logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ МАТЕМАТИКӢ
Дар оила падар, модар ва се духтари онҳо зиндагӣ доранд. Синни якҷояи аъзои оила 90 сол аст. Фарқи солҳои духтарон 2-солӣ буда, синни модар аз суммаи солҳои духтаронашон 10 сол зиёд аст. 
Фарқи байни солҳои падару модар ба синни духтари дуюмашон баробар аст. Ҳар кадоме аз аъзои оила чанд сол доранд?
 
Гирдоваранда Муъминҷон ҶУМЪАЕВ, омӯзгори МТМУ №40, шаҳри Истаравшан
 
ҶАВОБ БА МУАММОИ «ИСБОТ» АЗ 24 ИЮНИ СОЛИ 2022
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1. Овоз. 2. «Нокиа». 3. Солор. 4. Ромин. 5. Аммо. 6. Савод. 8. Намоз. 12. Завлона.13. Аминона. 14. Омина. 15. Исбот. 17. Расул. 18. Осмон. 22. Несин. 24. Олмон. 26. Модар. 27. Равон. 28. Кунда. 30. Амру. 31. Аъло.  
 
АЗ ЧАП БА РОСТ:
6. Савдо. 7. Ормон. 9. Калим. 10. Аваз. 11. Олма. 12. Заррина. 14. «Одина». 16. Мирзо. 19. Иқбол. 20. Насим. 21. Антон. 23. Нолон. 25. Америка. 29. Усма. 31. Аъмо. 32. Девон. 33. Норма. 34. Долон. 35. Ранда
 
 
Даврон Раҳмонов – ғолиби рубрика
Рубрикаи  навбатии «ИНТЕЛЛЕКТ +»-и саҳифаи «Шоми шанбе» ҷамъбаст гардид. Ҳамарӯза аз тамоми гӯшаву канори кишвар нафарони зиёде бо мо тамос гирифта, ҷавобҳои худро пешниҳод менамуданд. Тибқи хулосаи ҳакамон миёни ширкаткунандагон Раҳмонов Даврон, сокини ноҳияи Данғара, барои пешниҳоди муаммову чайнвордҳо ғолиби рубрика дониста шуд.
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
 
Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
 
 
 
 
ҚУДРАТИ ИНСОН
23.  МАЙКЛ ҶЕЙ – МАЪЮБ, АКТЁР ВА ДОКТОРИ ИФТИХОРӢ
Майкл Эндрю Фокс, ки барои мухлисони бешу-мораш ҳамчун Майкл Ҷей Фокс машҳур аст, актёри канадагии Амрикост. Майкл аз соли 1970 фаъолияташро дар самти кино оғоз мекунад ва баъди иҷрои нақши Марти Макфлай дар филми сегонаи «Бозгашт ба оянда» («Назад в будущее») шуҳрати ҷаҳонӣ меёбад. Танҳо бо бозидани ҳамин як нақш аз соли 1982 то 1989 Майкли он вақт ниҳоят ҷавон ба гирифтани се ҷоизаи «Эмми», як «Глобуси тиллоӣ» ва ду «Ҷоизаи Гилдии актёрони ИМА» мушарраф гардидааст.
Мутаассифона, дар авҷи камолоти касбӣ соли 1991 табибон дар организми Майкли акнун 30-сола бемории ҷиддии паркинсонро ташхис карданд. Бемории вобаста ба заъфи майнаи сар. Табибон бо хоҳиши худи Майкл қавл медиҳанд, ки дар ин бора ба касе чизе намегӯянд. Танҳо баъди ҳафт сол, вақте саломатии Майкл ба таври чашмрас хароб мегардад, худи ӯ расман аз беморияш хабар медиҳад. Бо гузашти боз ду соли дигар шоубарномаи «Спин-Сити»-ро ҳам, ки бозидани нақши асосияшро давоми чор мавсими тулонӣ бар дӯш дошт, тарк мекунад. Аз саҳна дур Майкл, барои дарёфти доруву дармони беморияш талошҳои зиёд менамояд. Ҳатто бо ин мақсад «Фонди Майкл Ҷей оид ба таҳқиқи бемории Паркинсон»-ро таъсис медиҳад. Заҳматҳои ӯ, албатта, дар ин самт низ аз назарҳо дур намемонанд ва 5 марти соли 2010 Донишгоҳи шведии Королин унвони баланди «Доктори ифтихорӣ»-ро ба Майкл сазовор медонад. 
Ҳамин тариқ, Майкл Ҷей Фокси маъюб лауреати панҷкаратаи ҷоизаи «Эмми», чор маротиба соҳиби «Глобуси тиллоӣ» ва дорандаи ҷоизаи «Грэмми» соли 2022 барои саҳми камназираш дар рушди кинематография ба ҷоизаи «Оскар» низ мушарраф мегардад.
 
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ТАҲҚИҚОТ
Таҳқиқоти олимон дар бораи дарозумрии инсонҳо ниҳоят ба анҷом расид. Ҳама бо як овоз ба чунин хулоса омаданд, ки ҳамон нафаре, ки аз ҳама зиёд зодрӯзҳои худро қайд кардааст, умри бештар дидааст.
 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
БИНОИ ЧАППА
Дар шаҳри Пиҷен Форҷи Амрико ширкати "Теннесси" як бинои хеле ғайриодӣ бунёд намуд. Бино чаппа ва қисман аз замин бардошта, сохта шудааст. Бархе аз сокинон онро “Хонаи зеру забар” ном гузоштанд. 
Бино дар як боғи машҳури шаҳри Пиҷен Форҷ қад кашида, зебо ва замонавист. 
Масоҳати тарабхонаи дохили бино 18 000 метри мураббаъ буда, харҷи 350 миллион доллари ИМА сохта шудааст. 
Гуфта мешавад, ки мисли ин бино дар чанд кишвари дигари дунё дида мешавад, аммо онҳо аз чӯб бунёд ёфтаанд. Ин бино бошад, аз хишт ва сангҳои қиматбаҳо қомат афрохтааст.
 
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА
 
 
 
АСРОРИ КОИНОТ
ТОҶИКИСТОН БА КАЙҲОН НАЗДИКТАР АЗ ТАСАВВУРОТ АСТ
Дар кишвари мо тавассути се расадхона - Помир, Санглох ва Ҳисор асрори коинот мавриди омӯзиши доимӣ қарор дошта, қисми зиёди ҷирмҳои осмонӣ таҳти назоратанд. 
Чунончи, солҳои 1970 - 1980 олимон ҳангоми озмоиши нурҳои кайҳонӣ дар Помир маълум карданд, ки зарраҳои элементӣ дар шароити муайян нисбат ба оне ки дар як ҳамворӣ ба амал меояд, рафтори дигаргуна доранд. Соли 2010 дар Коллайдери Адрони Калон ҳангоми озмоишҳо чунин таҷриба ҳосил шуд, ки так-рори натиҷаҳои таҳқиқоти анҷомшуда дар Помир мебошанд.
Кормандони расадхонаи Санглох, воқеъ дар ноҳияи Данғара низ вобаста ба кайҳоншиносӣ кашфиёти зиёде карданд, ки умдатарини он акси ситораи думдор дар соли 1986 мебошад. Расадхонаи Ҳисор бошад, бо таҷҳизоти босифати астрономие муҷаҳҳаз аст, ки тавассути дастгоҳҳои он усули экспозитсияи фаврӣ кашф гардида, ҳоло дар саросари ҷаҳон татбиқ мегардад.
 
Таҳияи Роҳатхони УМЕД
 
 
 
ДАРАХТИ САНГӢ 
Дар толори махсуси Осорхонаи миллии Тоҷикистон дарахти зебои сангӣ аз сангҳои ороишӣ, қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо сохта шудааст, ки бо зоти худ беҳамто аст. 
Дарахт аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рухом” бунёд шуда, 600 кило вазн ва қариб 20 ҳазор барг дорад. Зебоии дарахт таваҷҷуҳи ҳазорон сокинон ва меҳмонони пойтахтро ба худ ҷалб намуда, онҳо ҳангоми тамошои он на танҳо ҳаловат мебаранд, балки ҳамзамон  бо 74 ҳазор намунаи минералҳо низ шинос мешаванд. 
 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
3.  КИТОБИ ДАҲШАТНОК
Инсон дар давоми зиндагӣ аз мушкилоте, ки ба руҳияи ӯ таъсири манфӣ мерасонад, роҳи гурез надорад. Махсусан, хондани китобҳои гуногун метавонад одамро то ба дараҷаи халал ёфтани оромии асаб, оварда расонад. Ин аст, ки тавассути рейтинги умумиҷаҳонӣ мутолиаи китобҳои зерин, ки ҳолати равонии одамро тағйир медиҳанд, манъ шудааст.
3. «СУКУТИ ХОНАИ УШЕР»-И ЭДГАРД АЛАН ПО («Падение дома Ашеров», Эдгар Алан По), ки соли 1839 навишта шудааст, мавқеи сеюмро ишғол мекунад. Китоб аз рӯзгори се нафар, ки бо тарки хонаи худ бемор мешаванд, қисса менамояд.
2. «СУТУНҲОИ ДЕВОНАГӢ»-И ГОВАРД ЛАВКРАФТ доир ба ҳодисаҳои солҳои 30-уми асри XX навишта шудааст. Китоб дар бораи гурӯҳи  тадқиқотгароне, ки ба Антарктида фиристода мешаванд ва манзараи даҳшатоварро кашф мекунанд, ҳикоят мекунад. 
1. «1984» - ҶОРҶ ОРУЕЛЛ, ки дар бораи нигаҳдории рӯзномаҳо аз ҷониби корманди Вазорати ҳақиқати Лондон ва эҳсосоти ӯ ба ҷавонзан, ки баъдан аз ҷониби ҳизб муҳаббати онҳо манъ карда мешавад, қисса мекунад. Ин китоб мавқеи аввалро дар руйхати “Китобҳои даҳшатнок” ишғол мекунад. 
 
Таҳияи Шаҳзода АШУРАЛИЕВА, таҷрибаомӯз
 
 
 
25. ҶОЙИ МАМНУЪ ДАР САЙЁРА
Бо тамоми рушди технологияи муосир тасаввур кардан душвор аст, ки дар рӯи Замин чунин ҷой ҳаст, ки ба он ҷо парвоз кардан, омадан ё шино кардан номумкин бошад. Аммо, дар сайёраи мо ҳанӯз ҷойҳое ҳастанд, ки сайёҳон ба онҳо рафта наметавонанд ва сабабҳои хеле гуногун дорад.  
 
25. АРХИВИ МАХФИИ ВАТИКАН
Дар ин анборҳо ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ, номаҳо, ҳисоботҳо ва бисёр коғазҳои қиматноки дигар маҳфузанд, ки калисои католикӣ тули ҳазорсолаҳо ҷамъоварӣ ва нигоҳ доштааст. Архиви махфии Ватикан яке аз даснорастарин объектҳо дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, ҳарчанд ин на ҳамеша чунин буд. Дар соли 1881 Папа Лев – и XIII ба ҳар ҳол ба чанд муҳаққиқ иҷозат дод, ки ҳуҷҷатҳои анборро ба мақсадҳои илмӣ тафтиш намоянд. Дар он рӯзҳо танҳо олими баландихтисос метавонист барои ташриф ба ин муассисаи католикӣ даъво намояд. Ҳатто аз меҳмонони интихобшуда қоидаҳои қатъии танзимшуда талаб карда мешуд - онҳо бояд маҳз ҳамон маълумотҳоеро меомӯхтанд, ки барояшон иҷозат дода шуда буд.  
 
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
 
 
 
ШАХСИЯТҲОИ МАЪРУФИ ҲУҚУҚШИНОС
МАҲАТМА ГАНДИ 
Арбоби сиёсӣ ва ҷамъиятии Ҳиндустон, яке аз пешвоён ва идеологҳои ҳаракат барои истиқлолияти Ҳиндустон Маҳатма Ганди маълумоти ҳуқуқшиносиро дар Лондон гирифтааст. Ӯ соли 1891 баъд аз хатми таҳсил ба ватанаш бармегардад, вале муваффақ намешавад.  Аз ин хотир барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони ҳиндӣ ба Африқои Ҷанубӣ меравад. Вақте ӯро барои эътироз бар зидди зулм латукӯб мекунанд, вай фалсафаи бидуни зӯроварӣ – «сатяграха»-ро таҳия мекунад. Фалсафаи ӯ ба ҳаракати бузург табдил меёбад.
Ба гуфтаи худи Ганди, вай ин ғояро аз Лев Толстой гирифтааст, ки ӯ ҳам чанд сол дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Империяи Ӯазон таҳсил кардааст.
 
Аз русӣ тарҷумаи М. МИРЗОЁН
 
 
ГАНҶИ ШОЙГОН
ТО ИН ҲАД ДИЛЕ ДОРАМ... 
Мавлоно фармуд, ки маро хӯест, ки нахоҳам, ки ҳеҷ диле аз ман озурда шавад. Ин ҷамоате, ки худро дар самоъ бар ман мезананд ва баъзе ёрон эшонро манъ мекунанд, маро он хуш намеояд. Ва сад бор гуфтаам: 
«Барои ман касро чизе магӯед. Ман ба он розиям. Охир ман то ин ҳад диле дорам, ки ин ёрон, ки ба назди ман меоянд, аз бими он ки малул нашаванд, шеъре мегӯям, то ба он машғул шаванд ва агар на ман аз куҷо, шеър аз куҷо. Валлоҳ, ман аз шеър безорам ва пеши ман аз ин бадтар чизе нест. Ҳамчунон ки яке даст дар шиканба кардааст ва онро мешӯяд барои орзуи меҳмон, чун иштиҳои меҳмон ба шиканба аст, мар ӯро лозим шуд ин кор кард. Охир одамӣ мебингарад, ки халқро дар фалон шаҳр чи коло мебояд ва чи колоро харидоранд, он харад ва он фурӯшад, агарчи дунтар матоъҳо бошад ва агарчи беҳтар ва нафистар матое дошта бошад».
(Аз «Фиҳи мо фиҳи»-и Мавлоно)
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
ЗАНИ АСАБОНӢ  
БА ГУФТАИ МУҲАҚҚИҚОН ГАНҶИ БЕБАҲО ВА НОДИР АСТ
6. Ӯ шахси аз ҷиҳати равонӣ бароҳат мебошад.
7. Ӯ вақте асабонӣ мешавад, реҷаи муносибаташро вайрон мекунад.
8. Хеле қавиирода ва табиӣ аст.
9. Агар ҳолатҳои хуб бошад аз ҷиҳати равонӣ бо сухани нек ҷавоб медиҳад ва нигоҳи чашмонаш ба ту табассум менамояд.
10.  Дар лаҳзаҳои душвор ба шумо ёрӣ расонда,  дар каноратон мемонад.
11. Ӯ хиёнат намекунад.
 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
 
ДУ ПАНД
 
Ҳар сухан ба ҳар ҷое гуфтан хатост ва ҳар сухан аз ҳар кас пурсидан ҳам хатост.
 
* * *
Саъй кун, имрӯзат беҳтар аз дирӯзат бошад, вагарна дучори зиён хоҳӣ шуд.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
НАБАРДИ МОДАР  
БО ГУРБАИ ЁБОӢ БАРОИ КӮДАКАШ
Сокини иёлати Калифорнияи ИМА барои ҳимояи писари панҷсолааш бе ҳеҷ гуна силоҳ бо гурбаи ёбоии Амрико мубориза бурд. Дар ин бора шабакаи телевизионии CBS Los Angelos хабар дод.
Воқеа дар шаҳри Калабасас рух додааст. Вақти дар ҳавлӣ машғули бозӣ будани писарак ногаҳ гурбаи ёбоӣ пайдо шуда, ӯро дошта гирифта, то 40 метр масофа кашола намудааст.
Модар гиряи кӯдакро шунида, аз хона давида баромада, аз пайи ҳайвон медавад ва ба расида гирифтан муваффақ мешавад.
Кӯдакро бо захми сар ва гардан дар беморхона бистарӣ намуданд. Мувофиқи маълумоти шабакаи телевизионӣ дар 20-соли охир чунин ҳуҷуми ҳайвон мушоҳида нашудааст.
 
Тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
 
 
 
ВАҚТЕ ЯК УМР  ҒАЛАТ АНДЕША МАКУНЕМ…
 
Уинстон Черчилл гуфтааст:
Вақте 20-сола ҳас-тед, ба афкори дигарон роҷеъ ба худатон аҳамият медиҳед.
Вақте 40-сола ме-шавед, дигар ба фикри дигарон аҳамият наме-диҳед.
Вақте 60-сола шудед, мефаҳмед, ки дигарон аслан дар бораи шумо фикр ҳам намекардаанд!
 
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ
 
 
 
 
ЗАНЕ, КИ МИҶГОНҲОИ 20-САНТИМЕТРА ДОРАД
Имрӯз занону бонувон ба хотири зеботар намудан миҷгонҳои худро ба таври сунъӣ дароз мекунанд. Яъне, ба ҷойи миҷгони худ миҷаҳои сунъии дарозтар мечаспонанд. 
Дар Хитой зане зиндагӣ мекунад, ки барои дароз кардани миҷаҳояш кӯшише ба харҷ намедиҳад, зеро Худованд ба ин зан, ки Ю. Цзянься ном дорад, мижаҳои хеле дароз додааст. Дарозии мижаҳои ин бону 20,5 сантиметрро ташкил мекунад. 
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
АГАР ЗАН НАМЕДОШТАМ…
Бонуи хона, ки бо завқ рӯзнома мехонд, ногаҳон аз ҳамсараш ҳайда мегирад:
- Тассавур кунед мардакҷон, олимон дастгоҳе сохтанд, ки умри инсонро то 150 сол дароз мекунад.
- Беҳтарин, агар зан намедоштам, якто барои худам мехаридам.
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ЭЙНШТЕЙН -  АРВОҲИ ХОНА
Зиндагии Эйнштейн бо занаш Милева дар аввал ҳарчанд бо муҳаббат оғоз шуд, бо гузашти вақт нафраташон нисбат ба якдигар то ҳадде зиёд шуд, ки маҷбур барои идомаи якҷояи зиндагӣ байни худ расман шарт гузоштанд.  Шарт ҳамин буд, ки дар вақти зиндагиашон дар як хона бо якдигар суҳбат намекунад ва дар як кат хоб намеравад. Бо ҳамин минвол чанд сол якдигарро арвоҳ пиндошта, зиндагӣ карданд. 
Баъд аз ранҷу азобҳои зиёд ниҳоят аз ҳам ҷудо шуданд. Вақте ба Эйнштейн ҷоизаи Нобелро доданд, ӯ инро ҳамчун ҷуброни талоқ қабул кард ва хеле хушнуд шуд.
Эйнштейн тавонист забони илмро омӯзад. Аз ин рӯ, ӯ оқилтарин одами ҷаҳон ҳисобида мешавад, дар ҳоле, ки натавонист бо ҳамсараш забон ёбад...
 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2022    №: 125    Мутолиа карданд: 1688
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед