Хабарҳо
БОНКИ МИЛЛӢ. ВАҲДАТ ТАҶАССУМГАРИ ИТТИҲОД АСТ!
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гашт, ки дар он раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, муовини раиси БМТ Фирдавс Толибзода ва дигар кормандони бонк иштирок намуданд.
Чорабинии идонаро Ҳоким Холиқзода ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро бо Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз муҳимтарин ва бузургтарин ҷашнҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон маҳсуб меёбад, табрику муборакбод гуфта, барояшон комёбиҳои рӯзафзун, осмони соф ва сулҳу суботи пояндаро таманно намуд.
Ҳоким Холиқзода иброз дошт, ки Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки аз фарҳангу хиради азалии мардуми тоҷик ва раҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, имрӯз таҷассумгари иттиҳоди ҳақиқии ҳамаи сокинони мамлакат ва якпорчагии Тоҷикистони азиз мебошад.
Таҳкими дастовардҳои истиқлол, бунёди пояҳои устувори давлатдории миллӣ, дастгирии амнияту суботи сиёсӣ, татбиқи муваффақонаи чор ҳадафи стратегӣ, тақвияти иқтидори иқтисодию иҷтимоӣ, маҳз ба туфайли фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ имконпазир гардид. Аз ин рӯ, месазад, ки беш аз ҳама сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, ба қадру қимати истиқлол ва давлатдории мустақил расем, худро ҳамтақдири давлату миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ, соҳибдавлатию соҳибихтиёрӣ, ҳамчунин, меҳнати софдилонаву садоқатмандона ба нафъи халқу Ватан ифтихор намоем.
- Ваҳдати миллӣ ва фазои созгори сулҳу субот дар кишвар талаб мекунад, ки мо ҳамагон дастаҷамъона саъю талош кунем, то аз раванди босуръати тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ қафо намонем, наслҳои имрӯзу ояндаро ба сӯйи тамаддуни муосир, яъне дастовардҳои илму фан, техникаву технологияи навтарин ҳидояту раҳнамоӣ созем. Ҳамчунин, дар ин росто бо мақсади такмилу пешрафти низоми бонкдории мамлакат аз технологияи рақамӣ, хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва дигар воситаҳои иттилоотии замонавӣ самаранок истифода барем, - иброз дошт Ҳоким Холиқзода.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо такя ба сиёсати созандаи Сарвари давлат аз ҳозирон даъват ба амал овард, ки имрӯз бештар аз ҳар вақти дигар бикӯшем, ки ҳар як соли сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мардуми мо соли пешрафт, дастовардҳои нави иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсӣ гардида, барои афзудани нуфузу эътибори Тоҷикистони маҳбуб дар доираҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд, зеро дар рӯзгори пуртазодди муосир, танҳо ваҳдату ҳамдилӣ ва заҳмати садоқатмандонаи мо, ҳамчунин, дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати Пешвои муаззами миллат ва давлату Ҳукумати мамлакат метавонад кафил ва заминаи боэътимоди пешрафти кишвар, аз ҷумла низоми бонкии он, гардад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5410