logo

сиёсат

МАСИРИ ВАҲДАТ ВА НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ СИЁСАТИ СУЛҲОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Имрӯзҳо, ки Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар фазои Тоҷикистони азизамон қайд карда мешавад, бамаврид аст, то ҷавонони иззатманди кишвар аз таърихи начандон дури худ – аз ҳаёти ҳамсолонашон дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, саҳму талоши ҷавонон дар ба даст овардани неъмати бебаҳо – ваҳдати миллӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ огаҳии бештар дошта бошанд. 
Аввалан, бисёр таассуфовар аст, ки он солҳои пурошӯб бар асари кашмакашҳои сиёсӣ садҳо ҷавонон ҷони ҷавони худро аз даст доданд. Аз ҳама даҳшатовар, он солҳо ба сокинон силоҳ тақсим мегашту онҳо аз асли воқеа бехабар, бахусус насли ҷавони гумроҳгашта, ба гирдоби ин воқеаҳо кашида мешуданд. Боз мудҳиштар он буд, ки саргарми даргириҳо бисёр аҳолии ноогоҳ, бахусус ҷавонони фирефта, қобилияти дарки онро надоштанд, ки силоҳи дар дастдоштаашон бар зидди бародару ҳамдеҳа, ҳамзабону ҳаммиллатонаш равона гаштааст. 
Хушбахтона, он солҳо як гурӯҳ ҷавонони ташаббускору ватандӯсти кишвар тавассути созмони бонуфузи худ - Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон  ҷавонони кишварро муттаҳид намуда, оид ба пуштибонӣ аз Ҳукумати конститутсионӣ дар ҷодаи истиқрори сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ садо баланд намуданд. Воқеан, яке аз шартҳои муҳим дар сиёсати давлатдорӣ ин ваҳдати миллист. Ваҳдати миллӣ дар баробари ин, омили пойдору пуриқтидор гардидани ҳар як давлат мебошад. Бо дарки ин маънӣ, Иттифоқи ҷавонон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ (соли 1991)  зери шиори “Барои ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистон” ҷавононро сарҷамъ намуда, як қатор амалҳои шоёнро анҷом дод. Ҳанӯз аз аёми оғози майдоншиниву даргириҳои бемаънӣ ҷавонони ватандӯст бо роҳнамоии ташкилоти бонуфузашон – Иттифоқи ҷавонон тули солҳои 1992-1993 бо беш аз 10 изҳороту муроҷиатнома ба ҳамсолонашон-ҷавонони касбу кори гуногун муроҷиат намуданд, ки то имрӯз ин санадҳои арзишманд маҳфузанд. 
Дар идомаи амалҳои дурандешонаи худ Иттифоқи ҷавонон баъди Иҷлосия дар баргузории мулоқоти Раиси Шурои Олӣ саҳм гузошт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чунин як мулоқотро бо ҷавонон дар нақша доштанд, ҳамагӣ баъди каме бештар аз 2 моҳи интихоб гаштанашон - 2 феврали соли 1993 бо намояндагони фаъолони ҷавонон мулоқот оростанд. Воқеан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шурои Олӣ интихоб гаштан нахустин мулоқоташонро бо ҷавонон доир намуданд. Мулоқоти мазкур ва вохӯрии дигарашон бо ҷавонон санаи 4 сентябри худи ҳамон сол насли ҷавонро умеду боварӣ ба оянда бахшид: ҳазорон нафар яроқҳоро гузошта, ба ҳаёти осоишта пайвастанд, аксари донишҷӯён, ки аз таҳсил дур гашта буданд, ба ҷойи таҳсил баргаштанд.
Дар мавриди амалҳои ватандӯстонаи ҷавонон илова бояд намуд, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллиро, пеш аз ҳама, ҷавонони кишвар бо руҳияи баланд истиқбол гирифтанд. Барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои ин санади сарнавиштсоз худи ҳамон соли 1997 намояндагони ҷавонони тамоми минтақаҳо таҳти унвони “Сулҳ дар Тоҷикистон поянда бод!” дар соҳили Баҳри Тоҷик ҷамъ омаданд. Макони баргузории Иҷлосияи таърихиро ҷавонони ватандӯст макони баргузории ин Иҷлосияи таърихӣ қарор доданд. 
Дар мавриди амалу иқдомҳои шоистаи ҷавонон дар он солҳо метавон боз рақамҳои зиёд овард. Умуман, дар тамоми 30 соли сипаригашта нақши ҷавонон дар таҳаввулоти сиёсии кишвар арзишманд аст. Муҳимтар аз ҳама, ҷавонон он солҳо дарк карданд, ки ин рӯзҳои сангину душвор гузаранда аст ва Ҳукумати навтаъсиси конститутсионӣ танҳо бо ҷонибдории сокинони бошарафаш, бахусус ҷавонони содиқ, метавонад аз ин гирдоб раҳоӣ ёбад. Ҳамин эътимодашон ба ояндаи дурахшони кишвар буд, ки ба ин рӯзҳои нек, шароитҳои муосир дастёб гаштанд.   
Муттаассифона, имрӯз мушоҳида мегардад, ки бархе ҳамдиёрон нисбат ба дастовардҳоямон назари дигар доранду бетафовутӣ зоҳир менамоянд. Аламовар он аст, ки маҳз ҳамин нафарон аз чизе камбудӣ надоранд, дар паҳлуямон дар фазои оромии кишвар аз ҳавои беғубор нафас мекашанд, вале нисбати неъматҳоямон носипосӣ мекунанд. 
Дар пасманзари ҳаводиси охири як гӯшаи азизи кишварамон – Бадахшон  ҷалб гаштани бархе ҷавононамон моро бояд бетараф нагузорад. Сарвари давлат чанде қабл дар машварати кориашон зикр сохтанд, ки амали ҷиноятии як гурӯҳ ба сокинони вилоят ягон муносибат надорад. Муттаассифона, бархе ҳамватанони азиз огоҳонаву ноогоҳона ба рӯйдодҳои мазкур баҳои гуногуни дар амал беасос дода, ба афкори сокинон таъсири манфӣ мерасонанд. Дар идома холисона иброз медорам, ки дар инъикоси воқеаҳои Бадахшон мавқеи рӯзномаи “Ҷумҳурият” воқеъбинона аст, аҳли эҷоди ин нашрия, бешак, ватандӯстонаву масъулиятшиносонаву дурбинона ҳар масъаларо баррасӣ менамоянд. 
Дар дафтари хотираҳоям навиштаеро махсус қайд намудаам. Мехостам навиштаҳои болоро бо он анҷом бахшам: чанд сол қабл дар рӯзномае сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоир Ағбар андешаҳояшро чунин баён дошт: «Вақте дар кӯчаҳои шаҳри зебои Душанбе қадам мезадам, аз тамошои роҳравҳои гулпӯш, дарахтони сабзу зебо ва гаштугузори озодонаи ҷавону калони мардуми тоҷик ашк ҳар ду бари рӯямро тар мекард. Ба фикр ғӯта мезадам, орзу мекардам, ки кош гуле дар диёри ман озодона аз замин бирӯяд, кош субҳе бо хандаи тифлакони диёрам аз хоб бедор шавам. Аммо сад афсӯс,  ки оғозу анҷоми субҳу шоми мо садои тиру таркиш аст…». 
Бубинед, солҳои дароз аст, ки мардуми кишвари дӯсти ҳамсояи Афғонистон, ки мутаассифона, имрӯз ба вазъи боз ҳам ногувортар дучор омадааст, орзуи мисли мардуми тоҷик дар фазои ором зистанро  мекунанд, пас, мо бояд дар ҳар қадамамон ба қадри сулҳу салоҳ, фазои ором ва хизматҳои Сарвари маҳбуби давлатамон  расем.  
  
Мавлон ШАРИФОВ, Аълочии маориф, фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2022    №: 125    Мутолиа карданд: 1124
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед