иқтисод
ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. СОЗИШНОМАИ СУЛҲ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ СОҲАИ ДАВЛАТСОЗ
Боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, ки соли равон зери таассуротҳои наҷиб аз таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи таҷлили 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарифи кишвар Рӯзи Ваҳдати миллиро ҳамчун рӯзи баҳамоӣ, ҳамгироӣ, сулҳу оштӣ ва ваҳдату ҳамфикрӣ ҷашн гирифтанд.
Тули даврони соҳибистиқлолии кишвар барои расидан ба ҳадафҳои олии давлат аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум корҳои хеле зиёд ва назаррас иҷро гардиданд.
Албатта, кишвари азизамон дар ин солҳо мушкилиҳои хеле зиёди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро паси сар намуда, танҳо ба шарофати пешбурди сиёсати муваффақонаи Пешвои муаззами миллат давра ба давра ба таъмини зиндагии шоистаи мардум ноил гашта истодааст.
Агар дар айёми таназзул ёфтани низоми шуравии собиқ, барои Тоҷикистон соҳибистиқлолӣ зоҳиран осон ба даст оварда шуда бошад ҳам, пас ҳифзу нигоҳдошти он дар солҳои минбаъда мушкилиҳои сангинеро пеш овард. Дар пайи талоши бемантиқонаи афроду гурӯҳҳои алоҳида барои ба даст овардани молу мансаб, ҷомеа мубталои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардида, хатари парокандашавии миллат ва суқути давлатдории он баръало эҳсос мегардид.
Ба Тоҷикистон хунрезӣ, мотам, бераҳмӣ, ғоратгарӣ ворид гашта, дар натиҷа беш аз сад ҳазор шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст доданд, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд. Даҳҳо ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сӯзонда шуда, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ харобу валангор гардиданд. Зарари маънавии ҷанг бошад, ҳадду ҳисоб надорад, зеро бар асари он даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандонашон, ҳамин миқдор занон аз шавҳаронашон маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакон ятим монданд. Тоҷикистон аз рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба 40-50 сол ба қафо партофта шуд.
Миллатро саргумӣ, давлатро нестшавӣ, халқи Тоҷикистонро парокандагӣ доман зада, зиёда аз ин, миёни доираҳои сиёсии беруна ва шарикони дохилии онҳо нақшаи қисмат намудани Тоҷикистон ва, бо ҳамин роҳ, аз байн бурдани давлатдории тоҷикон тарҳрезӣ мешуд.
Маҳз дар чунин давраи мушкилу вазнин роҳбарии давлатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма гирифтанд, ки таърих инро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.
Умуман, то 27 июни соли 1997 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат 80 маротиба муроҷиатнома, хитоба, суханрониҳои расмӣ, мусоҳибаҳо ва табрикот кардаанд ва дар ҳамаи онҳо бевосита аз ризоияти миллӣ, дӯстӣ ва ваҳдат суҳбат карда, муноқишаю ҷангро маҳкум сохта, кӯшиши муттаҳид кардани миллатро пайваста думболагирӣ намудаанд.
Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояшон роҷеъ ба арзиши баланди таърихии ваҳдати миллӣ таъкид доштаанд: «Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишномаи умумӣ сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
Аз таҳлилҳои олимони соҳаи иқтисод маълум мегардад, ки маҳз баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ вазъ дар кишвар ба эътидол омада, иқтисодиёти ҷумҳурӣ рӯ ба барқароршавӣ ниҳод ва шуруъ аз соли 2000-ум марҳилаи нави рушди иқтисодиёти мамлакат оғоз шуд.
Дар ин самт, бамаврид аст, аз дастовардҳои кишварамон, ки самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он мебошад, ёдовар гардем.
Барои расидан ба ин ҳадафҳои олии кишвар ҳанӯз моҳи апрели соли 2006 Роҳбари давлатамон дар Паёми худ ҳадафҳои стратегии кишварамонро муайян намуда буданд, ки мақсад аз он таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо неруи барқ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика, рушди он ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 14 миллиард киловаттсоат дар соли 2000-ум то 21 миллиард киловаттсоат дар соли 2020 расонда шуд.
Дар ин радиф, бо талошҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва ташаббуси Пешвои муаззами миллат, ду агрегати НБО «Роғун» ба истеҳсоли неруи барқ шуруъ намуда, маҳдудияти барқ дар фасли зимистонро бартараф сохт.
Ҳамзамон, таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки ҳар як давлату миллат маҳсуб ёфта, пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини он ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба авзои кунунии ҷаҳон Роҳбари кишварамон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мулоқот фаъолони вилояти Хатлон санаи 18 июни соли равон бори дигар иброз намуданд: “Дар шароити имрӯза тамоми мардуми Тоҷикистонро зарур аст, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд”.
Давоми ду даҳсолаи охир маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ ба 8800 сомонӣ расонда шуд, ки зиёдшавии он нисбат ба соли 2000-ум 29 маротибаро ташкил менамояд.
Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бошад, ба 82,5 миллиард сомонӣ дар соли 2020 баробар шуд, ки ин шаҳодати зиёда аз 100 маротиба афзудани нишондиҳандаи асосии макроиқтисодии кишвар нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мебошад.
Даромади пулии аҳолӣ низ боло рафт. Дар ин замина, сатҳи камбизоатӣ аз 81%-и соли 1999 то 25,3% дар соли 2020 паст гардида, сохтори истеъмолии аҳолӣ тағйир ёфт ва дар он ҳиссаи хароҷоти ғайриозуқаворӣ бамаротиб зиёд гардид.
Оғоз аз соли 2000 бо ташаббусҳои Сарвари давлат вобаста ба об, ки аз ҷониби беш аз 180 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфтааст, Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 7 қарор вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул намудааст, ки ин аз боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад.
Дар умум, татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии миллиамон, густариши равобити дӯстии халқҳо, иқдому амалҳои созандаи вусъатбори сокинони мамлакат, ки дар саҳифаҳои таърихномаи миллат бо хатти зар сабт гардидаанд, самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он мебошад.
М. ШАРИФЗОДА,
доктори илмҳои иқтисодӣ,
профессор, ректори ДДҲБС
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.07.2022 №: 126 Мутолиа карданд: 859