logo

иҷтимоиёт

«БОЗГАШТ» ВА ИНЪИКОСИ МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГӢ ДАР ОН

 
Инсон аз қадим ҷиҳати беҳтар сохтани шароити зисту зиндагии хеш талош меварзад, фаъолияти ҷисмонию равонӣ намуда, матлаби хешро қонеъ мегардонад. Бинобар ин, аз тамоми бойигариҳои табиат, обу хок, маъданҳои зеризаминӣ, ҳайвоноту наботот ба нафъи хеш истифода менамояд. 
 
Аброр Зоҳир, нависандаи давраи истиқлол дар романи «Бозгашт»-и худ ҳаёти замон, фарҳангу тамаддун, расму оини миллӣ ва тағйирёбии иқлимро ҷомаи бадеӣ пӯшонда оид ба ин мушкилот муфассал навиштааст. Мисли, Шерзод, ки қаҳрамони асосии романи мазкур аст, муносибат ва манфиати инсонро аз гузаштаву ояндаи табиат ба мавқеъ дониста, зарару зиёни онро пайваста андешида, ба дигарон панд медиҳад. Хешро дар оғӯши табиати ҳамешабаҳор, боғу гулгаштҳо, чашмаҳои кӯҳсори ҳазорсолаҳо боқимонда мехоҳаду дурӣ аз харобиовариҳои табиат меҷӯяд. Ҳама гуна зебоиҳои кӯҳистонро бартар аз таҳаввулу рушди техникаву технологияи муосир, нафту газ медонад. Ривоҷи кашфиёту асбобҳои ҳозиразамонро сабаби маҳви зебоиҳои табиат, сарсабзии замин, кишту зироати хӯроквории мавҷудоти табиат мебинад. Чунки инсоният дар натиҷаи истифодаи зиёди сарватҳои табиат харобиҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Нависанда насли калонсоли як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистонро, ки ҳар як табаддулоту тағйироти табиатро бо донишу таҷрибаи бузургаш андешидаву ҳифзи арзишҳои миллатро дар ҷойи аввал меҳисобад, тасвири амиқу ҷолиб менамояд.
Ӯ дар баробари фоидаовар будани сохтмонҳои азими корхонаву роҳҳо боз паҳлуи зиёновари онро низ таҳаммул карда, чунин савол мегузорад: «Имрӯзу пагоҳ, заминҳои ҳосилхезро бо соруҷу санг пӯшонда, ба майдонҳои сохтмонӣ табдил медиҳанд. Дарахтонро мебуранд, парандагонро меронанд, чорворо аз чарогоҳҳо маҳрум мекунанд. Магар ин хуб аст?». 
Дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи зикрёфта диққати асосӣ дода шуда, заминҳои нокорамро ба киштзорону боғот табдил дода истодаанд. Албатта, самти кишоварзӣ ҳам экологияи сабзро ба вуҷуд оварда, ҳам иқтисодиёти кишварро ривоҷу равнақ мебахшад.
Яке аз ганҷҳои табиат ва неъмати фаровону ҳастии мавҷудоти зинда об мебошад. Обро «манбаи ҳаёт», «сарчашмаи ҳастӣ», «сарсабзии олам» ва ғайра васф намудаанд. Маданияти истифодаи об барои тамоми қишри ҷомеа хеле зарур аст, ки ин мавзуъ дар матни зерин дида мешавад: «Пирамард ба шилдироси об нигариста хомӯш монд. Фаридун ба об сангча ҳаво дода, туф- туф кард. Ин амали ӯ ба бобояш хуш наомад. 
- Ба об ҳаргиз чизе намепартоянд, туф ҳам намекунанд.
- Барои чӣ бобо?
- Об ифлос мешавад…
- Ифлос?
- Бале, ҷони бобо… Дар сарзамини мо об фаровон аст. Ҳарчанд солҳои охир он ҳам кам шудааст. Дар мамлакатҳои зиёд аз нарасидани об аҳолӣ азоб мекашанд». 
Имрӯз тақрибан аз чор се ҳиссаи мардуми ҷаҳон аз оби ошомиданӣ танқисӣ кашида, зиёни молию ҷонӣ дидаанд.
Рӯйдодҳои охири асри ХХ ва таҳаввулу пешрафти босуръати кайҳонӣ, ки сарфи қувваи кории одамонро кам намудааст, аз оқибатҳои нохушоянде дарак медиҳад. Нависанда ин масъаларо чунин ба миён меорад: «Зиндагиро, ки воситаҳои гуногуни сабукиро тақозо дорад, дигаргун карда намешавад. Волгасаворро зора бикун ба хар савор намешавад. Табиатро воситаҳои сабуккунандаи рӯзгор, автомобил, партовҳои корхонаҳои саноатӣ вайрон мекунанд». Имрӯзҳо коршиносону муҳаққиқон аз хавфи яроқу аслиҳаҳои ҷангӣ меандешанду чорае дида наметавонанд. Ҳатто мебинем, ки таркишу амалҳои террористӣ ва ҷалби онҳо ба воситаи шабакаҳои интернетӣ рӯзе садҳо кушта ба амал меорад: «Атому садҳо намуд яроқҳои қатли омро сохта, имрӯз боз худро инсондӯст, ҳомии қонун мешуморанд. Миллиардҳоро барои инкишофи иқтидори ҳарбӣ равона кардаанд. Чаро ягон чизе намесозанд, ки ҳам ба нафъи ҷомеа бошаду ҳам табиат?». Ҳамаи ин хавфу хатар ба экологияи атмосфера зарари ҷиддӣ расонда, дар пайи он сарсабзии замин маҳв шуда, бемориҳои зиёде ба вуҷуд меоянд. 
Ин мавзуъ боз дар матни дигар ба чашм мерасад: «Магар ҳамин одамоне, ки тавсифашонро ба осмон расондаед, дар сайёраи Замин дӯстона зиндагӣ доранд? Магар ҳамин одамоне, ки аз онҳо муносибати инсониро умедворед, барои қатли ҳамҷинси хеш воситаҳои нави одамкуширо ихтироъ накардааст? Бомбаи атомиву нейтронӣ ихтирои кист? Абарқудратон рӯз ба рӯз теъдоди яроқҳои ядроияшонро зиёд мекунанд. Аммо давлатҳоеро, ки баҳри ҳифозати марзу буми хеш чунин яроқро сохтан мехоҳанд, фишор медиҳанд. Чаро яроқҳои худро нест намекунанд? Чаро ба он ҷаҳд доранд, ки кишвареро ба тобеияти худ дароранд? Халқу миллатеро бо фишор махлут сохта, забонашонро барҳам зананд? Чаро?». 
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки вазъи ҳамаҷонибаи экологияи сайёра ба муҳити зиндагии мо таъсир расонда бошад ҳам, тадбирҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бартараф кардани он дар сатҳи хело хуб андешида мешавад. Дар баробари ин ҳама, маърифати баланди экологӣ лозим аст, ки стратегияи барномаҳои экологӣ амалӣ шаваду аз ҳама гуна хавфу хатар одамону муҳити зисти мавҷудот эмину солим умр ба сар баранд. Аз ҳамин ҷиҳат, мутолиаи фаровони осори бадеӣ, ки имрӯз зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат дорад, хеле муҳиму саривақтӣ маҳсуб мешавад. 
 
Салоҳиддин ТӮРАХОНОВ,
докторанти соли сеюми ДДБ 
ба номи Носири Хусрав
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2022    №: 128 - 129    Мутолиа карданд: 761
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед