logo

сиёсат

ТТЭ ҲНИ – ЛОИҲАИ НЕРУҲОИ МАНФИАТДОРИ ХОРИҶӢ

 
Таърихи дусадсолаи ахир собит кардааст, ки дар майдони бозиҳои геополитикӣ ҳар созмони сиёсии динӣ мавриди истифода ва суистифода қарор мегирад. Ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзати исломӣ низ ҳамчун лоиҳаи махсус аз тарафи баъзе қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ, ҳамчунин, созмонҳои манфиатдори байналмилалӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯз, мавриди истифода қарор гирифта ва мегирад. Масъалаи мавриди истифода ва суистифода қарор гирифтани насли ҷавони руҳониёни исломӣ ва дар қолаби созмони динию сиёсие ба номи ТТЭ ҲНИ ғунҷондани онҳо аз ҷониби муҷриёни тарҳҳои геополитикӣ ва хадамоти махсуси хориҷӣ, дақиқан аз охири солҳои ҳафтодуми садаи бистум ошкор мегардад. Албатта, пружаи исломи сиёсӣ ва татбиқи он дар манотиқи гуногуни Шарқи мусулмонӣ хеле пештар – аз асрҳои ҳаждаҳу нуздаҳ шуруъ шуда буд ва мавҷи он ба ҳавзаҳои фикрию сиёсии мо баъдтар интиқол ёфт. Чуноне ки медонем, ҳадафи ба майдон овардани неруҳои исломӣ ва дар як созмон гирд овардани онҳо танҳо роҳандозӣ кардани ноамнию бесуботӣ дар минтақаю кишварҳо аст. Ноамнию бесуботӣ фоҷиаҳои бузургро тавлид мекунанд, бадбахтӣ меоранд ва мардумро ба вартаи қашшоқӣ, марговар ва шикасти равонию фикрӣ мекашанд. 
Агар саҳифаҳои таърихи муосири ватаниро дар охири солҳои ҳаштод ва ибтидои навадуми асри гузашта варақгардон намоем, бидуни мушкил маълум мегардад, ки наҳзат (манзур ТТЭ ҲНИ аст), бо такя ба пуштувонаҳои хориҷӣ дар минтақа даргириҳоро доман зад ва сабабгори бурузи ҷанги шаҳрвандӣ ва фоҷиаи хашини миллӣ дар ҷумҳурӣ шуд. Албатта, ҷаҳолату таассуб ва хурофот, ки аз нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми садаи бист дар шакли тарғиботи пинҳонӣ ва минбаъд таблиғоти ошкорою густурдаи муҷриёни барномаи наҳзатӣ сурат гирифта буд, бофтаҳои иҷтимоӣ ва маърифатиро заиф сохта, табақаҳои гуногуни иҷтимоиро ба доми вопасгаройӣ ва суннатписандӣ тела дод ва саранҷом руҳияи миллӣ ба шикаст мувоҷеҳ гардид. Сохти конститутсионӣ аз байн бурда шуд. Ин буд, ки бо як шуъла алангаи оташи низоъу бадбиниҳо баланд гардида, марзу буми Меҳан якбора ба арсаи муноқиша ва низоъҳои хашин табдил ёфт. Муноқишоти бемаънӣ минбаъд ба даргириҳо ва, билохира, ба ҷанги шаҳрвандӣ бадал гаштанд. Дар натиҷаи даргириҳо, тибқи маълумоти гуногун, тақрибан саду панҷоҳ ҳазор нафар ҳалок гардид. Ҳафтяки қисми сокинони ҷумҳурӣ иҷборан тарки хонаю Ватан намуда, ба кишварҳои Афғонистону Покистон, Россия ва дигар мамлакатҳои ИДМ паноҳанда шуданд. ТТЭ ҲНИ ҳеҷ гоҳ ба манфиати миллату халқ кӯшиш накарда ва намекунад ва дар маҷмуъ, ягон созмони динӣ ва мазҳабӣ, ки даъвии сиёсӣ менамояд, ба халқ ва мардум вафодор нест. Баръакс, созмонҳои динӣ ба хотири комфорти сиёсию иҷтимоӣ халқ ва дини онро ҳамчун васила ва абзори расидан ба қудрат истифода карда ва мекунанд. Ин ҳақиқатест, ки дар адёни характери муташаккилидошта, минҷумла исломи сиёсӣ, ба мушоҳида мерасад. Бинобар ин, нозидани наҳзатиҳо аз як чунин созмони динӣ, ки ботинан бар мабнои қавонини шахшудаи исломӣ сохта шудааст, хандадор аст. 
Набояд аз ёд баровард, ки дар ҳаводиси даҳшатбори ибтидои солҳои навадум нақши созмони наҳзатӣ ва сардамдорони он «калидӣ» аст. Маҳз он гурӯҳи ҷаҳолатписанд ҷомеаи тоҷикро ба бозии маргбор кашид ва бо суиистифода аз дин ва эҳсосоти мазҳабии мардум балои ҷонгудозеро сари ҷомеа овард, ки онро ба ҷуз фоҷиаи миллию мардумӣ чизи дигаре наметавон гуфт. Бо баҳонаи “ҳимоят аз дин” ва суиистифода аз зеҳниёти содаи ҷомеаи суннатӣ ходимони ифротии наҳзатӣ рӯйи мардум таъсир гузоштанд. Саранҷом таблиғоти ифротгароёнаи наҳзатӣ дар охири асри бист ҷомеаи тоҷикро ба дарди беҳувиятӣ мубтало карда, боиси сардаргумӣ ва бесуботӣ дар кишвар гардид ва барои чандин соли дигар мамлакати моро ба қафо бурд.
Мо медонем, ки ТТЭ ҲНИ ҳамеша аз фош шудани гуноҳҳои худ дар қазияи ҷанги шаҳрвандӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯз сахт ҳарос дорад, чаро ки ҳар нафар аз насли миёнсол ва солманди солимфикр ва огоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзараи замони бебандубори ибтидои соли 90-уми садаи бистро, ки бо «ибтикор»-и муллоҳои наҳзатманиш рӯйи кор омада буд, хуб дар хотир дорад: даъвиҳои ба истилоҳ, муллоҳо, мазҳабиёни хурофотӣ, мутаассиб ва демократмаобони вақт, ки дар масҷидҳо алайҳи режими коммунистӣ (ва дар асл, алайҳи низоми дунявӣ, ки меъёри усулии системаи давлатдории имрӯзаи миллӣ маҳсуб меёбад) муборизаи ҳадафмандонаи сиёсӣ мебурданд, ба ҳама маълум буду ҳаст ва ҳар кӣ имрӯз дар бораи рабт надоштани наҳзат ба ҷанги шаҳрвандӣ даъвӣ пеш меоварад, рӯйирост дурӯғ мегӯяд ва умри найранги низоми руҳониятсолории наҳзатиро дароз мекунад. То имрӯз аз забони саркардагони наҳзатӣ ягон маротиба ҳарфи дар ҳаводиси солҳои навадум гунаҳгор будан ва ба бадбахтӣ расондани мардуми тоҷик садо надодааст. Баръакс, аксарияти онҳо даъво мекунанд, ки гӯё дар ҷанги шаҳрвандӣ наҳзат гунаҳгор нест ва танҳо неруҳои беруна миллат ва ҷомеаро ба ҷангу даргирӣ таҳрик додаанд. 
Аз ҷониби доираҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии ғарбӣ додани минбари сиёсӣ ва таблиғӣ ба ашхосе, ки дар радаи терроризм ва экстремизми динӣ-мазҳабӣ қарор гирифта, пинҳонӣ алайҳи низоми дунявӣ мубориза мебаранд, ростӣ, боиси нанги низоми демократӣ аст. Дидаю дониста фоҷиаи миллию мардумиеро, ки тавассути пружаи наҳзат дар ибтидои солҳои навад дар ҷумҳурӣ тарҳрезӣ гардид, напазируфтани сиёсиёни аврупоӣ ва нодида гирифтани ҷиноёти тоифаи ифротии наҳзатӣ (ва онҳоро зиндонии сиёсӣ унвон додан), умедро ба ояндаи демократия ва мардумсолории Аврупо зери суол мебарад. Баъзе доираҳои манфиатдор дар Аврупо имрӯз, бо он ки аз пешинаю имрӯзаи ТТЭ ҲНИ огаҳанд, иловатан, далел металабанд ва бо ин “ибтикор”-и сиёсӣ ва ҳуқуқӣ умри риёкорию фитнаангезии раҳбарияти наҳзатиро дароз мекунанд. Чун ҳадаф доранд ва тавассути бозӣ дорондани наҳзат ва раҳбарияти наҳзатӣ манофеи худро дар минтақа пайгирӣ менамоянд ва механизмҳои сиёсаташонро, ки дақиқан барои манфиати миллат ва мардуми Тоҷикистон нест, ба гардиш медароранд. Одатан, факту арқом аз фоҷиаи миллию мардумӣ, ки дар имтидоди ҷанги шаҳрвандӣ иттифоқ афтодааст, ба мо аз тариқи пажӯҳишҳои коршиносони аврупоие, ки ҷанги шаҳрвандиро омӯхтаанд, маълум гардидаанд. Бовар дорем, ки муҳаққиқони аврупоие, ки дар заминаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таҳқиқот анҷом додаанд, далелҳои зиёди даст доштани наҳзатро дар фоҷиаи миллӣ (солҳои 1992-1997) ҷамъоварӣ намудаанд ва исломи сиёсиро ба унвони ташкилаи сиёсӣ-мазҳабӣ хеле хуб омӯхта ва медонанд. Мутаассифона, як идда аз бехабарон дар банди хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ гирифтор шуда, бар асоси эҳсосоти мазҳабӣ (на тафаккури мантиқӣ) дар таҳлилу таҳқиқи ҳаводиси ибтидои солҳои навадуми асри бист қазоват мекунанд.
Як нуктаро бояд хотирнишон кард, ки дар қиёс бо дигар созмонҳои террористии динӣ-мазҳабӣ, ки ҳадафи тамомиятхоҳиро рӯйирост дунбол мекунанд, ТТЭ ҲНИ роҳи дигари муборизаро пайгирӣ менамояд. Ин роҳ бар асоси рӯпӯш намудани аҳдофи пуштипардагии наҳзатӣ пиёда мешавад. Саркардаи наҳзатӣ, зоҳиран бар тан либоси аврупоӣ дорад, истилоҳоти маъмулу гулзанандаи либерализм, демократия, парламентаризм ва амсоли инҳоро дар нутқу суханрониҳояш васеъ истифода мебарад, миёни баъзе созмонҳои байналмилалӣ чеҳранамоӣ карда, ба ин васила, дар ҷомеаи маданӣ ва сиёсии ғарбӣ барои худ ва ҳизби султахоҳаш имиҷи сиёсӣ дуруст мекунад. Аммо ҷомеаи маданӣ ва фаъолони сиёсии аврупоӣ, махсусан коршиносони исломи сиёсии ғарбӣ, чи навъ пружа будан ва чи аҳдоферо дунбол кардани наҳзатро хуб медонанд. Аз тарафи дигар, барои табақоти иҷтимоии аврупоӣ ва ғарбӣ вуҷуд ва ҳузури раҳбарияти наҳзатӣ дар муколама ва гуфтугӯҳои сиёсӣ, аслан аҳамият надорад. Аз ин ҷост, ки саркардагони пружаи наҳзатӣ ва доираҳои манфиатхоҳи аврупоӣ танҳо барои худ мизи гирд, семинар - машварат, конфронсу нишастҳо доир менамоянд ва миёни ҳам радубадал мекунанд. Садои онҳоро танҳо гурӯҳҳои манфиатдор мешунаванду халос. Бинобар ин, созмони ифротии наҳзатӣ пружаи сиёсии хориҷиест, ки зидди давлат ва миллати тоҷик равона шудааст. Муҳимтар аз ҳама, ҳарфи наҳзатӣ ҳарфи Меҳан, ҳарфи ҷомеа, ҳарфи халқ ва ҳарфи миллат набуду нест. 
Бояд зикр кард, ки ба ном ташкилаи “Паймони миллӣ”, ки дар асл, ҳамон наҳзат мебошад, ба хотири идома додани аъмоли зишту нописанди наҳзатиён ва доираҳои ба он наздик дар хориҷи кишвар таъсис ёфтааст ва баъзе хадамоти иттилоотӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ин ташкилаи зиддидавлатиро сармоягузорӣ ва пуштибонӣ карда, аз ин тариқ манофеи худро дунбол мекунанд. Аз ин лиҳоз, шиорпароканӣ, ҳангомасозӣ ва иғвогариҳое, ки аз тариқи сомона, пойгоҳҳо ва расонаҳои иттилоотию таҳлилии наҳзатӣ пахшу нашр мешаванд, бар зарар ва зидди манфиати миллат ва халқи тоҷиканд.
Имрӯз исбот шудааст, ки ТТЭ ҲНИ то ҳанӯз аз роҳи терроризму хушунат барнагаштааст. Қаноти ҷангии ин ташкилоти зиддимиллӣ бо номи «Ансоруллоҳ» дар ҳудуди Афғонистон ҳамчун як созмони террористӣ амал дорад. Хулоса, ТТЭ ҲНИ дар баробари лоиҳаи махсуси неруҳои манфиатдори хориҷӣ будан, як ҷузъи терроризми байналмилалӣ низ мебошад, ки на танҳо ба амнияти Тоҷикистон, балки ба амнияти тамоми минтақа хатар дорад.
 
А. РАҲМОНЗОДА, номзади илмҳои сиёсӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2022    №: 128 - 129    Мутолиа карданд: 992
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед