Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
URA.RU. Президенти Россия Владимир Путин ба омодагиҳо ба нишасти тирамоҳии сарварони G20 шуруъ кардааст. Ба гуфтаи таҳлилгарони сиёсии URA.RU, музокироти ӯ бо Роҳбари Индонезия Ҷоко Видодо 30 июн, воқеан, башоратдиҳанда барои мулоқот бо роҳбарони G20 гардид.
RT. Вакили Бундестаг ва намояндаи ваколатдори фраксияи «Алтернатива барои Олмон» Евгений Шмидт гуфт, ки таҳримҳои зидди Россия, пеш аз ҳама, ба соҳибкорон ва мардуми одии олмонӣ бинобар боло рафтани нархи маводи озуқа ва бад шудани сифати зиндагӣ зарар мерасонанд.
RT. Дар Амрико Омеро Заморано, ронандаи мошини боркаш, ки боиси марги 53 муҳоҷир шуд ва шарики ӯ Кристиан Мартинес метавонанд ба ҳукми қатл мувоҷеҳ шаванд.
INTERFAX.RU. Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ният дорад, ки дар ояндаи наздик бо президентҳои Россия ва Украина Владимир Путин ва Владимир Зеленский дар бораи масъалаи кушодани долон ҷиҳати интиқоли ғаллаи Украина суҳбатҳои телефонӣ анҷом диҳад.
ТАСС. Ҷумҳурии Чех имрӯз раёсати Шӯрои Иттиҳоди Аврупоро, ки аз Фаронса ба ӯ гузашт, бар уҳда гирифт. Мамлакат онро то 31 декабри соли равон иҷро менамояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4413