сиёсат
ҶОМЕАИ ДУНЯВӢ. МАФКУРАИ СИЁСӢ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ПЕШРАФТ АСТ
Дунявият низомест, ки дар он фаъолиятҳои сиёсӣ ва динӣ аз ҳам ҷудо амал мекунанд ё ҷудоии дину сиёсат яке аз аслҳои ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравад ва ин ҳар ду бо ҳам робитаи бисёр наздик доранд. Дар ҷомеаҳои демократии ҷаҳон бо таваҷҷуҳ ба ҳокимияти тамоми мардум ва ҳукумати ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ асли дунявият ё ҷудоии ҳукумату дин сабаби пайдоиши арҷгузорӣ ба ҳамаи навъи боварҳо, мазҳабҳо ва андешаю ақидаҳое мегардад, ки онҳо ба сифати таъминкунандаи озодии динӣ ва мазҳабӣ баромад менамояд.
Ҷомеаи демократӣ, ки бунёди онро ҳокимияти мардумсолор ташкил медиҳад, бомаром ё андешаи озодиҳои фардӣ ва ҳуқуқи инсонӣ поягузорӣ мешавад. Мусаллам аст, ки ҳар андоза ҷомеа ё кишваре дар ҷодаи такомули демократия пешрафтатар бошад ва ҳар андоза миллате дар устувории ҳукумати мардумӣ пирӯзии зиёде ба даст оварда бошад, дар он ҷомеа, ё кишвар ҷудоии ҳукумату дин намоёнтар ва низоми озодиҳои динию мазҳабӣ зиёдтар аст. Ин асл имкон медиҳад, ки дину мазҳабҳои гуногун агар ба шарте дар чорчӯбаи қонун амал намоянд ва ба корҳои сиёсӣ дахолат нанамоянд, ба ҳеҷ кадоме аз онҳо имтиёзе дода намешавад ва аз назари қонун ҳама баробар амал мекунанд.
Ба тарзи дигар, дунявият имкон фароҳам меоварад, бовармандони мазҳабҳои гуногун сарфи назар аз он ки ақаллият ё аксарияти иҷтимоъро ташкил медиҳанд, аз назари қонуну ҳуқуқ баробар амал кунанд. Дар чунин навъи кишварҳо дини расмӣ ё мазҳаби давлатӣ вуҷуд надорад. Ҳокимияти сиёсӣ дар баробари дину мазҳаб бетараф ва ё бетафовут аст. Дар бисёре аз кишварҳое, ки низоми демократӣ доранд, руҳониёни динҳо ва мазҳабҳои гуногун ҳаққи таҳмили назарияҳо ва боварҳои диниро ба қонуни асосии мамлакат надоранд. Руҳониён наметавонанд назарияҳо, боварҳо ва ақоиди динӣ ва мазҳабии худро бар ҳукумат таҳмил кунанд ё сиёсати давлатро бар усули дину мазҳаби худ ҳамоҳанг созанд, зеро қонуни асосии кишвар навъи ҳукумат, сиёсатҳои кишвар ва шеваи кори давлатҳоро равшан кардааст.
Қобили зикр аст, ки дар дарозои таърих аз замони пайдоиши динҳои тавҳидӣ идораи умури сиёсӣ, дар бештари даврон, пайванд ба табақаи руҳоният будааст, ин ба маънии ҳукумати динсолор ва идораи сиёсии мазҳабии руҳоният ба шумор мерафт. Ҳатто кишварҳои аврупоӣ то қарни 17 – 18 пурра дар идоракунии теократӣ ё динсолор қарор доштаанд.
Зарурати аслии ҷудоии ҳукумату дин ё дунявият аз он ҷо ба миён омад, ки рӯйдодҳои бузурги таърихӣ дар ҷаҳон ба вуқуъ пайвастанд. Ҷудоии дину давлат ин итминонро ба вуҷуд овард, ки ҳамзистии осоиштаи мардумон танҳо дар низоме метавонад амалӣ шавад, ки он ҷо дину бовар кори фард аст. Дар дарозои таърих якнавохтӣ ва ё ҳамгунии ҳукумату дин (низоми теократӣ) ҳамеша бо хунрезиҳо, бесуботиҳо, табъизи бовару мазҳабҳои дигар ва бартарият доданҳо ба баъзе аз бовару мазҳаб мунҷар гардидааст. Ҳамбастагии дину давлат ё идораи сиёсии динӣ бо бархӯрдҳои зиёди иҷтимоӣ сабаб гардида, дар тули таърих осори бисёр зиёновареро барои аксарияти мардум ба бор овардааст. Чунин ҳолатро дар таърихи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон метавон мушоҳида намуд, ки бартариҷӯиҳои динию мазҳабӣ сабаби ҷангҳои мазҳабӣ, нобуд кардани иддае аз мардум ба хотири мансубият ба дину мазҳаби дигар будан ва кушторҳои азиме ҳам бо номи кушторҳои мазҳабӣ рух доданд.
Дигар, зарурати дунявият дар он ифода меёбад, ки неруи пешбарандаи ҷомеаҳо дар ҷаҳони имрӯз неруи ақлу хирад, дониш ва дастовардҳои илмӣ дониста мешавад. Тибқи он, бояд ҳар мушкили сиёсию иҷтимоӣ дар доираи илми муайян мавриди баррасӣ қарор гирад. Аз тарафи дигар, дар ҷаҳони имрӯз чун идораи иҷтимоӣ ва низоми идоракунӣ дар бештаре аз кишварҳои ҷаҳон низоми демократӣ аст, яке аз воситаҳои асосии таъмини демократия ва озодиҳои инсон ин ҷудоии навъи идораи сиёсӣ аз бовару мазҳаб ҳисобида мешавад. Чун демократия ҳукумати аксарияти мардум бо маҳфуз доштани ҳуқуқи ақаллият мебошад, аз ин пай бурдан мумкин аст, ки ҳукумати табақаи руҳонӣ гурӯҳи бисёр хурдеро бар тамоми ҷомеа мутамоиз месозад. Дар ин ҳолат, бартар кардани гурӯҳи ақаллият бар аксари ҷомеа наметавонад таъминкунандаи мардумсолорӣ бошад. Дар дарозои таърих дида мешавад, руҳоният ҳамеша хешро пайвандгари замину осмон ва гурӯҳи соҳибимтиёз дар назди офаринанда арзёбӣ менамоянд. Дар ин ҳолат, принсипҳои демократия ё мардумсолорӣ риоят намегарданд. Ҳарчанд низоми демократӣ дар заминаи такомулу пешрафтҳои низомҳои подшоҳӣ, теократӣ, императориҳо падид омада, яке аз ҷилваҳои дурахшони пешрафти фикрию ақлии башар аст, бозгашт ба навъи ҳокимиятҳои теократӣ далели ақибмондагӣ ва бозгашт ба асри миёна, ба вопасгароӣ ҳисобида мешавад. Таърих собит намудааст, ки ҳукуматҳои динию теократӣ далели намоёни ақибмондагиву таассубзадагӣ дар масири такомули фикрии башар будаанду ҳастанд. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, ки каму беш бо усули мардумсолорӣ идора мегарданд, ҳатман зарурати ҷудоии ҳукумату дин дар амал ба исбот расида ва иҷро карда мешавад. Табақаи руҳонӣ бо таваҷҷуҳ ба манофеи худ ҳеҷ гоҳ ба манфияти тамоми мардум ва кулли ҷомеа алоқаманд нестанд. Аз ин рӯ, онҳо наметавонанд ҳукумати аксариятро бар асоси раъйи мардум дошта бошанд.
Дар дунёи печидаи имрӯз ва дар тамаддуни кунунӣ бо иҷрои аҳкому усули дину мазҳаб наметавон ҷомеаро идора намуд. Диншиносон ба ин натиҷа расидаанд, ки аксар аз динҳо хусусияти қабилаии тарзи бароварда кардани ниёзҳои ҳазорон сол қаблро дошта, ҷуғрофиёи маҳдудро инъикос менамоянд. Аз ин рӯ, андешаи руҳониёни ин навъи дину боварҳо низ бар пояи донишҳои ҳазорон сол қабли инсоният аст. Чунин ба назар мерасад, ки бо таваҷҷуҳ ба ҳукуматҳои теократии минтақа аксар аз руҳонияти онҳо ошноии чандоне ба ҷаҳони имрӯзаи қарни 21 надоранд. Инро дар 10 моҳи ҳокимияти «Толибон» дар Афғонистон метавон бармало мушоҳида намуд. Давлатмардони ин ҳукуматҳо, ки руҳониёнанд ниёзҳои ҷомеаи худ ва дигаргуниҳои ҷаҳониро дар сатҳи илму андешаи имрӯзӣ аз самти иқтисоду сиёсату фарҳанг надоранд. Бо ин сабаб, онҳо наметавонанд ташхиси вазъ ва тасмими дурусту илмӣ ва ҳирфавиро дар баробари мушкил бигиранд. Аз ин лиҳоз, онҳо шоистагии фармонравоӣ бар ҳукумату сиёсати як кишварро надоранд. Бисёре аз аҳкому дастурҳои бовармандӣ, ки ҳазорон сол қабл дар заминаи зарурати иҷтимоӣ, сатҳи донишу огаҳӣ ва ҷаҳоншинохтии ондаврони башар вазъ шудаанд, бо илм, дониш ва фарҳанги имрӯзии башар мутобиқ намеоянд ва бархӯрди шадид доранд. Дунёи имрӯз, дунёи илм, дониш ва фарҳанг аст, на дунёи боварҳову мазҳабҳо. Албатта, боварҳову мазҳабҳо, ҷойгоҳи хешро доранд, вале онҳо танҳо кори фардӣ ба ҳисоб мераванд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки дар қарни имрӯзии фанноварию илмӣ танҳо низоми дунявӣ метавонад аз як тараф ҳамзистии осоиштаи дину боварҳои гуногунро таъмин созад, онҳоро дар зеҳни фард, ҳамчун муқаддасоти фардиву ҳарими хусусӣ ҳифз намояд ва аз тарафи дигар ба хотири пешрафти кишварҳою давлатҳо заминаи мусоиди илмию фанноварӣ гузошта, барои зиндагии босаодати инсонҳо имкон ба вуҷуд оварад.
Исомиддин ШАРИФЗОДА,
номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедраи гуманитарии
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.07.2022 №: 127 Мутолиа карданд: 1131