logo

иҷтимоиёт

РӮШОН. ТЕЪДОДИ ФАЪОЛЗАНОН РӮ БА АФЗОИШ ДОРАД

 
Паёми имсолаи Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа вазифаҳои нав ба миён гузошта, баҳри таъмини иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат, бахусус дар  мақомоти роҳбарикунанда, нақши бузург бозид. Имрӯз дар сохторҳои давлатӣ, идораву муассисаҳо шумораи занон зиёд гардида, фаъолияти онҳо дар вазифаҳои гуногун назаррас арзёбӣ мегардад.
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз 80 нафар хизматчии давлатӣ 32 нафарашон бонувон буда, онҳо дар пешбурди сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат саҳми босазо  гузошта истодаанд.
Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик пайваста  фестивалу намоишҳо ва дигар чорабиниҳоро роҳандозӣ менамояд. Дар доираи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва ҳунарҳои мардумӣ як зумра озмунҳо байни бонувон, аз қабили «Ҷилваи рангҳо», «Чакомаи гесу», «Нон шудам, шоис-таи ҳар хон шудам», «Кадбонуи беҳтарин» ва «Шириниҳои (десерти) миллӣ ва муосир» доир мегарданд, ки на танҳо дар эҳёи фарҳангу ҳунарҳои миллӣ саҳми босазо мегузоранд, балки барои  тарбияи ҷавонон дар руҳияи арҷгузорӣ ба урфу одатҳои неки ниёгон, ҳувияти миллӣ чун омил хизмати босазо ба ҷо меоранд. Аз ҷумла, дар доираи чорабиниҳо ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар 7 сентябри соли 2021 дар маркази ноҳия роҳпаймоии ҳарбӣ гузаронда шуд, ки дар он зиёда аз 200 нафар занону бонувони фаъол ширкат варзида, барномаи хотирмони фарҳангӣ идомабахши он гардид.  
Ташкили гранти президентӣ барои бонувон ҷиҳати рушди соҳибкорӣ байни занон омили хубе гардид. Солҳои охир бо дарёфти грантҳои президентӣ тиҷорат ва соҳибкорӣ, ташкили коргоҳҳои гуногунсамт аз тарафи занон хеле вусъат ёфт. Барои иштирок дар озмуни гирандагони гранти президентӣ соли гузашта аз тарафи бахши ноҳиявӣ  ба  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 лоиҳаи беҳтарин, аз ҷумла барои ташкили қаҳвахонаи этнографӣ ва таомҳои миллӣ, корхонаи коркарди мева, бунёди боғ ва занбӯриасалпарварӣ пешкаш гардид. Аз байни лоиҳаҳои пешниҳодшуда барномаи Сарадбегим Дӯстова, ки таъсиси коргоҳи коркарди меваро тарҳрезӣ намуда буд, дастгирӣ ёфт. То соли 2021 аз ноҳия 9 нафар зан дар самти мурғпарварӣ, дӯзандагӣ,  қолинбофӣ, таъсиси коргоҳи хурди маҳсулоти ширӣ, меҳмонхона ва корхонаи коркарди меваи хушк соҳиби гранти президентӣ гардиданд. 
Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна ва фароҳам овардани фазои мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ аз тарафи Филиали бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Рӯшон ба 132 нафар зан барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, тиҷорат ва кор дар бахшҳои  кишоварзӣ  2682800 сомонӣ қарзи имтиёзнок  дода шуд.
Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ кӯшиш менамояд, ки нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору пайкори худ қарор дода, иштироки фаъолонаи занону ҷавондухтарони ноҳияро дар чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ боз ҳам гус-тариш бахшад. 
    
Марзия НАЗАРХУДОЕВА, 
мудири бахши кор бо занон ва оилаи 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2022    №: 128 - 129    Мутолиа карданд: 612
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед