Хабарҳо
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар назар аст
Тоҷикистон ба густариши бештари муносибатҳо бо Арабистони Саудӣ, аз ҷумла таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ин нукта зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири фавқулода ва мухтори Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон зикр гардид.
«Механизми муҳими ҳамкорӣ байни кишварҳо Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ мебошад, ки нишасти навбатии он соли равон дар Душанбе дар назар аст ва умед дорем, ки ҷаласаи мазкур ба нафъи ҳар ду давлат хизмат менамояд. Ҳамзамон, соли 2022 баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар назар аст», - иброз намуд Раиси Маҷлиси намояндагон.
Мулоқот бо мудири кулли Агентии байналмилалии неруи атомӣ
Дар Вена, дар ҳошияи машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия, вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо мудири кулли Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) Рафаэл Гросси сурат гирифт.
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва АБНА матраҳ гардида, таваҷҷуҳи асосӣ ба раванди татбиқи лоиҳаҳои АБНА дар Тоҷикистон, омӯзиши коршиносони тоҷик, ширкати Тоҷикистон дар лоиҳаҳои минтақавии АБНА ва густариши ҳамкориҳои фаннӣ зоҳир шуд.
Иштироки вакилон дар иҷлосияи Ассамблеяи парлумонии САҲА
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода дар иҷлосияи 29-уми солонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки аз 2 то 6 июл дар шаҳри Бирмингеми Англия баргузор мегардад, иштирок доранд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар иҷлосия масъалаҳои сиёсӣ, башардӯстона, амнияти тамаркузшуда, барқарорсозии иқтисодиёт пас аз пандемияи коронавирус, муҳоҷират, вазъ дар Афғонистон, харидуфурӯши одамон дар иқтисоди ҷаҳонӣ, киберамният ва киберҷиноят, бехатарии ядроӣ ва манъи яроқи ядроӣ, ифлосшавӣ ва тағйирёбии иқлим, истиқлоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, озодии ВАО ва мубориза бар зидди маълумоти бардурӯғ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
9 июл – Иди саиди Қурбон
Шурои уламои Маркази исломӣ дар ҷаласаи навбатии худ дар бораи муайян кардани рӯзи Иди саиди Қурбон қарор қабул кард.
Гуфта мешавад, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳо рӯзи Иди саиди Қурбон дар кишвар ба рӯзи шанбе 9 июл рост меояд.
Тибқи қарори Шурои уламо, мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи шанбе – 9 июли сол таҷлил мегардад. Вақти баргузории намози ид соати 06:00 дақиқа муайян шудааст.
Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior – 2022» дар Душанбе
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior – 2022» аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Олимпиада то 7 июл идома меёбад.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илм, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зикр кард, ки Олимпиадаи мазкур ҳамоиши илмиву таҷрибавии маъруф ва озмудашудаи кӯдакону наврасони соҳибистеъдод ба шумор рафта, он бори аввал бо ташаббуси сарраёсати маорифи шаҳр тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар он 27 дастаи олимпии наврасон, 158 хонанда ва 28 мураббӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Беларус, Афғонистон, Туркманис-тон ва Россия иштирок менамоянд. Ҳамзамон, наврасони кишварҳои Озарбойҷон, Муғулистон, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Чин, Сурия ва Куба дар 20 даста, ки 134 нафарро ташкил медиҳанд, ба тариқи фосилавӣ ширкат хоҳанд варзид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5126