, Тоҷикстандарт, меҳмонхонаю ошхонаҳои замонавӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти давлатӣ, биноҳои нави соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, бинои чорошёнаи маъмурӣ, варзишгоҳи марказӣ, таъмиру барқарорсозии шоҳроҳи Душанбе - Рашт - Лахш, қасри фарҳанг, пули мошингузари байни деҳаҳои Мулло Барот ва Ҳиҷборак, ки орзуи садсолаи деҳотиён буд, аз дастовардҳои беназири мардуми ноҳияанд.
Рашт ноҳияи аграрист. Бо мақсади дастгирии соҳа тайи се соли охир 34 чоҳи амудӣ ва 2 канал бунёд гардид. Аз ҷумла, дар наҳри обрасонии Дашти Беоби деҳоти Ҳоит ба дарозии 5100 метр лӯлаҳои обгузар хобондем, дар натиҷа беш аз 150 гектар замин обёрӣ шуд. Инчунин, корҳои таъмиру барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии “40-солагии Тоҷикистон – 1” ва “Дашти Фарох” ба маблағи 95 ҳазору 800 сомонӣ ба анҷом расид ва ба ин васила ҳолати мелиоративии 45 гектар замин беҳтар гашт. Ҳамзамон, каналҳои «Қарашаҳр – 1», «Қарашаҳр – 2», «Шӯрак», «Сари Шӯхон» ва «Гамбариён» ба маблағи 92 ҳазору 442 сомонӣ аз таъмир бароварда шуда, 150 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид.
Бо ҷалби маблағгузории “Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон” дар наҳри обрасонии “Камчароғ” дар ҳаҷми 226000 сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозӣ иҷро шуданд. Дар натиҷа зиёда аз 100 гектар замин шодоб гашт.
Бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва аҳолӣ сохтмони канали “Мардумӣ” дар деҳоти Қалъаи Сурх идома дошта, ба маблағи зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардиданд. Баъди ба истифода супурдани марҳалаи якуми он зиёда аз 100 гектар замин обёрӣ мешавад.
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби маблағгузории шарикони рушд корҳои мустаҳкамкунии сарбанди наҳри обрасонии “50-солагии Тоҷикистон” барои пешгирӣ аз шусташавии он ва ба ин восита обёрӣ намудани зиёда аз 50 гектар замини кишоварзии ҳудуди деҳоти Навдӣ ба анҷом расонда шуданд.
Деҳқонони ноҳия бо дарки масъулияти баланд туфайли чунин дастгириҳо майдони киштзорро васеъ намуда, баҳри рушди соҳа ва фаровонии маҳсулот низ саъю талош варзида истодаанд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 11 июни соли ҷорӣ зимни суҳбати телефонӣ бо раисони водии Рашт доданд,  аҳли заҳмати ноҳия тасмим гирифтанд, ки соҳаи кишоварзиро боз ҳам рушд дода, аз ҷумла майдони картошкаро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 3500 гектар расонанд.
Сокинони  ноҳияи Рашт аз баракати сулҳу субот,  ваҳдати  миллӣ ва дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талош доранд, то дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, бахусус дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзишманд гузоранд.  
 
Муқимӣ Раҳимҷон НАБИЗОДА, 
раиси ноҳияи Рашт

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2022    №: 124    Мутолиа карданд: 658
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед