logo

иҷтимоиёт

ДАНҒАРА. САҲМИ ҒАЮР САФАР ДАР ТАЪРИХНОМАИ НОҲИЯ ИБРАТОМӮЗ АСТ

 
Собиқадори меҳнат, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 Ғаюр Сафаров (равонаш шод бод) яке аз маъруфтарин шахсиятҳои кишвар буда, ба халқу Ватани азизаш хизматҳои содиқонаву софдилона анҷом додааст. Мавсуф соли 1924 дар деҳаи Кангурти собиқ вилояти Кӯлоб дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ солҳои хеле қаҳтӣ ва гуруснагӣ аз хурдсолӣ бо ду бародараш Убайду Ҷамолиддин аз падару модар маҳрум гашта, бо мадади дӯстон ва шахсони хайрхоҳ дар хонаи бачагони бепарастори Кангурт ба воя расида, хатту савод, одобу ахлоқи ҳамида омӯхта, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия гирифтанд. Ғаюри ҷавон фаъолияти кориашро соли 1938 дар колхози Заҳматободи  деҳоти Хуҷаи Нур ба сифати котиби раёсати колхоз оғоз карда, ҳамчунин, дар беморхонаю шуъбаи молия адои вазифа намудааст. 
Соли 1941 Германияи фашистӣ аҳдшиканона ба сарзамини Иттиҳоди Шуравӣ (СССР) зада даромад. Ҳисси ватандӯстӣ дар қалби Ғаюри ҷавон ҷой гирифта буд, аз ин рӯ, барои ҳимояи хоки муқаддаси Ватан довталаб шуду 5 сентябри соли 1942 ба ҷабҳа сафарбар гашт. Нахустин саҳнаҳои ҷанги хонумонсӯзро дар остонаи шаҳри Воронеж дид. Дар муҳорибаҳои шадиди озод намудани шаҳри Сталинград, камонаки Курск, Белгород, Орёл, Полтава ва Брянск ҳамчун тирандози моҳир шуҷоату қаҳрамонӣ нишон дод.
Дар яке аз муҳорибаҳои шадиду нобаробар баҳри озод кардани шаҳри Рига, 20 феврали соли 1945 сержанти калон, тӯпандози далеру шуҷоъ Ғаюр Сафаров дар натиҷаи таркиши гулула аз пои чапаш маҳрум мешавад ва рӯзи Ғалабаро дар госпитал истиқбол мегирад. Тоҷикписари кӯҳистонӣ баҳри ҳимояи хоки муқаддаси Ватани маҳбуб ҷонбозиҳо карда, бо ду ордени Шараф ба зодгоҳ бармегардад. Мавсуф солҳои баъдиҷангӣ дар вазифаҳои гуногун- котиби масъули рӯзномаи ноҳиявӣ, хазинадори калони шуъбаи ноҳиявии бонки давлатӣ, намояндаи бонки хоҷагиҳои ноҳияи Кангурт пурмаҳсул кор кардааст. Соли 1959 бо пешниҳоди котиби аввали кумитаи ҳизбии ноҳияи Данғара Анвар Назаров раиси Кумитаи хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ Василий Захватов ӯро директори хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара таъин мекунад. Дар ин вазифаи басо масъулиятнок тамоми қувваю ғайраташро баҳри ободонии кӯҳистон равона сохта, дар як муддати кӯтоҳ масоҳати хоҷагии ҷангалро аз ҳисоби талу теппаҳои бекорхобида ба 95 ҳазор гектар  расонд. Дар шинондани ниҳолони писта ба ҷангалпарварон набототшиносони Пажӯҳишгоҳи набототи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Усмон Холдоров, Алексей Қарақӯлов ва Иван Бориспол ёрӣ расонданд. Азбаски хоҷагии ҷангал муассисаи худмаблағгузор буд, аз ҳисоби даромад соҳаҳои чорводорӣ, асппарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва фермаи кабкпарварӣ ташкил кард. Бояд гуфт, ки сол ба сол обрӯю нуфузи хоҷагӣ дар миқёси ҷумҳурӣ боло рафта, ҳамаи соҳаҳо фоидаовар шуданд. 
Соли 1971 хоҷагӣ зиёда аз 105 тонна пистаи хушсифат ҷамъ оварда, ба давлат супурд, ки натиҷаи рекордӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ҳисоби даромади соф дар ноҳия стансияи илмӣ – тадқиқотии ҷангалпарварӣ, идораи дуошёнаи хоҷагии ҷангал, барои коргарон дар деҳаҳои Пушти Гач, Қарабодом, Навобод ва Сангтӯда даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ, фермаҳои калони чорвопарварӣ сохта шуданд. Инчунин, Ғаюр Сафаров соли 1971 кори хайреро анҷом дод, ки то ин вақт ҳеҷ кас накарда буд. Аз ҳисоби буҷети хоҷагӣ аҳолии деҳаҳои хурдро, ки роҳ, барқ, оби нӯшоӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва мактаб надоштанд, кӯчонда ба деҳаҳои Паси Гач, Навобод ва Қарабодом оварда, бунгоҳҳои тиббӣ, мактабу роҳҳо сохта, бо обу барқ таъмин намуд. 
Соли 1977 як гурӯҳ олимон аз Амрико ба ин хоҷагии номдор ташриф оварданд, ки роҳбаладашон ректори Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон академик Юсуф Носиров буд. Онҳо пистазори хоҷагии ҷангали ноҳияро аз нигоҳи илмӣ санҷида, ба усулҳои пайвандкунии писта баҳои баланд доданд. Баъди бозгашт онҳо аз ин хоҷагии номдор ва таҷрибаи бою ғании Ғаюр Сафаров дар соҳаи ҷангалпарварӣ, дар рӯзномаҳои амрикоӣ мақолаҳо чоп ва мавсуфро ҳамчун қаҳрамони ҷанг ва профессори хоҷагии ҷангал муаррифӣ намуданд. Академик Юсуф Носиров матлабҳоро дастрас карда, ба забони русӣ гардонд. Ҳоло мақолаҳо дар бойгонии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон маҳфузанд. Баъдан ректор Ғаюр Сафаровро ба Донишгоҳ хонда, дар вазъияти тантанавӣ ба ӯ унвони ифтихории  Профессори соҳаи ҷангалро супурд. Ҷангалпарвари номии тоҷик соли 2005 дар таҷлили 60-солагии Ғалаба бар фашизм ба шаҳри Москва даъват шуд. Президенти Россия В.В. Путин дар фазои тантанавӣ ба Ғаюр Сафаров ордени Александр Невскийро тақдим кард.
Номбурда ҳамчун роҳбари хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара зиёда аз 30 сол заҳмат кашидааст. То ба имрӯз мутахассисони Агентии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ пешниҳод ва таҷрибаи бою  ғании ин олими соҳаи ҷангалро ҳамчун дастур истифода мебаранд. Ҷангалпарвари хизматнишондодаи Тоҷикистон, профессори ифтихории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Ғаюр Сафаров 19 августи соли 1999 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои содиқонааш дар назди халқу Ватан бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гашт. 
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2022    №: 127    Мутолиа карданд: 739
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед