иҷтимоиёт
ИСТИҚЛОЛ ВА 30 СОЛИ ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ
Мардуми тоҷик тули сӣ соли Истиқлоли давлатӣ ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ соҳиб гардид. Муҳимтарин дастоварди мо дар даврони истиқлол ин, пеш аз ҳама, расидан ба ваҳдату оштии миллӣ, таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобуд гаштан наҷот додани давлатдории миллӣ, аз парокандагӣ раҳо бахшидани якпорчагии марзу буми аҷдодӣ буд.
Зеро бе ваҳдату якпорчагӣ бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ғайриимкон аст. Маҳз соҳибихтиёрӣ поя ва сутуни заррини бунёди давлати миллӣ мебошад. Ба ҳамагон равшану аён аст, ки тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бо ному пайкори созанда ва ҷоннисориҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ доранд. Дар миқёси ҷаҳон ин шахсияти беназир ҳамчун бунёдкори давлати соҳибихтиёру миллии тоҷикон шинохта гардид. Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматҳои шабонарӯзиашон ба давлатдории миллӣ таҳкурсӣ гузошта, сохторҳои фалаҷшудаи давлатиро аз нав эҳё намуда, ба сохтмони давлати навини тоҷикон оғоз бахшиданд. Бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон созмони давлати демокративу ҳуқуқбунёд бо принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба рукнҳои мустақил: қонунгузор, иҷроия ва судӣ муайян карда шуд.
Дар ин ҷода, маҳз бо эълон намудани Истиқлоли давлатӣ ба мақомоти судӣ ҳамчун сохтори калидӣ дар масоили риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти махсус дода шуда, соли 1994 бо қабули Конститутсияи давлати соҳибихтиёр принсипи мазкур дар сатҳи конститутсионӣ мустаҳкам гашта, дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, мақомоти судӣ низ ба сифати шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид.
Бояд гуфт, ки қабули Конститутсия ба ислоҳоти судӣ дар кишвар асос гузошта, соли 1995 қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд, ки бори аввал дар низоми судии кишвар судҳои конститутсионӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис ёфта, арбитраж ба суди иқтисодӣ табдил дода шуд.
Бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми ноябри соли 1995, таҳти №103 “Дар хусуси мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” расман судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардиданд.
Дар натиҷаи ислоҳоти бавуҷудомада, зарурати такмили минбаъдаи қонунгузорӣ оид ба сохтори судӣ дар соли 1995 ба миён омада, барои қабули ду санади меъёрии ҳуқуқӣ – Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд. Воқеан ҳам, санадҳои номбурда мустақилии судҳои иқтисодиро дар низоми ҳокимияти судӣ ифода карда, бори аввал салоҳияти баамалбарории адолати судӣ аз рӯи парвандаҳои иқтисодӣ ба зиммаи мақомоти судӣ гузошта шуд.
Ҳамин аст, ки фаъолияти судҳои иқтисодӣ ҳамчун низоми алоҳидаи ҳокимияти судии ҷумҳурӣ баҳри баамалбарории адолати судӣ оид ба парвандаҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳои бо фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисодӣ алоқаманд равона гардид.
Дар баробари ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ боиси ба вуқуъ пайвастани тағйироти ҷиддӣ дар сохтори давлатӣ гардида, бо баргузории ислоҳоти конститутсионӣ сохтор ва фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва ҳокимияти судӣ такмил дода шуданд.
Роҳбари давлат нақши мақомоти судӣ дар самти мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муҳим арзёбӣ намуда, даврони соҳибистиқлолӣ ба фаъолияти мақомоти судӣ диққати хосса зоҳир менамоянд. Тули 30 соли Истиқлоли давлатӣ бо роҳнамоию сиёсати оқилонаи Пешвои миллат раванди ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, дар ҳамаи соҳаҳо санадҳои меъёри ҳуқуқӣ қабул гардида, мунтазам фаъолияти мақомотҳои давлатӣ таҳкиму рушд меёбанд.
Ҷомеаи имрӯза дар марҳилаи таърихии инкишофи худ қарор дорад. Бо мақсади ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, қабл аз ҳама, тақозо мегардад, ки ба танзими қонунӣ ва кафолатҳои ҳифзи судӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад, зеро рушду такомули муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таҳкими кафолати ҳифзи судии онҳо барои инкишофу пешравии ҷомеа муҳим ва зарур мебошанд.
Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ баҳри пешрафти фаъолияти баамалбарории адолати судӣ сохтори судҳои иқтисодӣ такмил дода шуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2020, таҳти № 1511 15 адад воҳиди кории иловагӣ ҷудо гардид. Бешубҳа, ин дастгирӣ ба сари вақт ва босифат анҷом додани баррасии парвандаҳои судӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2022, таҳти №370 дар сохтори Суди Олии иқтисодӣ дигаргунӣ -15 адад мансаби ёрдамчии судя ворид карда шуд.
Бобати тақвияти фаъолияти амалигардонии адолати судӣ дар назди Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои илмӣ-машваратӣ ҳамчун мақоми дастаҷамъонаи илмӣ ва амалӣ аз ҳисоби судяҳои таҷрибадор ва олимони соҳаи ҳуқуқ фаъолият дошта, он дар таҳияи санадҳои дахлдори соҳаҳои ҳуқуқ нақши муассир дорад.
Масоили муҳими имрӯз баҳри пешрафти кори судҳо ҷорӣ намудани адолати судии электронӣ мебошад. Пешвои муаззами миллат доир ба ин масъала дар вохӯриву баромадҳояшон пайваста таъкид мекунанд: “... ҳарчи зудтар ба низоми коргузории электронӣ гузашта, бояд дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, бахусус хизматрасониҳо, омилҳои инсонӣ кам карда шаванд. Дар марҳилаи имрӯза бо истифода аз усулҳои «Ҳукумати электронӣ» ҳарчи васеътар ҷорӣ намудани коргузорӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад”.
Тоҷикистон барои роҳандозӣ намудани ин механизми кор қадамҳои аввалини худро гузошта заминаи ҳуқуқиро фароҳам кардааст. Ба монанди, «Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ қабулу мавриди амал қарор доранд. Илова бар ин, дар «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» низ, ташаккули ҳукумати электронӣ ва дастрасӣ ба иттилоот махсус зикр шуда, дар ин раванд корҳои муайяне ба анҷом расидаанд.
Дар судҳои иқтисодӣ низ дар ин самт пешравиҳо ба мушоҳида расида, солҳои охир корбарӣ ба таври электронӣ оғоз гардида, бо мақсади сари вақт ба ҷомеа расондани иттилоот аз кори судҳо, таҳкими боварии мардум ба ҳокимияти судӣ дар сомонаҳои судӣ маълумот дар бораи ҷабҳаҳои ҳаёти судҳои иқтисодӣ, санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ, таҷрибаи судҳои иқтисодӣ, қарорҳои Пленуми Суди Олии иқтисодӣ, инчунин, мақолаҳои илмӣ, илмӣ - оммавӣ нашрияи “Ахбори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” интишор мегарданд.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти судҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо" қабул ва мавриди амал қарор гирифт. Ҳадафи Қонун шаффоф ва ошкоро баргузор намудани мурофиаҳои судӣ, қабули санадҳои судии қонунӣ, ҷоннок намудани сомонаҳои судӣ, шароит фароҳам овардан барои дастрасии ҷомеа ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ва рушди робитаҳои мақомоти судӣ бо воситаҳои ахбори оммаро фаро мегирад.
Дар ин раванд, сомонаҳои судҳои иқтисодӣ дар шабакаи интернетӣ фаъолият доранд. Ҷиҳати сари вақт дастрасӣ доштани шахсони иштироккунандаи парванда доир ба ҳаракати парвандаҳо дар сомонаи судҳои иқтисодӣ маълумот ҷой дода мешаванд. Саҳифаҳои махсус оид ба тартиби коргузорӣ дар судҳои иқтисодӣ, огоҳонидани шахсони иштироккунандаи парванда оид ба маҳал ва вақти баррасии парвандаҳо, баррасии муроҷиатҳо тариқи почтаи электронӣ фаъол гардидаанд.
Гузариш ба низоми коргузории электронӣ баҳри таъмини шаффофият, аз байн бурдани кашолёбии баррасии парвандаҳои судӣ мусоидат мекунад. Аз тарафи дигар, ворид шудан ба ин усули корбарӣ хароҷот, ба монанди дастрасӣ ба технологияҳои муосир, омода кардани мутахассисонро талаб менамояд. Тавре зикр гардид, Ҳукумати кишвар дар ин самт корбариро оғоз ва заминаи ҳуқуқиро муҳайё намудааст. Марҳила ба марҳила дар фаъолияти судӣ ҷорӣ намудани гардиши электронии ҳуҷҷатҳо тақозои замон аст.
М. С. ҚАЛАНДАРЗОДА,
раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.06.2022 №: 124 Мутолиа карданд: 626