иҷтимоиёт
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ШИОР НЕ, АМАЛ АСТ. БАРДОШТ АЗ САФАРИ КОРВОНИ ИТТИЛООТӢ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Дар арафаи 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон корвони рӯзноманигорон аз нашрияҳои шаҳру навоҳии Суғду Бадахшон ва минтақаи Рашт ҷиҳати шиносоии наздик аз дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ дар сӣ соли охир ба вилояти Хатлон сафар кард.
БОЗДИД АЗ КАНГУРТУ БАЛҶУВОН
Ба куҷое, ки рафтем: чи ба як деҳот, хоҷагии деҳқонӣ, таълимгоҳ, корхона, осорхона ва ё марказҳои фарҳангӣ мардуми минтақа бо як самимияти тамому саршор аз меҳр, чеҳраҳои пурнуру кушод истиқболу пазироӣ дошта, ҳарфи муҳаббат аз ин марзу бум, замони осоишу шукри даврони соҳибистиқлолӣ мекарданд.
Зимни ташриф ба деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик дида мешуд, ки ин гӯшаи Ватани азизамон бо корхонаҳои саноатӣ: дӯзандагиву пойафзолбарорӣ як шаҳраки замонавиро мемонад. Имрӯз хурду бузурги деҳа аз Қасри фарҳанги басо замонавии бошукӯҳу муҳташам, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ифтихор мекунанд.
- Бори дигар эътимод пайдо кардем, ки сулҳу ваҳдати миллӣ ҷиҳати пешравии кишвар аҳамияти бузург дорад,- иброз дошт Зӯҳро Ҳакимзода, раиси Ҷамоати деҳоти Кангурт, - ҳамин ободии деҳу бунёди иншооти замонавии истеҳсоливу иҷтимоӣ низ маҳсули заҳмати коргарону мутахассисони навоҳии Суғду Хатлон мебошад.
Балҷувон диёри сарсабзу хуррам маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ боз мақоми ноҳияро соҳиб шуда, сол ба сол рушд меёбад. Бахтиёр Сафарзода, раиси ноҳия, бо меҳру муҳаббати самимӣ аз имрӯзу фардои шукуфони Балҷувон ба хабарнигорони мамлакат ҳарф мезад. Маърифат Зоирзода, собиқ раиси ноҳия, дар ҷараёни муаррифии иншооти маркази ноҳия гуфт, ки хосатан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо мардуми минтақа гуфта буданд, ки Балҷувон баъди танаффуси тулонӣ, ба шарофати соҳибистиқлолӣ мақоми ноҳия хоҳад гирифту рушд хоҳад кард ва инак, чунин ҳам ҳасту тараққӣ дорад.
ПАРДАБАРДОРӢ АЗ РӮЙИ НИМПАЙКАРАИ ЖУРНАЛИСТ САИДАТО МУҚИМОВ
Дар ноҳияи Ховалинги сарсабзу хуррам аҳли корвони иттилоотиро гулдухтарони чаканпӯш бо нону намак, рақсу сурудҳои дилошӯб пазироӣ карданд. Маҷидӣ Мӯҳтадӣ, раиси ноҳия, дар баробари истиқболи гарму самимӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳарф мезад. Сипас, дар гулгашти Ҷавонони маркази ноҳия бо ширкати фаъолони аҳли фарҳангу зиё маросими пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи ходими давлативу ҷамъиятӣ, аввалин муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Болшевики Ховалинг” Саидато Муқимов доир шуд, ки воқеан ҳам таърихиву хотирмон буд. Зеро бори нахуст дар таърихи журналистикаи тоҷик бо арҷгузорӣ ба журналист ва намояндаи он нимпайкара чун эҳтирому қадршиносӣ барои хизматҳояш гузошта мешавад.
Ховалинг дар мамлакат, пеш аз ҳама, бо мавзеъҳои афсонавию таърихӣ, зиёратгоҳҳояш машҳур аст. Аз ин рӯ, иштирокдорони корвони иттилоотӣ аз Дараи Мухтору Сарихосор, хона ва осорхонаи Восеи қаҳрамон, мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дидан карда, аз нақлҳои аҷоибу илмии мудири осорхонаи кишваршиносии ноҳия Амир Саиди Мункӣ баҳраманд шуданд.
МАҚБАРАИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ
Дар шаҳри Кӯлоби бостонӣ низ ҳайати рӯзноманигоронро руҳияи болида роҳбалад шуда, бо мизбонон дар суҳбату мулоқоти гарму самимӣ қарор мегирифтанд. Шиносоии наздик аз осорхонаи кишваромӯзии 2700-солагии Кӯлоб мароқангез буда, зиёда аз 16 ҳазор нигораву аёниятҳо аз таърихи басо ғаниву серпаҳлуи шаҳр, зинаҳои пасисаркардаи сокинони ин гӯшаи азизи Ватан нақл мекарданд.
- Осорхона бо нигораҳои бойи худ дар мамлакат ҳамто надошта, беҳтарин макони тарбияи ватанпарастиву кишваршиносист, - мегӯяд Рустамҷон Одизода, сармуҳаррири нашрияи “Навиди Истиқлол”-и шаҳри Истиқлол.
Сафаралӣ Бозорзода, директори телевизиони Кӯлоб, нақл кард, ки дар даврони басо мушкилу сангини солҳои навади асри XX кормандони телевизиони навташкилу камтаҷриба талош мекарданд, ки барномаҳо бо руҳияи ваҳдати миллӣ, дӯстӣ, якпорчагии кишвар таҳия шаванд. Имрӯз ба чунин ҳадаф расидем ва ин бахти мову шумост ва ин раванд бояд бебозгашт бошад. Бо зиёрати мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо қироати дуо аз Қуръони маҷид аҳли корвони иттилоотӣ ба самти ноҳияҳои Восеву Фархор ва шаҳрҳои Леваканту Бохтар раҳсипор гашт.
САЙРИ ЛЕВАКАНТУ БОХТАР
Шаҳри Левакант собиқ Калининободу Сарбанд дар даврони соҳибистиқлолӣ ба минтақаи бузурги саноатӣ мубаддал гаштааст. Бунафша Файзиддинзода, раиси шаҳр, бо ифтихору қаноатмандӣ оид ба вазъи кунунии рушди саноат ҳарф зада, иброз дошт, ки сокинон дар руҳияи ҳамдиливу ваҳдат ҷашнҳои 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI таърихии Шурои Олии Тоҷикистонро бо дастоварду армуғонҳои сазовор истиқбол мегиранд.
Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар, дар ҳамоиши “Шоми дӯстӣ” иброз дошт, ки дур нестанд он рӯзҳо, ки шаҳр ба яке аз марказҳои тиҷоратии рӯ ба рушди ҷумҳурӣ табдил меёбад. Вобаста ба талаботи рӯз бо тасмими соҳибкорони ватанию ҷалби сармояи хориҷӣ дар корхонаҳои шаҳр пешрафтатарин технологияи рақамӣ ворид гардида, саноат дар ҳамаи самтҳо дурнамои хуб дорад.
Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, дар маросими ҷамъбастии иқдоми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон иброз дошт, ки вилояти Хатлон чун дигар субъектҳои муҳими хоҷагидори мамлакат дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ марҳила ба марҳила пеш меравад ва дар ин ҷода ҳамкории зич бо васоити ахбори омма, ки чашму гӯши Ҳукумат аст, самар мебахшад ва дар ин ҷода боз ҳам ҳамкориҳои дуҷониба самар хоҳанд бахшид. Муҳимтар аз ҳама, бояд дар сар то сари мамлакат ҳамдилӣ, дӯстиву рафоқат ва ваҳдати миллӣ пойдор бошанд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.07.2022 №: 128 - 129 Мутолиа карданд: 719