logo

сиёсат

АВЗОИ СИЁСИИ ҶАҲОН. ДАР ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ДАВЛАТДОРӢ МУТТАҲИД БОШЕМ!

 
Мусаллам аст, ки пойдорию бақои ҳар миллат дар иттиҳоду якдилӣ ва ҳамбастагию ваҳдати мардумони он аст. Ин сабақи зиндагиро мардуми мо хеле хубу амиқ аз худ намудааст, зеро маҳз сулҳу созиш ва ваҳдату якдилӣ боис гардид, ки аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ наҷот ёбем, ҳамчун миллати соҳибхирад ва тамаддун-офар бори дигар эҳё шавем ва ба рағми душманони миллатамон ба мардуми ҷаҳон дарси сулҳу оштӣ диҳем. 
Миллати мо ҳамеша дар муқобили фитнаву ҷабри душманону бадхоҳонаш ба хиради азалии худ ва ба фарзандони баномусу диловараш такя мекард. Шуҳрати қаҳрамонии Спитамен, ҷасорати Муқаннаи далеру матонати Темурмалики ғаюр ва хиради Исмоили Сомониро таърих ҳамеша дар ёд дорад. Дар рӯзҳои ҳассосу тақдирсози солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ низ ҳамин гуна фарзанди сарсупурдаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат омада, мардуми ранҷкашидаву руҳафтодаро ба сулҳу созиш, якдиливу ҳамбастагӣ даъват намуда, кафолати ояндаи неку рӯзгори босаодати мардумро бар дӯш гирифтанд. Дар симои Эмомалӣ Раҳмон мардум роҳбару раҳнамои оқилу адолатпешаро дарёфт. Маҳз саъю кӯшиши шабонарӯзӣ ва садоқату фидокории ин фарзанди фарзонаи миллат буд, ки дар як айёми кӯтоҳ миллати пароканда сарҷамъу муттаҳид гашта, шаҳрвандони гурезаву овора ба Ватан баргаштанд. 
Ба шарофати сиёсати сулҳофару талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз ба рӯз вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар мамлакат беҳбуд ёфта, оромию осоиши ҷомеа таъмин гардид. Раҳоии миллату давлат аз вартаи даргирию ҳалокат, ба даст овардани сулҳу созгорӣ ва зина ба зина боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, аз миён бардоштани буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва расидан ба марҳилаи устувори рушду тараққиёти ҷомеа самараи якдилию иттиҳоди миллат ва ҷидду ҷаҳди ҳамешагии Сарвари давлат аст. 
 Инак, аз давраи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ - ин санади муҳиму созанда 25 сол сипарӣ гардид. Бисту панҷ сол дар ҳошияи таърих фурсати андакест, аммо барои миллати куҳандиёри мо ин чанд сол муддати тақдирсозу бунёдгузор ба ҳисоб меравад. Аҳамияти ин санад барои миллату давлати мо на камтар аз Эъломияи истиқлоли ҷумҳурӣ аст, зеро истиқлолу соҳибихтиёрӣ ва озодию ободии кишвар дар фазои сулҳу суботу осоиштагӣ таъмин ва имконпазир мегардад. Оре, бешак, омили пешрафту инкишоф ва рӯзгори босаодати мардум ин ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдилию ҳаммаром будани ҳар фарди ҷомеа мебошад.
Ҳарчанд даврони сахту мушкилзои миллати мо сипарӣ гардида бошад ҳам, вале авзои сиёсии имрӯзаи ҷаҳон аз ҳар кадоми мо ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро талаб мекунад. Ҳанӯз ҳам чашми ҳасудону кӯрдилон ба сӯи Меҳани биҳиштосои мо ва захираҳои фаровони кишварамон дӯхта шуда, дар дил ниятҳои муғризона мепарваранду пайи амалӣ намудани он аз ҳар роҳу восита истифода мекунанд. Аз ин рӯ, мо соҳибони ин Ватанро мебояд, боз ҳам ҳамчун миллати тому воҳид муттаҳид бошем, барои пояндагии Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, инчунин, эъмори ҷомеаи комилан саодатманд камари ҳиммат бандем ва бо азму иродат дар масири иттиҳоду якдилӣ устувору собитқадам бимонем.
 
Саодат ИНОЯТОВА, 
мутахассиси шуъбаи дин, 
танзими анъана ва ҷашну
маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2022    №: 126    Мутолиа карданд: 1081
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед