logo

иҷтимоиёт

ТУ БА МАН ГИРЯ НАОМӮЗ!

Бале, имрӯз ҳоҷати ба онҳо, шахсони дорои имконияти ҷисмониашон маҳдуд гиря омӯхтан нест. Онон худ зиёд гиристаанд ва ашкҳояшон кайҳост иродаву азмашонро қавӣ ва сангин сохтаанд.
Дар Тоҷикистони азизи мо, ки шумораи онон аз 150 000 зиёданд, мардум, миллат, давлат барояшон дилсӯз аст. Мардуми тоҷик, ки аз азал меҳрвару меҳроинанд, ҳаргиз ба чунин одамони ҷабри тақдирдида бетараф набуданду нестанд. Миллати саховатманду боҳиммати тоҷик сари нангу орият ба дили шикастаи онҳо пайванди бовар ва умед медиҳад. Кофист далелҳои бешумори одамияту меҳрубонии тоҷикон. Ҷавонмардоне мисли Маҳмудҷон Муродов ки чанде аз ин муҳтоҷонро соҳиби хонаву дар карда, орзуву нияташонро ҷомаи амал пӯшондаанд, кам нестанд.
Давлати соҳибистиқлоли тоҷикон низ онҳоро аз назари таваҷҷуҳи худ дур наандохтааст, дар пайи таҳияи барномаву лоиҳаҳои зиёдест, ки зиндагии чунин шахсонро сабук ва пурмаъно созад. Дар ин ҳошия эълони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷрои наве ба дарёи умри эшон андохт. Мушкилиҳои рӯзгори шахсони дорои имконияти ҷисмониашон маҳдуд ҳамдилию ҳамдардии қишри ҷавонтарини ҷомеаи моро ба самар овард. Тавассути тарҳрезии барномаҳои гуногуну судбахши ҷавонон дар ин боб навгониҳои зиёд сурат гирифтанд.
Барномасози ҷавон, хонандаи синфи 10-и Литсейи № 2 барои хонандагони болаёқат Шеърои Комрон бо навоварии худ аҳли ҳакамони ин Озмунро шод гардонд ва сазовори ҷои аввал гардид. Инчунин, бо ин барнома Шоҳҷоизаи «Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ» - ро ба даст овард. Барномаи ӯ «Муҳити дастрас» ном дошта, барои осон кардани рукнҳои зиндагии шахсони дорои имконияти ҷисмониашон маҳдуд равона шудаст. Амалкарди барнома оянда имкон медиҳад, ки онҳо низ ҳуқуқи бо ҳама баробар буданро эҳсос кунанд.
Ман, ки чанд сол сардабири рӯзномаи «Дилсӯз» барои маъюбони ҷумҳурӣ будам. Он моҳе ба теъдоди 10 ҳазор нусха чоп шуда, рӯзгори пурмашаққат, аммо омӯзандаи онҳоро инъикос мекард. Дар раванди омодаи чоп кардани ҷарида хуб омӯхтаам, ки баҳои сухани нек, каломи эътимоду умед баҳри азияти хор чашидаву гули шодӣ гумкардагон чист. Як сухан, як рафтор, як амали наҷиб метавонад рӯзгори ононро батамом дигар созад, қисмати носозгорашонро ширин созад, нируяшон бахшояд. Бедили бузург гуфтааст:
Чанд чун гирдоб бояд буд маҳви печутоб,
Бар умеди соҳиле чун мавҷ дасту по занед!  
Мо - аҳли ҷомеа қарздорем, ки барои ба ин соҳили мурод расидани онон дасташон гирем. Вақт аст, имрӯз ин рӯзнома ҳамчун ҳабибу ҳамрози ин гурӯҳи мардум бо фарогирии масоили душвори зиндагӣ ва чакидаҳои хомаи эшон аз нав эҳё гардад. Агар имрӯз мо ба кулбаи ин ниёзмандон чароғи меҳрубонӣ афрӯхтем, агар бепоеро мадори равонӣ додем, агар нобиноеро чашми дил шудем, одамияти мо пеши Худованд дар оина хоҳад буд. Ҳар сахтиву талхӣ, мусибату ғами одамизод мағлубшаванда аст ба он пирӯзӣ, ки дар дилҳои мо ишқ ба ҳаёт, ба дунё, ба инсони одӣ гарму созанда бошад. Шукр, ки дили тоҷик аз санг нест ва чашми ибратбин дорад, на иллатбин.
 
Латофат КЕНҶАЕВА, маъюби гурӯҳи II,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2022    №: 127    Мутолиа карданд: 646
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед