иҷтимоиёт
ОБ. НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ГЛОБАЛӢ
Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз рӯи захираҳои об дар ҷойи аввал меистад. Об аз ҷумлаи бузургтарин неъмати моддӣ ва омили бақои тамоми мавҷудоти зинда мебошад. Дар давоми садсолаҳои охир вобаста ба зиёд шудани аҳолӣ эҳтиёҷ ба об ҳам ду баробар афзуд. Агар муқаррароти танзими об дигар карда нашавад, то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии замин аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашад. Ҳоло бошад, шашяки аҳолии замин аз оби ошомиданӣ камбудӣ дорад. Сеяки мардум аз оби эҳтиёҷи рӯзгор маҳрум аст. Дар ҷаҳон дар 8 сония кӯдаке аз беобӣ бемор мешавад ё мефавтад. Вобаста ба ин ва чанд паҳлуи дигари масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эълон намудани Соли байналмилалии оби тоза иқдом гирифтанд. 20 декабри соли 2000-ум Ассамблеяи генералии СММ ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи оби тоза, ки 149 давлат ҷонибдорӣ кард, маъқул дониста, соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза эълон намуд.
18 марти соли 2003 дар шаҳри Киотои Ҷопон Форуми сеюми ҷаҳонии об барпо шуд. Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки шуруъ аз соли 2005 даҳсолаи амалиёти ҳифз ва ҳимояи захираҳои оби тоза эълон гардад. 29 апрели соли 2003 дар чорчӯбаи кори Комиссияи СММ оид ба рушди устувор ҳайати Тоҷикистон дар қароргоҳои СММ зери унвони «Об моли тамоми мардум» чорабинии махсус гузаронд. 30 апрели соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Оби тоза» барпо гардид, ки дар он аз 53 давлат, 91 созмони байналмилалӣ, 11 муассисаи махсуси СММ ва дигар намояндаҳо иштирок намуданд. Дар ин Форум Президенти Тоҷикистон сухан ронда, изҳор доштанд, ки проблемаҳои обро дар як сол ҳал кардан имконнопазир аст.
23 сентябри соли 2003 вақте ки 141 давлати узви СММ пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015-ро ҷонибдорӣ намуд, дигар барои муҳокимаи алоҳида зарурат намонд ва Ассамблеяи Генералии СММ дар ин бора қатънома қабул кард.
16 - 22 марти соли 2009 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия форуми 5-уми ҷаҳонии об баргузор гашт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Форум ба ҳайси Роҳбари яке аз давлатҳои ташаббускори ҷаҳон дар ҳаллу фасли мушкилоти глобалии об иштирок ва суханронӣ намуданд. Сардори давлати Тоҷикистон зимни суханронӣ масоили гармшавии иқлим, коҳиш ёфтани ҳаҷми пиряхҳои азим, истифодаи бенизому бебозгашти захираҳои обиро, ки дар обёрии заминҳои корам ба назар мерасанд, мушкилоти асосии вобаста ба об дар минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуданд. Ба гуфтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, то 40 дарсади оби минтақа ҳангоми обёрии бебозгашт масраф мешавад. Ба андешаи ӯ сохтмони обанборҳо ва неругоҳҳои обӣ ҳам барои истеҳсоли неруи барқ ва ҳам барои захирасозию истифодаи мунтазами об ба манфиатҳои кулли кишварҳои минтақа мебошад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли байналмилалии дипломатияи об эълон намудани соли 2012-ро барои ҳамкорӣ ва эҷоди муносибатҳои нав миёни кишварҳои канори дарёҳо дар танзими масъалаҳои марбут ба об мусоид маънидод намуданд. Ташаббусу пешниҳодҳои Сарвари давлати Тоҷикистон дар Форуми 5-уми ҷаҳонии об низ мавриди истиқболи нек ва дастгирии иштирокдорон қарор гирифтанд.
Тоҷикистон истифодаи оби мусаффои нӯшидании кӯли Сарезро чун яке аз тадбирҳои ҳаллу фасли масъалаҳои таъмини об ва беҳдошт пешниҳод намуданд. Ин кӯл метавонад Осиёи Марказиро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намояд. Ба гуфтаи Роҳбари Тоҷикистон, Сарез ба мисли гавҳарест, ки онро ҳифз кардан лозим аст. Соли 1997 якумин Конфронси баиналмилалӣ оид ба масоили кӯли Сарез баргузор шуд. Дар он тасмим гирифтанд, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар хусуси амнияти кӯл муроҷиат намоянд. 23 майи соли 2007 Конфронси дуюми байналмилалӣ роҷеъ ба масоили кӯли Сарез ва соли 2011 Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 100-солагии кӯли Сарез дар шаҳри Душанбе баргузор гаштанд.
Проблемаи дигар ин хушкшавии баҳри Арал мебошад, ки таъсири ногувори он то ба Тоҷикистон ҳам расидааст. Фоҷиа дар баҳри Арал тайи 55 соли охир ба вуҷуд омадааст. Вобаста ба ин, Президенти Тоҷикистон диққати ташкилотҳои молияву экологии ҷаҳонро ба он ҷалб менамояд, ки сари ин мушкилот ҷиддан тадбир андешанд.
Моҳи июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор гардид. Дар ин Форум Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти обшавии пиряхҳоро ба инобат гирифта, пешниҳод намуданд, ки соли 2025 - Соли байналмилалии пиряхҳо эълон карда шавад.
Ҳамин тавр, ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ ёфтанд. Моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи олӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” боз як ташаббуси наҷиби Тоҷикистон ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии марбут ба об маҳсуб меёбад.
Асомуддин АЗИЗОВ,
саромӯзгори кафедраи Идораи минтақавӣ ва
географияи Донишгоҳи давлатии Данғара,
муовини раиси ташкилоти ибтидоии
“Нури истиқлол”-и ҲХДТ дар ДДД
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.07.2022 №: 126 Мутолиа карданд: 636