иқтисод
ПАРАНДАПАРВАРӢ. ДАСТОВАРДҲО ЗИЁД, ВАЛЕ МУШКИЛОТ ҲАМ КАМ НЕСТ!
Мувофиқи маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии «Саноати парандапарварии Тоҷикистон», давоми чор моҳи аввали соли равон истеҳсоли тухм ба беш аз 397 миллиону 242 ҳазор дона ва гӯшт ба 14 ҳазор тонна расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта хеле зиёд аст. Тухмгирӣ аз як сар мурғ 87 донаро ташкил дод. Дар назар аст, ки имсол шумораи корхонаҳои парандапарварӣ зиёд шуда, истеҳсоли тухм ба беш аз 1 миллиарду 200 миллион дона ва гӯшт ба 55 ҳазор тонна мерасад.
Парандапарварӣ яке аз соҳаҳои самаранок, тезрас ва сермаҳсули кишоварзӣ буда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки ҳадафи стратегии Ҳукумат мебошад, нақши асосӣ дорад. Агар мо соҳаи парандапарвариро бо дигар бахшҳои чорводорӣ муқоиса намоем, бартарии онро баръало мебинем. Масалан, барои истеҳсоли тухми мурғ ҳамагӣ чор моҳ ва гӯшти он ду моҳ лозим аст. Ҳол он ки барои истеҳсоли шир камаш чор сол ва гӯшти гов ду сол мунтазир бояд шуд. Фоиданокии соҳаро ба инобат гирифта, дар мамлакатҳои мутараққӣ онро пайваста рушд медиҳанд. Кишварҳое ҳастанд, ки қариб 70 дарсади гӯштро аз ҳисоби паранда истеҳсол менамоянд.
Машокир Назаров, директори КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон», дар суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт: «Шароиту имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла дастгирии ҳамаҷониба, озод намудан аз баъзе андоз ва пардохтҳои гумрукӣ ҳангоми воридоти технология, таҷҳизот ва маводи дигар, инчунин, роҳандозӣ кардани тадбирҳои дигари ҳавасмандгардонӣ майли хоҷагидорону соҳибкорони ватанию хориҷиро ба соҳаи парандапарварӣ бештар ва олимону мутахассисони соҳаро руҳбаланд намуда, ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Соҳибкорон аз ин иқдом илҳом гирифта барои бунёди корхонаҳои хурду миёна ташаббус нишон доданд. Тадбирҳои саривақтӣ имкон фароҳам оварданд, ки шумораи корхонаҳои парандапарварӣ афзоиш ёфта, саршумори паранда ва ҳаҷми истеҳсоли гӯшту тухм бамаротиб зиёд гардад. Дар чор соли охир шумораи корхонаҳои парандапарварӣ аз 65 ба 212 расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 22-то зиёд мебошад. Ҳоло дар онҳо беш аз 10 миллиону 201 ҳазор сар паранда парвариш мешавад. То охири соли равон дар ҷумҳурӣ боз 12 корхонаи нави парандапарварӣ ба фаъолият мепардозад. Илова бар ин, воридоти маҳсулот бамаротиб коҳиш ёфт. Се сол пеш аз ҷониби мутахассисони байналмилалӣ аз рӯи тараққиёти босуръати соҳа яке аз мамлакатҳои беҳтарини парандапарварӣ эътироф шудани Тоҷикистон далели рушди назаррас аст. Ин, дар ҳақиқат, комёбии назаррасест, ки бо дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳайё гардидааст».
НОРАСОИИ ХӮРОКИ ПАРАНДА - МУШКИЛИ № 1
Баробари рушди парандапарварӣ мушкилиҳо низ ҷой доранд, ки ба пешрафти соҳа халал мерасонанд. Ҳоло дар шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Рӯдакӣ ва Данғара коргоҳҳои хурди коркарди хӯроки омехтаи паранда мавҷуданд, ки иқтидори истеҳсоли солонаи онҳо 363 ҳазор тонна буда, талаботи корхонаҳои парандапарвариро бо хӯрока пурра қонеъ карда наметавонанд ва ин ҳоло мушкили рақами 1-и парандапарварон аст. Хӯрока бештар аз хориҷ дастрас мешавад, ки таъминоти бехалали маҳсулоти соҳаро зери суол мебарад. Барои таъмини пурраи корхонаҳои парандапарварии ватанӣ қариб 800 ҳазор тонна хӯрока лозим.
Ба паранда, агар мувофиқи меъёр хӯрок дода шавад, маҳсулоти босифату фаровон гирифтан мумкин. Дар ин самт дар ҷумҳурӣ мушкилиҳо ҷой доранд. Олимон андеша доранд, ки истеҳсоли хӯроки паранда яке аз самтҳои сердаромади соҳа асту аз тухму гӯшт дида, манфиати зиёд меорад. Коршиносон номгӯи маводеро, ки дар ҷумҳурӣ ҳастанд, барои истеҳсоли ғизо манфиатовар меҳисобанд. Вале ин захираҳо ба таври бояду шояд ва дар баъзе маврид, комилан истифода намегарданд. Дар ҳамин ҳол, саволе пайдо мешавад, ки чаро ин мушкил солҳост ҳал намегардад? Тибқи таҳлилгарони соҳаи иқтисод, агар мурғ дар як шабонарӯз 120 - 150 грамм хӯрок истеъмол накунад, маҳсулнокиаш 30 - 40 дарсад коҳиш меёбад. Ба ҳисоби миёна ҳазор сар мурғи тухмдеҳ дар як моҳ 3600 килограмм хӯроки омехта бояд истеъмол намояд.
Бино ба маълумоти Ҳабибулло Қаландарзода, муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2020 ба ҷумҳурӣ қариб 255 ҳазор, соли гузашта 487 772 ва чормоҳаи соли равон наздики 221 ҳазор тонна хӯроки паранда ворид шуд. Машокир Назаров низ ҳалли масъалаи мазкурро муҳим арзёбӣ карда, чунин гуфт: «Норасоии хӯроки паранда, мушкили калидии соҳа аст. Қариб 70-80 дарсади намуди хӯрока-кунҷораи офтобпарасту лӯбиё, консентрати серсафеда, орди устухон, аминокислотаҳои лезин, метионин, маводи маъдании фосфати калий, премикс, фермент, равғани рустанӣ ва ғайраро аз беруни кишвар, аз ҷумла Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Беларус, Бразилия, Латвия, Литва, Эрон, Покистон ва дигар давлатҳо, ворид менамоем. Ин ба қимат шудани арзиши аслии маҳсулот таъсир мерасонад».
МАСЪУЛОН КАЙ ТАДБИР МЕАНДЕШАНД?
Гаронии нархи хӯроки паранда як тарафи масъала, аммо таҳлили вазъ чизи дигарро нишон медиҳад. Болоравии нархи тухму гӯшти паранда омилҳои худро доранд. Барои мисол, ҳоло нархи як килограмм гӯшти мурғи маҳаллӣ дар бозору нуқтаҳои фурӯш ва супермаркетҳои пойтахт дар муқоиса бо чанд соли пеш 29-47 сомониро ташкил медиҳад. Ба ибрози роҳбарони корхонаҳои парандапарварӣ, дар ин шабу рӯз нархро онҳо боло набардоштаанд. Коршиносони соҳа омили асосии болоравии нархро ба гаронии хӯроки паранда дар кишварҳои истеҳсолкунанда рабт медиҳанд. «Чор сол қабл низ маҳз ҳамин омил болоравии нарх унвон шуда буд. 70 дарсади арзиши аслӣ танҳо нархи ғизост ва то корхонаҳои парандапарварии ҷумҳурӣ бо ғизо пурра таъмин нашаванд, нархи маҳсулоти паранда арзон намешавад», - гуфт Машокир Назаров. «Даст ба даст гаштани мол ва фаъолияти миёнаравҳо низ нархро гарон мекунад», - гуфт соҳибкор Раҷабалӣ Мирзоев.
Баланд шудани нархи гӯшту тухм бо гуноҳи истеҳсолгар нест. Сабабашро дар фурӯш ва фурӯшгоҳҳо бояд ҷуст. Савдогар барои фурӯши тухму гӯшт рӯзе ҳамагӣ чанд соат вақташро сарф менамояд, вале ба маҳсулоти дастраскардааш 25 дарсад ва аз он зиёдтар маблағ зам мекунад. Ин аз бенизомии бозор дарак медиҳад. Бисёриҳо мепурсанд, ки чаро нархи гӯшти мурғ дар КВД «Бозори деҳқон» 29-37 сомонӣ ва тухм 85 дирам асту дар супермаркетҳо гӯшт 38-47 сомонӣ, тухм 1 сомонию 10 дирам? «Барои он ки ҳаннотон нархро аз пеши худ баланд мебардоранд», - мегӯяд сокини шаҳри Душанбе Ҷумъагул Қурбонова.
Таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо тухму гӯшти парандаи истеҳсоли ватанӣ нисбат ба меъёрҳои қабулгардида беҳбудиро тақозо менамояд. Тибқи меъёрҳои муайяншудаи сабади истеъмолӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 феврали соли равон тасдиқ шудааст, барои қонеъ гардондани талаботи як нафар дар як сол маҳсулоти гӯштӣ 18 кг ва тухм 194,4 дона, яъне мутаносибан ба аҳолии ҷумҳурӣ маҳсулоти гӯштӣ дар як сол то 170 ҳазор тонна ва тухм 1 миллиарду 800 миллион дона рост меояд. «Соли рафта дар ҷумҳурӣ 44 ҳазор тонна гӯшти паранда ва беш аз 1 миллиарду 53 миллион дона тухм истеҳсол шудааст. Ин ба ҳар истеъмолкунанда 112 дона тухм рост меояд, ки нисбат ба меъёр кам аст», - иброз дошт Ҳабибулло Қаландарзода. Таҳлили вазъи имрӯзаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти гӯшти паранда ва тухм дар ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки маҳсулоти истеҳсолшуда эҳтиёҷоти аҳолии ҷумҳуриро пурра қонеъ карда наметавонад, тахминан 25 дарсади талаботи аҳолӣ аз ҳисоби воридоти ин намуди маҳсулот аз хориҷи кишвар таъмин мешавад.
Парандапарвар Малика Салимова сокини деҳаи Маликоваи Ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара чунин мешуморад, ки барои пурра таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ғизоӣ вазифаи асосӣ баланд бардоштани маҳсулнокии паранда ва сифати маҳсулот мебошад.
Ба таъкиди Давлатҷон Комилзода, узви Ассотсиатсияи илмии умумиҷаҳонӣ оид ба парандапарварӣ, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, барои ҳалли масъалаи бо тухм ва гӯшти паранда пурра таъмин кардани аҳолӣ, пеш аз ҳама, бояд шумораи корхонаҳои истеҳсоли гӯшт ва ҳам парвариши мурғони сергӯшту сертухмро дар шароити хоҷагиҳои шахсии деҳқонӣ зиёд намоем, зеро мардуми мо аз ин кор дур шудаву аз деҳот ба шаҳрҳо омада тухму гӯшти паранда харида мебаранд. Дар ҷумҳурии мо беш аз яку ним миллион оила асту қариб 70 дарсади онҳо дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Агар ҳар оилаи деҳотӣ на камтар аз даҳ сар паранда парварад, саршумори он ба 10 миллион зиёд шуда, маҳсулот ду баробар меафзояд.
Ҳоло иқтидори хоҷагиҳои зотпарварии хусусӣ дар ҷумҳурӣ талаботи рӯзафзуни корхонаҳои парандапарварӣ ва аҳолиро ба тухмҳои инкубатсионӣ ва чӯҷаҳои якрӯза пурра таъмин карда наметавонанд. Аз ин лиҳоз, ташкил намудани заводи пуриқтидори давлатии зотпарварӣ дар назди КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» зарур аст. Инчунин, татбиқи дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот самараи хуб дода, барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳа мусоидат менамояд. Дар ин раванд аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳа зотҳои сермаҳсули мурғони сертухму сергӯшт, мурғи марҷон, бедонаю кабк ва технологияи парвариши онҳо муайян ва ба истеҳсолот пешниҳод гардидаанд. Ҳамзамон, хӯрокҳои ғайрианъанавии серсафеда (чойҷуворӣ, тритикале) ва маъдандор (оҳаксанги маҳаллӣ ва бентонит) барои истифода дар ғизои парандаҳо тавсия дода шудаанд. Илова бар ин, роҳҳои самарабахши ташхис, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятии парандаҳои кишоварзӣ таҳия гаштаанд.
БАРОИ БАРТАРАФ КАРДАНИ МОНЕАҲО ЧӢ БОЯД КАРД?
Ба таъкиди мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, барои истеҳсоли маҳсулоти ба стандартҳо ҷавобгӯ дар соҳаи парандапарварӣ таъмини хоҷагиҳо бо тухми инкубатсионӣ, хӯроки серғизо ва истифодаи тавсияи олимон нақши муҳим доранд.
- Бе ташкили корхонаҳои истеҳсоли хӯрок, рушди ҳамаҷонибаи соҳаро таъмин намудан ғайриимкон аст. Бо мақсади пешбурди соҳа иқтидори корхонаҳои мавҷудаи истеҳсоли хӯроки парандаро, ки бештар дар вилояти Суғд аст, баланд бардошта, корхонаи замонавии пуриқтидор сохтан лозим. Бо назардошти ин, бояд дар минтақаҳои дигар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҳадди ақал 2-4-тоӣ корхонаҳои истеҳсоли хӯроки паранда бунёд ёбанд. Рушд додани соҳа дар минтақаҳо баробар шавад, зеро ҳоло қариб 60 дарсади корхонаҳои истеҳсоли маҳсулот дар вилояти Суғд аст. Дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ соҳа суст тараққӣ дошта, дар ВМКБ ҳамагӣ як корхонаи парандапарварӣ фаъолият дорад. Гӯшту тухмро аз вилояти Суғд ба дигар шаҳру ноҳияҳо мебаранд. Дар соҳаи парандапарварӣ беш аз 10 намуди паранда, аз ҷумла мурғ, мурғобӣ, мурғи марҷон, ғоз, мурғи фиръавн, шутурмурғ ва ғайра, парвариш меёбанд. Дар оянда барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ, парвариши мурғи марҷон, бедона, кабк, тазарв, мурғобӣ, ғоз, мурғи фиръавн, шутурмурғ ва ғайраро ба роҳ монем. Масъалаи таъмин кардани корхонаҳои соҳа бо мутахассисони ботаҷрибаи зооинженерҳо, байторҳо ва бо таҷҳизоти муосир низ мубрам аст, - гуфт акадамик Давлатҷон Комилзода.
Коркард ва истифодаи пасмондаҳои соҳа (ҳангоми забҳи паранда ва инкубатсияи тухм) дар ғизои паранда низ хеле муфид аст. Инҳо қариб 30 дарсади маводи хӯрокро ташкил медиҳанд. Илова бар ин, дар мамлакатҳои дигар поруи парандаро коркард ва дар хӯроки парандаю чорво аз 30 то 50 дарсад ҳамроҳ мекунанд. Дар таркиби пору то нуҳ дарсад сафеда аст, ки ҷуворимакка ҳам ҳамин миқдор сафеда дорад. Яъне, аз истеҳсол ва коркарди ҷуворимакка дида, коркарди поруи паранда самараноктар аст. Хулоса ин аст, ки барои рушди соҳа дар ҷумҳурӣ Қонун «Дар бораи парандапарварӣ» ва барномаҳои рушди парандапарварӣ қабул ва дастгирии давлатӣ пешниҳод гардида, шароити зарурӣ муҳайё шудааст. Бинобар ин, масъулонро мебояд аз он самаранок истифода намоянд, вагарна кам шудани тухму гӯшти истеҳсоли худӣ аз эҳтимол дур нест.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.07.2022 №: 126 Мутолиа карданд: 1017