қарорҳои ҳукумат
Қарорҳои Ҳукумат ба тасвиб расиданд
11 майи соли 2010 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Абдураҳим Холиқов, ки то ин вақт мудири шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.
Мавлон Мухторов аз вазифаи муовини вазири фарҳанг озод ва ба вазифаи муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Саймуддин Мирзоев аз вазифаи муовини сардори сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии мамлакат озод гашт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2644