иҷтимоиёт
«ФАРМОНИ № 622. БОЗ ДАР БОРАИ БЕМАСЪУЛИЯТИИ МАСЪУЛОН»
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон мақолаи «Фармони № 622. Боз дар бораи бемасъулиятии масъулон»-ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 27 апрели соли 2022, № 81, нашр шудааст, чунин иттилоъ медиҳад.
Бояд зикр кард, ки бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия як қатор деҳаҳо ва маҳаллаҳо бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд. Аз ҷумла, 11,8 км хатти оби нӯшокӣ аз минтақаи Чанорту то шаҳраки Обикиик (ба беморхонаи марказии ноҳия), 3 км хатти оби ошомиданӣ ба деҳаи Бандар, барои 60 хоҷагӣ кашидани хатти оби нӯшоӣ дар деҳаи Хумдон ва 200 метр дар деҳоти Қизилқалъа, кашидани хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ ва, инчунин, дар деҳаи навбунёди 30-солагии Истиқлолияти Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ зиёда аз 15 адад чоҳи амудӣ канда, нуқтаи таъмини об ташкил гардид.
Ҳамзамон, кор дар якчанд деҳаҳо, аз ҷумла кашидани хатти оби техникӣ ба шаҳраки Обикиик ба масофаи 4000 метр, хатти обёрӣ намудани киштзори деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод ба масофаи 3200 метр, кашидани хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Хуросони Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ ба масофаи 2150 метр идома дорад.
Барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани 60 фоизи аҳолии ноҳияи Хуросон, ҷиҳати кашидани хатти оби нӯшокӣ аз дарёи Вахш бо ширкати «Ҷайка»-и Ҷопон ҳамкориҳо оғоз гардида, лоиҳа омода шуда истодааст.
Ҷамоати деҳоти Фахробод бо оби нӯшокӣ таъмин буда, барои овардани хатти оби нӯшокӣ ба деҳаи Чашмасори Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод ба масофаи зиёда аз 7 км аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ кор идома дошта, аз тарафи Барномаи таҷдиди роҳ барои кашидани хатти оби нӯшокӣ ба маркази ноҳияи Хуросон аз дарёи Кофарниҳон дар назар аст.
Инчунин, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Ҷопон барои дастгирӣ кардани лоиҳаи «Таъмин намудани ноҳияи Хуросон бо оби нӯшокӣ» аз 21 феврали соли 2017, № 22/2-9 мактуб ирсол шудааст, ки айни ҳол лоиҳаи мазкур дар сатҳи омӯзиши мутахассисони ҷопонӣ қарор дорад.
Масъалаи таъмини об зери назорати қатъӣ гирифта, баҳри ҳалли он аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.
И. АҲМАДЗОДА, раиси ноҳияи Хуросон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.07.2022 №: 127 Мутолиа карданд: 752