logo

сиёсат

БАДАХШОН. САҲМИ МАРДУМИ САРБАЛАНД ДАР МУАРРИФИИ МАДАНИЯТИ МИЛЛӢ

 
Таърих гувоҳ аст, ки фарзандони сарбаланди Бадахшон дар пойдориву устувории давлатдории миллии худ саҳми арзанда гузоштаанд. Ин кӯҳистони бузурги Тоҷикистон садҳо ҷавонмардон ба монанди Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Хуррам Боқиев, Моёншо Назаршоев, шоирону мутафаккирон ба мисли Мирсаид Миршакару Муъмин Қаноат, Ширин Бунёду Раҳим Масов ва сиёсатмадору варзишгаронро дар домони худ парваридааст, ки ифтихори кулли тоҷикон аст. Дар масири таърих мардуми Бадахшон аз фарҳангу маданияти воло бархӯрдор буду ҳаст. Ҳозир ҳам суннатҳои воло ва маданияти хоси ин диёри зебои Ватани азизамон миллати моро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ месозад.
 
Имрӯз Бадахшон яке аз гӯшаҳои зебои Тоҷикистони маҳбубамон ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти ҳимоя ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳо таъкид карданд:“... чанд сол пештар мо дар назди худ мақсад гузошта будем, ки дар ояндаи наздик Бадахшонро ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил диҳем. Имрӯз метавон гуфт, ки мо ба ин нияти некамон то андозае ноил гардидем”. Яке аз ин гуфтаҳои дар амал татбиқёфта ин шоҳроҳҳои бузурги байналмилалие мебошанд, ки вилоятро бо қалби Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷ мепайвандаду чор фасли сол бе ягон монеа нақлиёт дар гардиш аст. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар Бадахшон баҳри некуаҳволӣ ва зиндагии шоистаи мардум неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, корхонаҳои хурди саноатӣ дар шаҳри Хоруғ, ордбарории ноҳияи Шуғнон, санги мармари ноҳияи Ванҷ, пулҳои дӯстӣ байни кишвари ҳамсоя бунёд ёфтанд. Бозорҳои наздисарҳадӣ дар ноҳияҳои Ишкошиму Ванҷ ва шаҳри Хоруғ, баҳри дастрасӣ ба ҳифзи саломатӣ беморхонаи марказии вилоят таъмир ва дар аксарияти деҳоти дурдаст бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд. Муассисаҳои таълимии типи нав ба монанди Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ, Литсейи Оғохон ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд ва навсозӣ гардиданд. Имрӯз дар маркази вилоят Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев қомат афрохтааст, ки ҳазорҳо донишҷӯёнро аз тамоми манотиқи кишвар фаро гирифтааст. Марказҳои маъмурии ноҳияҳои вилоят симои шаҳракҳои замонавиро гирифта, дар шаҳри Хоруғ варзишгоҳ, майдончаҳои варзишӣ, театри давлатӣ, раёсати маориф ва амсоли инҳо сохта, идомаи сохтмони иншоотҳои ҳозиразамон ба мисоли бинои Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хоруғ, кашидани хатти оби нӯшоӣ, чароғонкунии шаҳр, сохтмони бинои истиқоматии 12-ошёна ва дигар иншоотҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ идома доранд. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, устувории амнияти миллӣ дар ин манотиқи кӯҳӣ дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ташкилоти Оғохон оид ба рушд аввалин муассисаи таълимии байналмилалӣ, ки таълимгирандагонаш хориҷ аз кишвар дар созмонҳои бонуфузу давлатҳои тараққикарда таҷрибаомӯзӣ мекунанд, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд. Дар он донишҷӯёни дохиливу хориҷӣ таълим мегиранд. Хуллас, дар доираи сиёсати дурандешонаи роҳбарияти олии кишвар ин қисмат низ рӯ ба пешравӣ ниҳодааст.  
Мутаассифона, сарфи назар аз ин бунёдкориҳо, ҳастанд баъзе нафароне, ки барои онҳо Ватан, истиқлолияту ягонагӣ, якпорчагӣ ва ваҳдати миллӣ арзише надорад. Чанд муддатест, ки дар ин минтақаи дилрабои кишвар авзоъ ноором гардида, як гурӯҳи ҷавонон, ки дар ҳамагуна бетартибиҳо ва нооромиҳо қурбонии асосӣ мешаванд, бо ҳар роҳу восита тобеи ақидаву афкори нодуруст ва фирефтаи манфиатхоҳон шуда, аз онҳо истифода намуданд. Мутаассифона, ин раванд омилҳои террористиро ба амал овард. Ин гурӯҳҳо сараввал даст ба қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир зада бо роҳи муфт даромад ба даст меоварданду чандин ҷавононро ба истеъмоли нашъа оварда расонданд, ки дар натиҷа сафи ҷавонони ба ин вабои аср гирифторшуда афзуд. Ҳаёт, саломатӣ ва оромии ҷомеаро фикр накарда, даст ба силоҳу аслиҳа, ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, бандитизм, бетартибиҳои оммавӣ зада, бехатарии амнияти сартосарии кишварро халалдор сохтан мехостанд. Имрӯз ташкилотҳои террористию экстремистӣ дар ҷаҳон доман паҳн намуда, ҳамоно масъалаи доғи рӯз ва барои тамоми мамлакатҳои сайёра хатари рақами як ба ҳисоб мераванд. Он нафароне, ки ба ин доми тазвир гирифтор шудаанд, сидқан пушаймон мегарданд. Бовар дорем, ки минбаъд аз афкори нек ва маърифати созанда кор гирифта, дар роҳи оромӣ ва ободии кишвари азизамон мекӯшанд. Дар ин росто, мо вазифадорем, ки фаъолияти ҳаракат, ҳизбу ташкилотҳои террористиву экстремистиро маҳкум намуда, зиракии сиёсиро аз даст надода, гирифтори доми хоинон нашавем. Зеро мо, мардуми тоҷик заҳри ин навъ дасисаву найранги ватанфурӯшонро ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ чашидаем. 
Ҳоло фурсате фаро расидааст, ки барои сарнавишти халқу миллат ва баҳри оромиву осудагии Тоҷикистон тамоми зиёиёну олимону шоирону аҳли қалам, килки хешро тез намуда, бетафовуту ором нашинанд. Дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аз ҳарвақта дида бештар муттаҳид шуда, барои сулҳу суботу осудагиву оромӣ, ваҳдату якпорчагии кишвари азизамон саъю талоши бештар намоем.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷузъи ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мардуми сарбаланди он ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро ҳамеша ҷонибдорӣ намуда, тарафдори сулҳу амният ва суботи комил дар мамлакат, минтақа ва ҷаҳон аст. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ мо бояд ба иштибоҳу хатоҳое, ки дар таърихи миллатамон борҳо иттифоқ афтодаанд, роҳ надиҳем, ба ояндаи хеш назари нек дошта бошем, ба рамзҳои давлатдории миллиамон арҷ гузорем, барои сулҳу суботи ҳамешагӣ талош намоем ва дар пойдориву устувории давлатдории миллии худ саҳми арзанда гузорем. 
 
Панҷшанбе НАЗАРШОЕВ,
 директори Муассисаи таҳсилоти 
миёнаи умумии № 49-уми ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2022    №: 126    Мутолиа карданд: 1046
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед