Хабарҳо
Путин: «Россия тарафдори амиқтар шудани равобити «панҷгона»-и Хазар аст»
RGRU. «Россия пайваста ҷонибдори амиқтар кардани ҳамкориҳои байни «панҷгона»-и Хазар: дар сиёсат, амният, иқтисод ва ҳифзи муҳити зист ва, ҳамчунин, дар бисёр ҷанбаҳои рӯзномаи башардӯстона аст", - гуфт Владимир Путин дар нишасти Ашқобод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми муомилоти моли мутақобила меафзояд. Соли 2021 тиҷорат беш аз сеяк афзуд ва имсол низ дар ҳоли афзоиш аст. Путин ба тавсеаи минбаъдаи равобити тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ даъват карда, ҷонибдори таҳкими ҳамкориҳои саноатӣ ва технологӣ мебошад.
Роҳбари Россия аҳамияти таҳкими ҳамкорӣ дар заминаи амнияти экологӣ, ҳифзи баҳри Хазар ва захираҳои баҳриро таъкид кард. Ӯ пешниҳод намуд, ки таҳияи заминаи ҳуқуқӣ, ки бар асоси Конвенсияи чаҳорчӯбаи ҳифзи муҳити баҳри Хазар, ба истилоҳ Конвенсияи Теҳрон дар соли 2003 асос ёфтааст, анҷом дода шавад.
Президентҳои кишварҳои ҳавзаи Хазар дар хотимаи саммити Ашқобод изҳорот қабул карданд
Мир24. Иштироккунандагони саммити Хазар дар Ашқобод дар ҷамъбасти маҷлис изҳорот қабул карданд. Сарварони давлатҳои минтақаи Хазар бори дигар тасдиқ карданд, ки ба мамлакатҳои дигар барои анҷом додани ҳамла аз ҳудуди худ роҳ намедиҳанд.
Ба мувофиқа расиданд, ки ҳузури қӯшунҳои мусаллаҳи дигар мамлакатҳоро дар баҳри Хазар иҷозат нахоҳанд дод.
Президентҳо ба тавофуқ омаданд, ки баҳри Хазар ба ҳадафҳои осоишта ва таъмини амнияти минтақа истифода шавад.
Созишнома ба даст омад, ки нишасти навбатии сарварони кишварҳои назди баҳри Хазар дар Эрон баргузор гардад.
ХФБ аъзои як созмони ифротиро барои омодагӣ ба ғасби ҳокимият боздошт намуд
Lenta.ru. Кормандони ХФБ дар вилояти Волгоград сокинони маҳаллиро бо гумони омодагӣ ба ғасби хушунатомези ҳокимият бо истифода аз силоҳ боздошт карданд.
Ба иттилои ин ниҳод, дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ маълум шуд, ки ашхоси боздоштшуда дар наздикии Волгоград як созмони ифротӣ таъсис додаанд. Дар мулоқотҳо онҳо нақшаҳои сарнагун сохтани ҳукумат бо истифода аз силоҳи оташфишон алайҳи неруҳои амниятӣ ва низомии Россияро баррасӣ намудаанд. Онҳо, инчунин, барои ҳамла овардан ба иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ тайёрӣ дида буданд.
Чин ва Ҳиндустон ҳаҷми воридоти нафти Россияро зиёд мекунанд
АБН. Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳар роҳ кӯшиш менамоянд, ки ба иқтисоди Россия зарар расонанд ва таҳримҳои нав ба навро бештар роҳандозӣ мекунанд.
Ба наздикӣ онҳо қисман манъи интиқоли нафт аз Россияро ҷорӣ намуданд. Аммо Чин ва Ҳиндустон аз вазъияти баамаломада истифода бурда, ҳаҷми воридоти ашёи хоми Россияро зиёд карда, аз ФР бо нархи дастрас нафт мехаранд.
Аз ин рӯ, эмбарго ба нафти Россия, ки аз тарафи Ғарб ҷорӣ шуда буд, аслан кор надод ва даромади Россия аз фурӯши захираҳои энергетикӣ торафт меафзояд. Танҳо Чин дар ду моҳи ахир ҳаҷми воридоти нафти Россияро 28% афзоиш додааст.
Ҳамзамон, Чин ва Ҳиндустон ният доранд, мутаваққиф нашаванд ва ба пур кардани захирагоҳҳои худ аз нафти Россия идома диҳанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4805