Хабарҳо
ҲИСОР. АРМУҒОНИ ҶАШНӢ БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Дар доираи корҳои омодагӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар деҳаи Гаҷаки деҳоти Деҳқонобод корхонаи саноатии истеҳсоли бомпӯшҳои азбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Юсуфҷон - 2020» мавриди истифода қарор гирифт. Корхонаи мазкур бо иқдоми соҳибкор Баракат Одинаев дар масоҳати 0, 31 гектар бунёд ёфта, аз як коргоҳ ва ду хатти истеҳсолӣ иборат мебошад.
Тавре роҳбари корхона Нуралӣ Халифаев изҳор дошт, таҷҳизоти насбшуда истеҳсоли давлати Чин буда, иқтидори истеҳсолиаш 300 ҳазор дона бомпӯши азбестӣ дар як солро ташкил медиҳад. Дар корхона, ки бо ҳамкории мутахассисони чинӣ бунёд ёфтааст, дар ду баст 25 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши аз 1500 то 2500 сомонӣ таъмин мегардад. Корхона, асосан, бо ашёи хоми ватанӣ фаъолият менамояд.
Қосим Роҳбар, раиси шаҳри Ҳисор, ба соҳибкор барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 - Солҳои рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат намудан ба ҳалли мушкилоти мардум ҷиҳати дастрасӣ ба масолеҳи сохтмонӣ, изҳори сипос намуд. Таъкид гардид, ки солҳои охир талабот ба ин навъи масолеҳ зиёд шудааст ва эътибор додан ба сифати он барои пайдо намудани харидорони бештар дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаҳои Ҳаёти Нав ва Навбаҳори Ҷамоати деҳоти Ҳисор ду иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ошхонаи миллии деҳаи Ҳаёти Нав, ки аз ҷониби соҳибкор Илҳомиддин Холов бунёд шудааст, 8 нафар бо ҷойи кор таъмин мешавад. Сокинони деҳаи Ҳаёти Навро, асосан, нобиноён ташкил медиҳанд, бинобар ин, соҳибкор бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои онҳо дастархони идона орост ва хотирашонро шод гардонд.
Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор давоми ҳафтаи сипаришуда дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор 17 иншооти ҷашнӣ, аз қабили марказҳои савдою хизматрасонӣ, муассисаҳои тандурустӣ, сардхона, роҳу пулҳо, чоҳҳои амудӣ, ошхонаи замонавӣ ва корхонаҳои саноатию бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4829