logo

сиёсат

ЛИДЕРИ МАРДУМӢ ВА АРЗИШҲОИ ТАЪРИХИИ ВАҲДАТ

 
Ваҳдат асосу бунёди ҳастӣ ва саодати ҷомеаи башарият буда, ифодагари мафҳумҳои ягонагии сарзамини аҷдодӣ, муҳофизату таҳкими давлати миллӣ, озодиву ободист:
Зи ҳар ҷо биёему якҷо шавем,
Ҳама қатраҳоему дарё шавем.   
Дар ин росто, миллат тавассути адабиёт аз ватанхоҳӣ, қаҳрамонӣ, ҷонфидоии бузургтарин фарзандони хеш огоҳ шудааст. Суханварон чеҳраи подшоҳон, сипаҳсолорон, файласуфон, ҷавонмардону хирадмандони ботадбирро дар қиссаву достон, қасидаву қитъа, ғазалу рубоӣ ва дигар жанрҳо ба қалам дода, ба онҳо зиндагии ҷовидона бахшидаанд. Агар ҳамин нигоштаҳо намебуданд, хотираи таърихии халқи мо заифу нокомилу камранг мегашт ва корномаву ҷонбозиҳои фарзандони диловари Ватан дар ёду зеҳнҳо боқӣ намемонд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як роҳбари мардумӣ ва лидери миллӣ саъю талош намуданд, ки мамлакат аз асорати нобудӣ наҷот ёбад, хавфу хатари барҳам хӯрдани Тоҷикистон аз байн равад, оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомӯш шавад, гурезаҳо ба Ватан баргарданд. Тақдир ва сарнавишти миллати тоҷик дар ҳамон солҳо чун “ашки сари мижгон” дар вазъи ҳассосе қарор дошт. Ваҳшонияти ин рӯйдоди нобасомон, ки доғе ба қалби ҳар пиру ҷавон ва ба ҳар хонадоне осори ғаму андуҳ ниҳода буд, дар шеъри шоири мумтоз Муъмин Қаноат чунин тасвир шудааст:
Чунин разми беназмро кас надид,
Ва тасвири онро набояд кашид.
Зи тифлони гаҳвора то пири кор
Бишуд сайди ин ҷангу тири шикор.
27 июни соли 1997 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон саҳифаи нав боз шуд ва чун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар таърих сабт шуд. Сарвари кишвар аз Москва бо чунин созишномаи тақдирсоз баргаштанд. Шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ он рӯз бо чанд тан аз зиёиёни мамлакат ба пешвози Роҳбари давлат баромада, ин шеъри таърихиро суруд:
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Ин суханони оташбори Сарвари давлат қомати аз ғам хамгаштаи гурезагонро рост, қалбҳои ранҷурашонро дармон бахшиданд: «Имрӯз оғӯши гарми Ватан, чеҳраи пурмеҳри ҳар як шаҳрванди мамлакат интизори баргашти ҳамватанони фирорист. Биёед ин ҳадияи таърихӣ ва ин имконияти хубро, ки бо кумаки Созмони Милали Муттаҳид, кишварҳои нозир имконпазир гардид, барои ваҳдати ҷовидонаи ҳамдиёрони азиз пурсамар истифода барем. Мо дар остонаи асри 21 - марҳалаи навини таърихи инсоният қарор дорем. Дар пешорӯи сарзамини муқаддас ва покизаи мо - Тоҷикистон низ уфуқҳои наву тоза боз мешаванд. Бигзор, ин уфуқҳо софу беғубор, рангину нуронӣ ва сафеду покиза бошанд». Онҳо ин хабарро ба ҳамдигар расонда, хушҳолӣ мекарданд.
Ёдамон ҳаст, ки Сарвари кишвар дар суханрониҳои худ пайваста таъкид мекунанд: «Ба Ватан, ба халқу миллати худ хиёнат накунед». Ин шеър аз ҳамин суханронӣ маншаъ мегирад, ки хеле муассир аст:
Гузарад соати душвор, Ватанро мафурӯш,
Ғами дирӯз шавад пор, Ватанро мафурӯш.
Хатти марзи Ватан имрӯз хати номус аст,
Эй баномусу ватандор, Ватанро мафурӯш.
Ғарб то Шарқ - ҳама манфиати худ ҷӯянд,
Ба фиреби ду ҷаҳонхор Ватанро мафурӯш. 
Сухани қудсии “Ҳубби ватан аз имон аст”
Шунав аз Сарвари солор, ватанро мафурӯш.
Гулрухсор аз тулуи ҳаёти нави мардуми кишвар ва эҳёи зиндагии сафобахши миллати бунёдкори тоҷик ба ваҷд омада гуфта буд:
Боз тоҷик, -
Миллати мурғи самандар,
Аз шуои оташи худсӯзии худ,
Марзи имонро биафрӯзад.
Тоҷикистон сӯхт гар аз ҷаҳли тоҷик,
Фазли тоҷик 
                       Тоҷикистонро биафрӯзад.
Халқи тоҷик бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ бори дигар ба аҳли олам собит сохт, ки сулҳу дӯстию ваҳдат ва эҳтиром ба якдигар дар ҷавҳари ҷисму ҷонаш нуҳуфтааст ва он аз суннатҳои волои чандҳазорсола бархӯрдор аст. Муҳимтар аз ҳама, созишномаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи олии ваҳдати миллӣ ва намунаи ибрат барои кишварҳои дар ҳоли даргир қарордошта ба сифати як мактаби сиёсӣ эътироф гардид. Ваҳдат ва Истиқлол имрӯз дар фазои Тоҷикистони озод, обод ва шукуфон чун Хуршед медурахшанд ва роҳи халқи эҷодкору тамаддунофаринро ба сӯи пешрафту тараққиёт ва ояндаи неку дурахшон мунаввар менамоянд:
Ваҳдати мо дил ба рӯи якдигар 
во кардан аст,
Чеҳраҳои офтобиро ба дил ҷо кардан аст.
Аз нигоҳи садри олии Ватан бо ҳамдилӣ
Тоҷиконро тахтшини тахти дунё 
кардан аст.
 
 
Маҳмадшо МАҲМАДШОЕВ, мушовири  ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2022    №: 126    Мутолиа карданд: 1075
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед