logo

маориф

“ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ”. Даври ниҳоии даъвати 21-уми Озмуни байналмилалӣ миёни донишҷӯёни Тоҷикистон ҷамъбаст гардид

 
Чанде пеш дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии даъвати 21-уми Озмуни байналмилалии "Пули забони чинӣ" миёни донишҷӯёни Тоҷикистон, ки аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон, Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бо сарпарастии ҶДММ «Хуавей технологияҳои Тоҷикистон» баргузор шуд, бомуваффақият ҷамъбаст гардид.
Пас аз даври интихобӣ 8 иштирокчӣ аз ду Донишкадаи Конфутсий, воқеъ дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон, барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ байни ҳам қувва озмуданд. Дар натиҷа, Шаҳдод Атобуллоев, донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода донишу маҳорати хуб нишон дода, ғолибиятро ба даст овард. 
Дар он сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Мастура Валиева, директорони Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз тарафи Тоҷикистон ва Чин Фаррух Қосимов ва Лю Ҷиенвей, мудири омили ҶДММ «Хуавей технологияҳои Тоҷикистон» Ма Тиан, устодону роҳбарони дигар донишгоҳу донишкадаҳо ширкат варзиданд. 
Зимни суханронии худ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ҳамаи иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, ба устодони Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳ барои рушди муносибатҳои дӯстонаи Чину Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Ҳамчунин, зикр гардид, ки аз замони сар задани пандемияи COVID-19 Чин ва Тоҷикистон ба ҳамдигар кумак намуда, бар зидди он якҷоя мубориза мебаранд, ки ба ҳадафи асосии муносибатҳои дуҷониба таҳти унвони "Як ҷаҳон, як оила" пурра мувофиқат мекунад. Дар охир Қ. Хушвахтзода ба иштирокчиёни Озмун муваффақият орзу намуд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Ҷи Шумин дар суханронии ифтитоҳии худ зикр намуд, ки "Пули забони чинӣ" ба як платформаи муҳими табодули фарҳангӣ ва омӯзиши мутақобилан судманд байни Чин ва дигар кишварҳои ҷаҳон табдил ёфтааст. “Тайи солҳои охир ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи стратегии Чин ва Тоҷикистон ба таври солим ва устувор густариш ёфта, шавқу рағбати ҷавонони тоҷик ба омӯзиши забони чинӣ меафзояд. Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон бештар аз он ҷавонони тоҷике истиқбол мекунад, ки аз забони чинӣ ҳамчун “калиди тиллоӣ” истифода мебаранд, то дари Чин ва тамаддуни онро боз намоянд. Мо ҳамеша барои расондани кумак дар омӯзиши забони чинӣ омодаем”, - гуфт сафир. 
Сафир, ҳамчунин, баён дошт, ки Озмуни "Пули забони чинӣ" ба ҳунарнамоии гурӯҳи толибилмон таассуроти амиқ гузоштааст ва имрӯз намоиши аҷиби гурӯҳи донишҷӯёнро бесаброна интизор аст. Дар охир сафир ба ҳамаи иштирокчиён натиҷаҳои хуб таманно намуд.
Мудири ҶДММ «Хуавей технологияҳои Тоҷикистон» Ма Тиан дар суханронии худ зикр кард, ки ширкати “Хуавей” дар солҳои охир шоҳиди он шудааст, ки гурӯҳе аз донишҷӯёни болаёқат тавассути ширкат ва ғолибият дар Озмуни "Пули забони чинӣ" ба сатҳи нави зиндагӣ расиданд. Намояндаи ширкати “Хуавей” иброз дошт, ки дар оянда низ Озмуни "Пули забони чинӣ"-ро дастгирӣ мекунад ва дар дӯстии Чину Тоҷикистон саҳми босазо хоҳад гузошт. 
Директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Мастура Валиева зикр кард, ки ин Озмуни байналмилалӣ барои ҷавонони кишварҳо ва минтақаҳои гуногун замина фароҳам меорад, то сабки чинии гӯиши худро нишон диҳанд ва фаҳмиши донишҷӯён дар бораи забони чиниро баланд бардорад. “Дар ин Озмун ҳар сол толибилмон ва донишҷӯёни Точикистон иштирок мекунанд, новобаста аз он ки натиҷаи он чӣ гуна аст, мо аз донишҷӯёни меҳнатдӯсти худ фахр мекунем”, - гуфт М. Валиева.
Тамоми раванди Озмун чун як бозии шавқовар ва судманд ташкил шудааст. Ҳар даври он ба таври алоҳида ҷамъбаст гардида, ғолибон пас аз ҷамъбасти холҳо ба даври дигар гузаронда мешаванд. Даврҳо ба таври зерин тақсимбандӣ шудаанд: "Намоиши комил" - қироати маъруза ва намоиши истеъдод; "Ҳозирҷавобӣ" - саволу ҷавобҳои зуд оид ба таърих ва фарҳанги Чин; "Ба расмҳо нигариста гап задан" - суханронӣ аз рӯйи расмҳо, "Мусобиқа байни ду нафар" - санҷиши дониш ва ҷаҳонбинӣ. 
Ҳашт иштирокчӣ тавассути қироати маъруза дар мавзуи "Як ҷаҳон, як оила" дар ҷаласаи аввал аз таҷрибаи худ дар бораи омӯзиши забони чинӣ нақл карданд ва меҳри худро ба забони чинӣ иброз дошта, аз орзуҳои худ бо эҳсосоти самимӣ нақл карданд. Намоиши истеъдодҳо боз ҳам олиҷаноб буд. Донишҷӯёни тоҷик таронаҳои чиниро бо овози хуш сароида, рақсҳои нафиси хешро пешкаши тамошогарон намуданду қироати ифоданоки худро бо эҳсосоти ширин тавъам сохтанд. Баёни андешаҳои довталабон оид ба каллиграфия боиси кафкӯбӣ гардид. 
Қисмати дуюм, ки «Ҳозирҷавобӣ» ном дошт, асосан, маҳорати иштирокчиён аз забони чинӣ ва донистани таъриху фарҳанги миллии Чинро баррасӣ мекунад. Рақибон вақтро ғанимат дониста, ҳар кадоме кӯшиш мекарданд, ки зудтару хубтар ба саволҳо ҷавоб бидиҳанд. Аз посухҳои аҷиби онҳо тамошогарон ба ҳаяҷон меомаданд. Ҳозирҷавобии якдақиқаина на танҳо санҷиши дониши иштирокчиён, балки мушкилоти равонии иштирокчиёнро низ таҳти озмоиш қарор медод. Иштирокчиён бо қатъият ва дилпурона ҷавоб медоданд, ки ин боиси кафкӯбиҳои пурмавҷи мухлисонашон гардид.
Қисмати сеюм «Ба расм нигариста гап задан» буд. “Ба расмҳо нигаред ва як расмро интихоб намуда, оид ба ин расм фикри худро баён кунед. Ба ҳар иштирокчӣ як дақиқа вақт дода мешавад. Дар ин як дақиқа, шумо бояд дар атрофи расмҳо сухан гӯед, на танҳо қобилияти мушоҳида ва қобилияти тафаккури мантиқии иштирокчиён, балки барои санҷиши истифодаи ҳамаҷонибаи забони чинӣ санҷида мешавед”, - эълон дошт ровӣ. Иштирокчиён ба ташвиш омаданд, аммо худро гум накарданд, саросема нашуданд, андешаи худро хуб ва бо суханони зебо баён намуданд.
Қисмати ҷолибтарин ин қисми чорум - "Саволу ҷавоб байни ду нафар" мебошад, ки мусобиқаи миёни ҷойи якуму дуюм ва шакли дониши чиниро оғоз мекунад. Муқаррар кардани холҳо барои ҷавоби дуруст холҳоро зиёд карда, барои ҷавоби нодуруст хол кам мешавад. Дар ин бахш барои иштирокчиён далериву шуҷоат, бахт ва қобилият зарур аст. Дар охир намояндаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода - Шаҳдод Атобуллоев ғолиби Озмун гардид.
Доварони Озмун аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа интихоб гардиданд. Ба ҳайати он муовини сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Иттиҳодияи “Тоҷикаэронавигатсия” Раҳмон Урозӣ, сардори шуъбаи тиҷоратии ҶДММ «Хуавей технологияҳои Тоҷикистон» Ли Ян, намояндаи Корпоратсияи Чин оид ба сохтмони роҳ ва кӯпрукҳо, роҳбари шуъбаи робитаҳои беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Давлатбекова, устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Ли Я ва Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сун Жонгвей шомил гардиданд. 
