иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Бояд гуфт, ки шахсиятҳо дар ду ҳолат шуҳрат пайдо мекунанд, яке дар замони зиндагӣ, дигаре пас аз марг. Шуҳрати инсонро танҳо кору пайкори ӯ муайян карда, ёду номи ӯро дар дили халқ гиромиву ҷовидон нигоҳ медорад. Онҳо аз худ гузашт намуда, тамоми талошашонро барои ободии диёр ва сулҳу оромии он равона месозанд. Ин гуна инсонҳоро сарсупурдаи миллат меҳисобанд. Яке аз чунин шахсиятҳои сарсупурдаи миллат, ки тамоми умри пурбаракати худро сарфи ободиву пешрафти давлату миллат намуда, баҳри инкишофи ҷамъият ва некуаҳволии он камари ҳиммат бастааст, Некқадам Отамбеков мебошад. Зиндагӣ ва рӯзгори ибратбахши ин роҳбари матинирода барои насли ҷавони кишвари азизамон намунаи ибрат мебошад. Номи неку пурифтихори Некқадам Отамбеков беш аз ҳаштод сол дар қалби мардум ҷой гирифта, хидматҳои мондагорашро ба некӣ ёд меоранд.
Некқадам Отамбеков соли 1922 дар деҳаи Рэни ноҳияи Ишкошими ВМКБ ба дунё омадааст. Ӯ таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, соли 1938 мактаби миёнаи нопурраро дар деҳаи Нуд ва соли 1957 мактаби миёнаи шабонаро дар маркази ноҳияи Ишкошим хатм намудааст. Пасон, дар мактаби дусолаи ҳизбии назди КМ ҲК Тоҷикистон ва Мактаби олии ҳизбии назди КМ ИҶШС дар шаҳри Тошкент таҳсил менамояд. Маҳз донишҳои омӯхтаи ӯ дар Тошкент барои рушди ояндаи Отамбеков замина гузоштанд.
Ӯ баъди хатми мактаби олии ҳизбии назди КМ ИҶШС шаҳри Тошкент, соли 1960 ба ҳайси ҷонишини раиси Комиҷроияи ноҳияи Ишкошим ифои вазифа намуд ва аз моҳи ноябри соли 1960 то моҳи январи соли 1963 дар вазифаи котиби дуюми Кумитаи ҳизбии ноҳия ва аз моҳи январи соли 1963 дар вазифаи раиси Комитети назорати ҳизбӣ - давлатии ноҳияи Ишкошим фаъолият дошт.
Ҳукумати давр кӯшишу заҳматҳои зиёди Некқадам Отамбековро ба инобат гирифта, моҳи январи соли 1965 ӯро ба вазифаи котиби якуми Кумитаи ҳизбии ноҳияи Ишкошим таъин намуд. Ӯ то ба нафақа баромадан дар ин вазифа сарбаландона кор кард. Дар ин давра бинои муассисаҳои таълимии №№ 1, 4, 8, 9, 13, 11, 20, 23, 26, бисёр хонаҳои истиқоматӣ дар маркази ноҳия, марказҳои фарҳангӣ дар деҳаҳои Шитхарву Зонг ва дигар иншооти маъмурӣ ва маданӣ - маишӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Бо ташаббусу фаъолияти ӯ дар ноҳия муассисаҳои таъминоти моддӣ - техникии хоҷагии халқ, сохтмони роҳ ва алоқа ташкил шуданд.
Отамбеков омилҳои муҳими рушди ноҳияро дар беҳтар намудани зисту зиндагии мардум, инкишофи соҳаи зироаткорию чорводорӣ медид, ки асоси онро зиёд намудани заминҳо, муҳофизат ва самаранок истифода бурдани онҳо ташкил медиҳад. Бо ҳамин мақсад, ӯ борҳо дар назди мақомоти дахлдор ва мардум масъалаҳоро вобаста ба азхудкунию обёрии заминҳои солҳои дароз бекорхобида мегузошт ва ба ҳалли мусбати онҳо ноил мегардид. Аз ин ҷост, ки бо талабу дархост ва нишондоду роҳбарии ӯ дар солҳои 1965 - 1983 дар ноҳия 95 гектар заминҳои бекорхобидаи деҳаҳои Вранг, Ямчун, Туггоз, Даршай, Сумчин ва Яхшивол дубора ба истифода дода шуданд. Умуман, дар ин давра дар ноҳия ҷамъулҷамъ 1121 гектар замин аз нав обёрӣ шуд.
Хидмати ӯ дар ободу зебо гардондани ноҳияи Ишкошим, ба як шаҳраки замонавӣ табдил додани маркази ноҳия низ, бориз аст. Ба тамоми соҳаҳо, махсусан инкишофи соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, диққати хосса медоду бевосита ба ин масъалаҳо машғул шуда, барои беҳбудии онҳо талоши зиёд мекард.
Некқадам Отамбеков барои хизматҳои шоёнаш дар рушди хоҷагии халқи ноҳия се маротиба ғолиби Мусобиқаи сотсиалистии умумииттифоқӣ шудааст. Вай бо ордену медалҳо, диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.
Илҳом ҚУРБОНШОЕВ,
номзади илми фалсафа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.06.2022 №: 124 Мутолиа карданд: 635