Хабарҳо
ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ. 299 ХАТМКУНАНДА СОҲИБИ ДИПЛОМИ СУРХ ШУД
Дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ ба 299 хатмкунандаи Донишгоҳ дипломи аъло супурда шуд. Аз ин шумора, 144 нафарро донишҷӯдухтарон ташкил медиҳанд.
Ректори Донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода зимни супурдани дипломҳои сурх изҳор дошт: «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар омода намудани мутахассисон барои соҳаи гуногуни иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда дорад. Маҳз самараи ваҳдат ва осоиштагии кишвар буд, ки тайи солҳои охир ба мо омӯзгорон муяссар гашт, воқеан, мутахассисони баркамоли ба бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазирро ба воя расонем. Мо умед дорем, ки шогирдони мо дар оянда тамоми донишу маҳорати худро баҳри ободиву шукуфоии Ватани азизамон дареғ намедоранд».
Гуфта шуд, ки солҳои таҳсили 2021 – 2022 Донишгоҳи миллиро аз рӯи се зинаи таҳсил – бакалавриат, мутахассис ва магистратура 5505 донишҷӯ хатм намуд. Аз ин шумора, 3786 донишҷӯи шуъбаи рӯзона, 971 донишҷӯи шакли таҳсили фосилавӣ, 214 таҳсилоти олии дуюм, 534 магистр ва тибқи Квотаи президентӣ бошад, 65 нафарро ташкил медиҳад.
Шаҳзода АШУРАЛИЕВА, таҷрибаомӯзи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6697