Пас аз Озмун устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ - Ли Я, Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - Сун Жонгвей, сардори шуъбаи тиҷоратии ҶДММ «Хуавей технологияҳои Тоҷикистон» - Ли Ян, намояндаи Корпоратсияи чинӣ оид ба сохтмони роҳ ва кӯпрукҳо, роҳбари шуъбаи робитаи беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Давлатбекова, муовини сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии “Тоҷикаэронавигатсия” Урозӣ Раҳмон дар бораи дониш, малака ва маҳорати иштирокчиёни Озмун изҳори назар карданд. Доварон гуфтанд, ки Озмун ба як ҳамоиши фарҳангӣ табдил ёфта, ҳунарнамоии иштирокчиёни он аҷиб буд. Аз посухҳои онҳо метавон дар бораи орзуҳои наҷиби ҷавонони тоҷик ҷиҳати дарку фаҳми оламу одам ва неруи бузурги дӯстии Чину Тоҷикистонро мушоҳида кардан мумкин аст.
Пас аз баргузории озмунҳо Сабзон Ғарибмамадова аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барандаи ҷоизаи “Беҳтарин маъруфият”, Орифҷон Сафаров аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода барандаи ҷоизаи “Беҳтарин суханвар”, Зарнигор Мирзобобоева аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров барандаи ҷоизаи “Беҳтарин услуб”, Анзурат Раҳмуддинзода аз Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон барандаи ҷоизаи “Беҳтарин қобилият” гардиданд. Азизҷон Қодиров аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Шуҳрат Очилдиев аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи сеюм, Рухшона Мамадҷонова аз Донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон соҳиби ҷойи дуюм ва Шаҳдод Атобуллоев аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода соҳиби ҷойи якум гардиданд.
Илова бар ин, дар даври аввал Донишкадаи Конфутсийи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сабтҳои ҳашт иштирокчии беҳтаринро дар платформаҳои расмии хеш дар Инстаграм ва Тик - Ток ба намоиш гузошт. Тавассути овоздиҳӣ дар сайт, аз рӯйи натиҷаҳои овоздиҳӣ донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон Азизҷон Қодиров, Орифҷон Сафаров ва донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саидшоҳиддин Азизов соҳиби ҷоизаи "Маъруфияти беҳтарин дар сайт" гардиданд.
Пас аз супурдани ҷоизаҳо директори Донишкадаи Конфутсийи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз тарафи Тоҷикистон Фаррух Қосимов сухани ҷамъбастӣ намуда, нахуст ба Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ва дигар ташкилкунандаи ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба ҳама барои меҳнати софдилонаашон изҳори сипос намуд. Омӯзгороне, ки бо сабру тоқат дарс доданд ва заҳмат кашиданд, миннатдории худро баён намуда, баъдан ҳамаи иштирокчиёнро табрик гуфта, зикр намуданд, ки фаъолияти Донишкадаи Конфутсий ба табодули ҳамкориҳо байни Чину Тоҷикистон ба дар соҳаи маорифу фарҳанг ва ҳамкориҳои ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Дӯстии халқҳо бар меҳру муҳаббати мардуми як кишвар ба халқи кишвари дигар аст. Он, беш ва, пеш аз ҳама, ба муоширати байниҳамдигарӣ ниёз дорад. Муоширати байни мардумони кишварҳои Тоҷикистон ва Чинро Озмуни "Пули забони чинӣ" боз ҳам равнақу ривоҷ дода, он равзанаи дигареро дар дарку фаҳми таъриху фарҳанги Чин во намуда, пулеро миёни донишандӯзони ду кишвар барқарор месозад. Умед дорем, ки ин олимпиадаи чинӣ ба ҷавонони тоҷик имкон медиҳад, ки Чинро беҳтар дарк кунанд, ҷаззобияти омезиши фарҳангҳои Чин ва хориҷиро эҳсос намоянд ва дар раванди равобити мутақобилаи фарҳангӣ миёни кишварҳоямон саҳм бигиранд.
 
Донишкадаи Конфутсийи назди 
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2022    №: 128 - 129    Мутолиа карданд: 2829
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед