Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
ТАСС. Теъдоди қурбониён бар асари фуромадани ярч дар иёлати Манипури Ҳиндустон ба 42 нафар расид. Миёни ҳалокшудагон 27 низомӣ, муҳандисони роҳи оҳан, сохтмончиён ва чанд сокини маҳаллӣ низ мебошанд. 20 кас, аз ҷумла се низомӣ, дар феҳристи бедаракшудагон қарор дорад.
RT. Вазири мудофиаи Россия Сергей Шойгу зимни суҳбати телефонӣ бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо масоили амнияти минтақаро баррасӣ намуд.
ТАСС. Бино ба иттилои рӯзномаи The Daily Telegraph, эътирозгарон ба нишони норозигӣ ба болоравии қимати сӯзишворӣ дар шоҳроҳҳои бузурги Британияи Кабир ҳаракати нақлиётро бастанд.
Росбалт. Аз сабаби камбуди газ дар байни мамлакатҳои Аврупо метавонад «ҷанги тақсимот» ба амал ояд,- мегӯяд роҳбари Ҳизби оппозитсионии олмонии «Иттифоқи христианӣ-демократӣ» Фридрих Мерс.
ТАСС. Палатаи қонунгузори Олий Маҷлиси Ӯзбекистон дар ҷаласаи пленарии худ қарор қабул кард, ки муҳокимаи умумихалқии тағйироту иловаҳо ба конститутсияи мамлакат васеъ шуда, моддаҳои конуни асосӣ, ки мақоми Қарақалпоқистонро муайян мекунанд, бетағйир гузошта шаванд. Дар ин бора дафтари матбуоти Палата хабар дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3953