Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
RT. Канслери Олмон Олаф Шолс ба ARD гуфт, ки тарк кардани нишасти дарпешистодаи G20 дар Индонезия ба далели ширкати Россия «иштибоҳи сиёсии ҷаҳонӣ» хоҳад буд. Ӯ иброз дошт, ки барои музокира бо Путин зид нест.
ТАСС. Намояндаи расмии Дабири кулли СММ Стефан Дюжаррик иттилоъ дод, ки Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш зимни суҳбати телефонӣ бо вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров баргардондани ғаллаи Россияву Украина, ҳамчунин, нуриҳои минералии русиро ба бозори ҷаҳонӣ баррасӣ намуд.
CentralAsia (UZ). Дар Ӯзбекистон як зане боздошт шуд, ки бо нияти издивоҷ ба яке аз ҷангҷӯён дар Сурия мехост ба сафи онҳо бипайвандад,- хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон.
Синхуа. Вазорати корҳои хориҷии Чин аз G7 даъват намуд, ки ҳамла ва туҳмат ба Чин ва дахолат ба корҳои дохилии ин кишварро дар ҳар шакл бас кунанд. Ин даъват дар посух ба изҳороти нишасти G7 садо дод, ки дар он иттиҳомоти беасос роҷеъ ба масоили марбут ба Чинро дар бар мегирад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5171