иҷтимоиёт
ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ОРЗУҲОИ МО
Шукр мекунам ва ҳам ифтихор, ки дар шаҳри Душанбеи замони истиқлол чашм ба олами ҳастӣ кушодаам. Ҳамзамон, чанд соли охир шоҳиди зебоиву шукуфоии бештари он мегардам. Махсусан, дар баҳорон бо лолазоронаш аз ҳар бинанда дил мебарад. Лолаҳои рангорангаш моро ба андеша кардан водор месозад, ки ба рангорангии зиндагии ширин бештару беҳтар пай бибарем ва онро қадр бинамоем. Биноҳои зиёди баландошёна, роҳҳои васеи ҷавобгӯи талаботи давр гувоҳ аз тараққиёти пойтахти мамлакат ва ояндаи дурахшони он аст.
Шабонгоҳон ҳусни ин шаҳри зебову ҷавон даҳчанд меафзояд. Амну оромӣ имкон медиҳад, ки бе ҳеҷ хавфу тарс ин зебоиҳоро дида, биболем.
Бешак, дар ин пешрафт, ободии шаҳри азизамон саҳми раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ зиёд ва низ бесобиқа мебошад.
Мо аз наворҳои филмҳо ва барномаҳои телевизиони Душанбеи чанд соли охиру пеш аз истиқлолро мебинем, ки тафовуташ, метавон гуфт, аз замин то осмон аст.
Хосса, ҷанги шаҳрвандӣ ва майдоншиниҳо Душанберо ба зиндону харобаҳо монанд карда буданд. Барои қабули меҳмонони олирутба дар шаҳр ҷое мувофиқу сазоворро пайдо намекарданд. Ҳолиё дигар ин гуна масъалаҳо ҳалли худро ёфтаанд.
Биноҳои Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, боғҳову ҳайкалҳову пайкараҳо, маҷмааҳо ҳусни ин шаҳрро афзудаанд. На дар ҳар кишвари мутараққӣ чунин китобхонаву осорхонаро метавон дид. Дар назар аст, ки бинои Театри миллӣ низ қомат меафрозад.
Дар ин шаҳри орзуҳои мо шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ дар як муддати кӯтоҳ таъсис ёфтаву ба фаъолият шуруъ кардаанд. Шумораи рӯзномаву маҷаллаҳо, нашрияҳо афзудаанд.
Мо минбаъд низ бо ин шаҳр ифтихор мекунем ва заҳматҳои шабонарӯзии раиси шаҳр Рустами Эмомалиро ҳеҷ аз хотир намебарорем.
Амина МАҲМАДЗОДА,
хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56, ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.07.2022 №: 125 Мутолиа карданд: 610